Нигаронии бархе аҳзоб аз фишорҳо дар остонаи интихоботи порлумонии Тоҷикистон

  • 11 Декабр, 2014
Мизи гирди интихоботӣImage copyrightBBC World Service
Image caption Намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон аз масъулони зидахли давлатӣ даъват карданд, ки ба фишорҳо бар аҳзоби мухолиф поён диҳанд

Намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар ҳамоише аз масъулони зидахли давлатӣ хостанд, ки ба таъқибу фишор алайҳи аъзо ва тарафдорони ин аҳзоб ҳадди ақал дар давраи муборизоти интихоботӣ хотима диҳанд.

Ҳамчунин, дар ҳамоиши аъзои Кумисиюни марказии интихобот (КМИҲ) бо намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ки рӯзи панҷшанбеи 11 декабр дар дафтари ин кумисиюн доир шуд, як намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ, аз аҳзоби умдаи мухолиф, хостори он шуд, ки пахши барномаҳои тавтеаомез алайҳи бархе аз аъзои ин ҳизб дар расонаҳои давлатӣ мутаваққиф шавад.

Аммо намояндаи риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин нишаст дар посух ба ин даъват гуфт, ки дар тӯли фаъъолияти худ боре шоҳиди дахолати масъулони давлатӣ дар кори расонаҳо нашудааст.

'Кӯшиши боздошти' Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони маъруф ва муъовини раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, дар ин нишаст аз ончи нахустин фишори қабл аз интихоботӣ алайҳи худ хонд, шикоят кард.

Вай гуфт: "Чаҳор нафар аз ҷумлаи кормандони амниятӣ ё намояндагони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон субҳи имрӯз бар хилофи тартиби муқарраршуда дар қонуни кайфарӣ кӯшиши боздошти маро карданд ва баҳонаи онҳо мушаххас кардани ҳувияти ман буд. Онҳо хостанд, ки се соъат ман дар ихтиёри онҳо бошам."

Оқои Ҳакимов аз масъулони давлатии ширкаткунанда дар ҳамоиш даъват кард, ки барои доир кардани интихоботи қарибулвуқӯъ дар Тоҷикистон ва ба хотири пешрафти ин кишвар самимона рафтор кунанд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Ҳакимов аз кушиш боздошти худ аз сӯйи кормандони интизомӣ ё амниятӣ хабар дод

Вай ҳамчунин аз он гилоя кард, ки ба хотири узвияти ӯ дар Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, ки яке аз аҳзоби умдаи мухолифи давлат маҳсуб мешавад, ӯ наметавонад барои хеш шуғле пайдо кунад.

Оқои Ҳакимов пештар низ гуфта буд, ки ба чанде аз донишгоҳҳо ва Фарҳангистони улуми Тоҷикистон барои пайдо кардани шуғл дархост дода, аммо дархосташ "бо ангезаҳои сиёсӣ" пазируфта нашудааст.

Ҳарчанд намояндагони Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон дар интихоботи порлумонии гузашта дар ин кишвар кӯшиши ворид кардани як ё ду намояндаи худ ба маҷлисро карда буданд, аммо кӯшиши онҳо ба сабаби дарёфт накардани панҷ дарсади оро амалӣ нашудааст.

Зимнан, ин танҳо ҳизби расмии сиёсӣ дар Тоҷикистон аст, ки ҳеч намояндааш ба узвияти Кумисиюни интихобот ва ҳамапурсӣ интихоб нашудааст, ҳарчанд дафтари риёсати ҷумҳурии ин кишвар қаблан эълом карда буд, ки аъзои ин кумисиюн шомили намояндагони ҳамаи аҳзоби сиёсии расмӣ аст.

Аъзои Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистонро бо пешниҳоди раиси ҷумҳурӣ маҷлиси суфлои порлумони ин кишвар таъйин мекунад. Аммо ба назар мерасад Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, ҳеч узви ин ҳизби мухолифро ба узвияти ин кумисиюн пешниҳод накардааст.

Барномаҳои 'тавтеаомез'

Муҳаммадалӣ Ҳайит, муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), аз аҳзоби дигари мухолиф, дар мизи гирди аъзои Кумисиюни марказии интихобот ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ гуфт, ки дар як соли ахир расонаҳои давлатӣ дар бораи аъзои ин ҳизб барномаҳои тавтеаомезе пахш мекунанд.

Вай гуфт: "Афзун бар таъқибу фишор бар иддае аз аъзои ҳизб ва зиндонӣ кардани бархе аз онҳо, ахиран расонаҳои давлатӣ барномаҳои бадномкунии намояндагони ҲНИТ-ро пеш гирифтаанд. Бо истифода аз ҳузури намояндагони риёсати ҷумҳурӣ аз шумо даъват мекунам, ки дар рӯзҳои муборизоти интихоботӣ барои пахши ин барномаҳо дар расонаҳои давлатӣ иҷоза надиҳед."

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Ҳайит барномаҳоеро, ки алайҳи иддае аз аъзои ҲНИТ дар шабакаҳои телевизиюнии давлатӣ пахш шудаанд, тавтеаомез хонд

Оқои Ҳайит ба матолибе интиқодӣ алайҳи ин ҳизб дар нашрияи давлатии “Ҷумҳурият” ва барномаҳое, ки алайҳи ҲНИТ дар шабакаҳои телевизюнии давлатӣ пахш шудаанд, ишора кард.

Аммо Ҷумъахон Давлатов, ёвари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар посух ба ин дархости оқои Ҳайит гуфт, ки дар 14 соли фаъъолияташ дар ниҳодҳои давлатӣ боре ҳам шоҳиди он нашудааст, ки масъулони давлатӣ дар фаъъолияти расонаҳо мудохила карда бошанд.

