Зоиров: Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоршуда маҳсуб намешавад
Раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон гуфт аз натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят хоҳад кард. Раҳматилло Зоиров дар ин бора дар сафҳаи шабакаи иҷтимоъии Фейсбук баёния мунташир кард.
Оқои Зоиров муътақид аст, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 6-уми ноябр ҳудуди 33 дарсади раъйдиҳандагони Тоҷикистон ширкат кардаанд ва аз ин лиҳоз ин интихобот баргузоршуда маҳсуб намешавад.
Ба бовари оқои Зоиров агар теъдоди умумии раъйдиҳандагон 4 милюну 200 ҳазор арзёбӣ шудааст яку ним милюн аз онҳо дар хориҷи кишвар қарор доштанд ва фақат ҳудуди 2.7 милюн нафар аз теъдоди умумии раъйдиҳандагон дар дохили Тоҷикистон будаанд.
Ӯ меафзояд, ки агар 50 дарсад аз интихобкунандагони дохили Тоҷикистон пойи сандуқҳои раъй рафта бошанд ва фақат 5 дарсад аз теъдоди умумии муҳоҷирони корӣ, ки теъдодашон яку ним милюн аст, дар интихобот ширкат карда бошанд, пас мизони мушорикати умумӣ аз назари оқои Зоиров чизе ҳудуди 33 дарсад будааст.
Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҲСДТ гуфт ҳизби сусиёл-демукрот дар ин замина асноду далоили заруриро ҷамъоварӣ карда ва онҳоро ба Додгоҳи олии Тоҷикистон пешниҳод хоҳад кард.
Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи чаҳоршанбеи 6 ноябр баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури бар сари қудрат бо касби 83,6 дарсади орои умумӣ дар миёни 5 рақиб пирӯз эълом шуд.
