Ҳизби сусиёл-демукрот таҳрими интихоботро лағв кард
Image copyrightBBC World ServiceМасъулони Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ) гуфтанд, дар тасмими худ мабнӣ бар таҳрими интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонӣ таҷдиди назар кардаанд.
Шокирҷон Ҳакимов, муъовини раиси ин ҳизб, рӯзи ҷумъаи 30 январ ба Би-би-сӣ гуфт, ин тасмим дар пайи пайдо шудани мушкилу мавонеъ дар роҳи пешбарӣ ва сабти номи намояндагони ҲСДТ дар ҳавзаҳои якмандатӣ иттихоз шудааст.
Ба гуфтаи оқои Ҳакимов, Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ, дар заминаи лағви таҳрим ба Кумисиюни Марказии Интихобот ва Ҳамапурсӣ (КМИҲ) номаи расмӣ ирсол кардааст.
Зимнан, рӯзи 20 январи соли ҷорӣ оқои Зойиров зимни як баёния аз КМИҲ ва Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон хост, то дар муддати 10 рӯз қазияи зиндонӣ шудани Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи саршинос ва узви ҲСДТ-ро, ки ба муддати 9 сол равонаи зиндон шудааст, расидагӣ кунанд.
Ӯ ҳушдор дод, дар ғайри ин сурат Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон дар анҷумани худ интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷолиси маҳаллиро, ки қарор аст дар рӯзи 1 марти соли ҷорӣ баргузор шавад, таҳрим хоҳад кард.
Раҳбари ҲСДТ таъкид карда буд, ки ин таҳрим ба феҳристи номзадҳои ин ҳизб марбут буда ва ба номзадҳо дар ҳавзаҳои якмандатӣ рабте надорад.
Бо ин вуҷуд, ба дунболи таҳдиди таҳрими интихобот дар сабти номи намояндагони ин ҳизб дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот мушкил пеш омадааст.
Кумисиюни Марказии Интихобот ва Ҳамапурсии Тоҷикистон ба ниҳодҳои худ тавсия додааст, то замони рӯшан шудани мавзеъи ҲСДТ дар қиболи ширкат дар интихобот аз сабти номи намояндагони ин ҳизб худдорӣ кунанд.
Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ба ин далел ҳавзаи интихоботии шумораи 19-и шаҳри Конибодом, дар шимоли Тоҷикистон аз сабти номи ӯ ба унвони номзади интихоботи порлумонӣ имтиноъ ҷустааст.
Ин дар ҳолест, ки оқои Ҳакимов на аз ҲСДТ, балки ба ҳайси номзади мустақил пешбарӣ шуда ва 3,5 ҳазори имзои сокинони шаҳри Конибодом ба тарафдории ӯ ҷамъоварӣ шудааст.
Шокирҷон Ҳакимов ибрози умедворӣ кард, дар пайи лағви таҳрими интихоботи порлумонӣ аз сӯйи Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон мушкилу мавонеъ дар роҳи сабти номи намояндагони ин ҳизб дар ҳавзаҳои якмандатӣ рафъ шавад.
Барои бори сеюм аст, оқои Ҳакимов дар ҳавзаи интихоботии шаҳри Конибодом дар интихоботҳои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба унвони номзад ширкат карда ва ноком мешавад.
Аз ҷумла, дар интихоботи порлумонии соли 2010 бо Насрулло Маҳмудов, додситони пешини шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон рақобат карда, аммо пирӯз нашуд.
Он замон оқои Ҳакимов иллати нокомии худ дар корзори интихоботиро ба мавориди фаровони тахаллуф ва ношаффофу ғайридемукротӣ баргузор шудани интихобот марбут хонда буд.
Зимнан, нозирони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, нозирони Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо низ интихоботҳо дар Тоҷикистонро мукарраран “ғайришаффоф ва ғайридемукротик” арзёбӣ кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Ҳамсуд аз интихоботҳои Тоҷикистон ситоиш карда ва иброз доштанд, дар интихоботҳо мавориди тахаллуф ё нақзи қонуни интихобот сабт нашудааст.
