Зуҳуров хостори эҷоди шароити мусоъид барои ширкати муҳоҷирон дар интихобот шуд
Image copyrightBBC World ServiceРаиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ (КМИҲ) даъват кард, ки "барои ширкати ҳамаи шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла онҳое, ки дар берун аз Тоҷикистон ҳастанд” шароити мусоъидро фароҳам кунад.
Шукурҷон Зуҳуров рӯзи сешанбеи 9 декабр ба ҳангоми баррасӣ ва таъйиди раис, муъовин ва аъзои КМИҲ дар иҷлоси порлумон гуфт: "Нишон диҳед, ки рӯз ба рӯз, сол ба сол ҷамъияти мо демукротик мешавад, ҳамон тавре ки раиси ҷумҳурӣ дастур додааст, интихобот бояд шаффофу озод гузарад."
Ин дар ҳолест, ки дар пайи ислоҳи Қонуни “Интихоботи Маҷлиси олии Тоҷикистон” дар соли ҷорӣ танҳо намояндагиҳои диплумотики ин кишвар дар мамолики хориҷӣ ҳаққи ташкили марокизи раъйдиҳӣ барои баргузории интихоботро доранд.
Тибқи ин санади ҳуқуқӣ, дар интихоботи порлумонии соли ояндаи Тоҷикистон дар Русия се маркази раъйдиҳӣ дар шаҳрҳои Маскав, Уфа ва Екатеринбург ифтитоҳ хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки дар интихоботи риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли гузашта теъдоди марокизи раъйдиҳӣ дар Русия 24 адад буд.
Ба эътиқоди коршиносон, бахши умдаи муҳоҷирони кории тоҷик, ки теъдодашон ҳудуди як милюн нафар арзёбӣ мешавад, аз ҳаққи ширкат дар интихоботи порлумонии соли оянда маҳрум хоҳанд монд.
Зимнан, дар иҷлоси имрӯзи порлумони Тоҷикистон тарҳи пешниҳодии раиси ҷумҳур дар бораи интихоби раис, муъовин ва аъзои Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ) баррасӣ ва бо аксари кулли оро тасвиб шуд.
Бар асоси Қонуни асосӣ ва Қонуни интихоботи Маҷлиси олии Тоҷикистон раиси ҷумҳурӣ асомии раис, муъовин ва 13 узви Кумисиюни марказии тнтихобот ва ҳамапурсиро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда ва порлумон муваззаф аст дар зарфи се рӯзи пас аз эъломи таърихи баргузории интихобот ин асомиро таъйид кунад.
Ба ин тартиб, Шермуҳаммади Шоҳиён, ки аз моҳи феврали соли 2011 риёсати КМИҲ-ро ба уҳда дорад, дубора ба ин симат интисоб шудааст. Саидбой Зокиров, раиси Федеросиюни иттиҳодияҳои синфии вилояти Суғд муъовини раис ва 13 нафар аз намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои иҷтимоъӣ, бо шумули чаҳор зан, узви Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон шудаанд.
Аз ҷумлаи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон танҳо намояндаи ҳизби мухолифи Сусиёл-демукрот ба ҳайъати ҷадиди КМИҲ ворид нашудааст.
Тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъаи 5 декабр мунташир шуд, интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷолиси маҳаллии Тоҷикистон рӯзи 1 марти соли оянда баргузор шуда ва интихобот ба Маҷлиси миллӣ рӯзи 27 марти соли 2015 таъйин шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон гуфт, ки ин ниҳод омодагиро барои баргузории интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллӣ "дар сатҳи баланди сиёсӣ" оғоз кардааст.
Ба гуфтаи оқои Шоҳиён, дар назар аст рӯзи 11 декабр аъзои кумисиюн бо масъулони аҳзоби сиёсӣ ва рӯзи 16 декабри соли ҷорӣ бо намояндагони расонаҳо дидор ва масоили марбут ба интихобот, аз ҷумла, тартиби ширкати рӯзноманигорон дар ин тадбири сиёсиро баррасӣ кунанд.