Ҳамчунин, оқои Давлатов дар мавриди пешниҳоди намояндаи ҲНИТ ба Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ дар мавриди ворид кардани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба суфуфи аъзои кумисиюнҳои қитъаҳои раъйдиҳӣ низ ибрози назар кард ва онро ғайри қобили қабул хонд.

Ӯ гуфт: "Мо ба Кумисиюни марказии интихобот наметавонем дастур бидиҳем. Вале қонунгузории Тоҷикистон ворид кардани намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар қитъаҳои интихоботиро муқаррар накардааст. Мо ба интелектуали (равшанфикрон) деҳот, бахусус ба омӯзгороне, ки дар макони баргузории раъйдиҳӣ дар интихобот, яъне макотиби ҳамагонӣ, фаъъолият мекунанд, боварии зиёд дорем."

Оқои Давлатов мегӯяд, ки бо таваҷҷуҳ ба эродҳои тамоми нозирон дар интихоботи гузашта қонуни интихоботи порлумон ва маҷолиси маҳаллӣ "бо назардошти зеҳни мардум ва шароити кунунӣ дар Тоҷикистон" ислоҳ ва аз 25 тавсияи нозирони байналмилалӣ 18 тавсия ба назар гирифта шудааст.

'Тоблуҳо дар масоҷид'

Мизи гирди имрӯзӣ нахустин нишасти қабл аз баргузории интихоботи порлумонии соли 2014 дар Тоҷикистон буд, ки ба ибтикори масъулони Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон ва намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар ин кишвар доир шуд.

Намояндагони ҳашт ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон дар ин нишаст ҳозир буданд ва ҳамаи онҳо омодагии худро барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ, ки аввали март баргузор мешавад, эълом кардаанд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Давлатов гуфт, ки ворид кардани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба кумисиюнҳои ҳавзаӣ дар қонун пешбинӣ нашудааст

Иддае аз онҳо гуфтанд, дар фасли сармо маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар аксари манотиқи Тоҷикистон эъмол шудааст, баргузории таблиғоти интихоботӣ бо мушкилоти фаровоне рӯбарӯ хоҳад буд.

Саидҷаъфар Исмонов, раҳбари ҳизби демукроти Тоҷикистон, пеҳшниҳод кард, ки барои ҷалби таваҷҷуҳи бештари раъйдиҳандагон тоблуҳои таблиғотии номзадҳо ва аҳзоби сиёсӣ дар масоҷиди ҷомеъ низ, ки макони таҷаммӯъи афроди зиёд аст, насб шаванд.

Аммо Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби кумунист, бо ин пешниҳоди оқои Исманов мухолифат кард. Вай гуфт, ки буҳрони шадиди иқтисодии ҷаҳон таъсири манфъӣ дар тамоми кишварҳо гузоштааст.

Ва ӯ афзуд: "Имкон дорад, ки ин падида дар давлати мо низ таъсир кунад, зеро давлатҳо ва нерӯҳое ҳастанд, ки мехоҳанд авзоъи сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистонро вахим созанд ва ҷомеъаро ба ду гурӯҳ тақсим созанд."

Аз ин рӯ оқои Шабдолов ҳушдор дод, ки интихоботи порлумонӣ бояд бидуни нақзи қонун баргузор шавад, то воқеъоти солҳои 1990-ум дар ин кишвар такрор наёбад.

'Гаравпулии зиёд'

Абуҳалим Ғаффоров, раҳбари Ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон, гуфт, ки сол то сол наҳва ва шеваи доир шудани интихобот дар Тоҷикистон ва фаъъолияти намояндагони Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии ин кишвар беҳбуд меёбад.

Оқои Ғаффоров гуфт, ки намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон бояд фарҳанги расондани таблиғоти худ ба мардумро ёд бигиранд. Вай аз гарон будани гаравпулӣ барои ширкат дар интихобот интиқод кард.

Рустам Латифзода, кафили раҳбарии Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон, гуфт, ки ин ҳизб барои ширкати фаъъол дар интихоботи порлумонӣ аз ҳамаи имконот бархурдор аст. Вай ибрози итминон кард, ки интихобот дар чорчӯби қонун баргузор шуда ва ба оромиш ва пешрафти кишвар мусоъидат мекунад.

Абдулло Нуров, намояндаи ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон, ки раҳбари он Эмомалӣ раҳмон, раиси ҷумҳурӣ аст, аз аҳзоби сиёсии дигар даъват кард, ки ҳифзи сулҳ ва ризоят дар кишварро аз муҳиммтарин аҳдофи интихоботии худ қарор диҳанд ва дар ҷараёни интихобот ба рақобати солим бипардозанд.

Рустам Назаров, намояндаи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, нукотеро аз барномаи интихоботии ҳизби худ баён кард ва гуфт, ки ҳизбаш ба ин тадбири сиёсии муҳим омода аст.

Масъулони Кумисюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш ба навбаи худ гуфтанд, ки интихоботи порлумонии 1- март монанди интихоботҳои қаблӣ дар фазои озод ва шаффоф доир хоҳад шуд.

Раҳбари намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲУ) дар Тоҷикистон низ аз ширкаткунандагон даъват кард, ки муборизоти интихоботӣ ва раъйдиҳӣ дар ин кишвар дар фазои озоду демукротик доир шавад.

Ин дар ҳолест, намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсӣ гуфтанд, ки ҳарчанд нозирони САҲУ дар гузашта аз навоқиси зиёде дар муборизоти интихоботӣ ва раъйдиҳӣ дар Тоҷикистон интиқод мекарданд, аммо ба ҳамкории худ бо масъулони давлатӣ ҳамчунон идома медиҳанд.

Матолиби муртабит