Идомаи пешниҳоди номзадҳои аҳзоби сиёсӣ ба интихоботи порлумонӣ

  • 9 Январ, 2015
Сандуқи раъйImage copyrightBBC World Service
Image caption Дар Тоҷикистон аҳзоби сиёсӣ машғули пешниҳоди номзадҳо барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ ҳастанд

Намояндагони Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон аз ду ноҳияи вилояти Хатлон, Тоҳир Ҷобирзодро барои ширкат дар интихоботи порлумонии моҳи марти соли ҷорӣ номзад карданд.

Тибқи иттилоъи торнамои ин ҳизб, ки рӯзи ҷумъаи 9 январ пахш шуда ин тасмими аъзои ҲХДТ дар кунфароси муштараки онҳо дар ноҳияи Бохтар иттихоз гирифта шудааст. Дар ин ҳамоиш аъзои ҳизби ҳоким аз ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон низ ширкат доштаанд.

Тоҳир Ҷобирзода дар ҳоли ҳозир муъовинати раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистонро бар уҳда дошта ва зодаи вилояти Хатлон мебошад. Исми оқои Ҷобирзода дар тобистони соли 2014 баъд аз воқеъаи сонеҳаи писари 18-солааш расонаӣ шуда буд.

Он замон Хисрав Ҷобиров бо худрави худ ба ду худрав, ки мошинҳои хидматии сафорати Русия дар Тоҷикистон буданд, бархӯрд кард ва аз ҷойи воқеъа фирор карда буд.

Тибқи иттилоъи дигари торнамои ҳизби ҳоким, имрӯз дар ҳамоиши “Созандагони Ватан”, ки созмони аъзоёни ҷавони ин ҳизб аст, Исфандиёр Абдураҳмонов, раиси ҷадиди ин созмон баргузида шуд. Қаблан ин созмонро Адҳам Маъмурзода раҳбарӣ мекард.

Дар ҳамин ҳол масъулони Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, танҳо ҳизби мазҳабӣ дар минтақа низ аз пешниҳоди Зарафо Раҳмонӣ, узви фаъъоли ин ҳизб барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ эълом кардаанд.

Хонум Раҳмонӣ, аз феҳристи ин ҳизб аз ноҳияи Фидавсии шаҳри Душанбе барои номзадӣ пешниҳод шуда ва барои бори сеюм ба муборизоти интихоботӣ хоҳад пардохт.

Дар интихоботи порлумонии соли 2005 ва 2010 хонум Раҳмонӣ ба сабаби шумори нокофии орои раъйдиҳандагон натавонист вориди порлумон шавад.

Дар интихоботи ахири порлумонӣ дар соли 2010 танҳо ду нафар аз ин ҳизб бо дарёфти ҳудуди ҳашт дарсади раъйи мардум ворид порлумон шуда буданд.

Ҳарчанд он замон раҳбарони ҲНИТ ва баъзе аз нозирони интихоботӣ иддаъо мекарданд, ки ҳизби наҳзати исломӣ дастикам 30 дарсади ороро ба худ ихтисос дода буд.

Дар порлумони феъли беш аз 90 дарсади курсиҳоро намояндагони Ҳизби халқӣ-демукроти Тоҷикистон, ҳизби ҳокими ин кишвар касб кардаанд.

Матолиби муртабит