ҲСДТ: “Президент бояд дар интихобот ширкат накунад”

  • 27 Октябр, 2014
ҲСДТImage copyrightBBC World Service
Image caption ҲСДТ: “Президент бояд дар интихобот ширкат накунад”

Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ) аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар хостааст, то ба хотири баргузории интихоботи озоду шаффоф дар ин кишвар аз ширкат дар интихобот худдорӣ кунад.

Дар баёнияи Шӯрои сиёсии ин ҳизб, ки рӯзи душанбеи 27 октябр пахш шуд, ширкати раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони раиси як ҳизби сиёсӣ дар интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллӣ муғойир ба Қонуни асосии Тоҷикистон арзёбӣ шудааст.

Дар баёния омадааст: “Интихоботи чаҳорум аст, ки Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон дар маъракаи қаблазинтихоботӣ аз номи раиси ҷумҳурӣ ва аксҳои ӯ дар плокотҳо истифода мешавад. Ин бар хилофи моддаи 64-и Қонуни асосӣ аст, ки тибқи он раиси ҷумҳурӣ раҳбари давлат ва ҳокимияти иҷроия маҳсуб шуда ва ҳаққи мудохила ба ташкили ҳокимияти иҷроияро надорад.”

Аз сӯйи дигар, дар қисмати дуюми моддаи 64 раиси ҷумҳурӣ “кафили таъмини иҷрои қавонин, ҳуқуқу озодии инсон, истиқолияти миллӣ, ваҳдат ва якпорчагии кишвар аст” ва ӯ масъулияти таъмини иҷрои қонуният ва интихоботи озоду шаффофро ба ӯҳда дорад.

Ба ин далел, Шӯрои сиёсии ҲСДТ аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон хостааст, то ӯ ба истифодаи ном ва аксҳояш аз ҷониби Ҳизби халқи демукрот дар маъракаҳои интихоботӣ иҷоза надиҳад. Зеро бар асоси Қонуни асосӣ ҳаққи интихоб шудани намоянда дар ҳеч кадоме аз маҷолиси кишварро надорад.

Ҳамчунин, Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар пешниҳод кардааст, ба манзури таъмини интихоботи озоду шаффоф дар интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллӣ раёсатии худро дар Ҳизби ҳокими халқи демукрот мутаваққиф кунад.

Зимнан, Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ) қасд дорад, на танҳо дар интихоботи порлумонӣ, балки дар интихоботи маҷолиси маҳаллӣ низ бо номзадҳои худ ширкат кунад.

Гуфта мешавад, тадорукоти ҲСДТ барои ширкат дар интихоботҳои соли оянда аз ҳоло шурӯъ шуда ва то рӯзи 10 декабри соли ҷорӣ куллияи имконоти фаннӣ, кодрӣ ва молӣ барои ин маъракаи муҳим фароҳам шавад.

Ҳамчунин, дар ин муддат феҳристи номзадҳо аз Ҳизби сусиёл-демукрот барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ таҳия ва барои баррасию тасвиб ба Анҷумани ҲСДТ пешниҳод хоҳад шуд.

То ҳол аҳзоби халқи демукрот, наҳзати исломӣ ва сусиёлисти Тоҷикистон аз ширкати худ дар интихоботҳои порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллӣ хабар додаанд.

Интизор меравад, интихобот ба Маҷлиси намояндагон ё порлумон ва маҷолиси маҳаллӣ дар моҳи феврали соли оянда баргузор шавад.

Матолиби муртабит