Тадорукоти ҲСДТ барои интихоботи порлумонӣ оғоз шуд

  • 7 Октябр, 2014
ЗойировImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Зойиров гуфтааст, ки ҲСДТ дар интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллӣ ширкат хоҳад кард

Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ) қасд дорад, на танҳо дар интихоботи порлумонӣ, балки дар интихоботи маҷолиси маҳаллӣ низ бо номзадҳои худ ширкат кунад.

Дар баёнияи Раҳматилло Зойиров, раҳбари ин ҳизб, ки рӯзи сешанбеи 7 октябр мунташир шуд, таъкид шудааст, тадорукоти ҲСДТ барои ширкат дар интихоботҳои соли оянда аз ҳамин рӯз шурӯъ шуда ва то рӯзи 10 декабри соли ҷорӣ куллияи имконоти фаннӣ, кодрӣ ва молии ин ҳизб барои ин маъракаи муҳим фароҳам хоҳад шуд.

Ҳамчунин, дар ин муддат феҳристи номзадҳо аз Ҳизби сусиёл-демукрот барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ таҳия ва барои баррасию тасвиб ба Анҷумани ҲСДТ пешниҳод хоҳад шуд.

Ҳизби сусиёл-демукрот, аз аҳзоби умдаи мухолифи давлати Тоҷикистон, дар интихоботҳои қаблии Маҷлиси намояндагон ва маҷолдиси маҳаллии ин кишвар ширкат карда, аммо то ҳол курсе ба даст наовардааст.

Мақомоти ин ҳизб, далели ин амрро ба ношаффоф ва ғайридемукротик будани интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллии Тоҷикистон марбут хондаанд, ки барои ширкати озоди номзадҳои аҳзоби мухолиф мавонеъи маснӯъӣ эҷод мешавад.

То ҳол аҳзоби халқи демукрот, наҳзати исломӣ ва сусиёлисти Тоҷикистон аз баргузории анҷуманҳои қабл аз интихоботии худ хабар додаанд.

Интизор меравад, интихобот ба Маҷлиси намояндагон ё порлумон ва маҷолиси маҳаллӣ дар моҳи феврали соли оянда баргузор шавад.

Дар ҳамин ҳол, Раёсати Шӯрои сиёсии Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон аз раванди сиёсишавии идҳои мазҳабие чун Рамазон ва Қурбон дар ин кишвар интиқод карда ва гуфтааст, “ин рӯзҳо бояд барои бахшидани якдигар, сулҳу салоҳ, бародарӣ ва оромию осоиштагӣ хидмат кунад.”

Дар баёнияи ин ҳизб омадааст: “Раисони ноҳияу шаҳрҳо ва дигар масъулон ба ҷойи намоз бо маърӯзаҳои сиёсӣ ва идеологӣ баромади дуру дароз мекунанд, ки ин бар зидди ҳам қонунгузорӣ, ҳам анъана ва меъёрҳои динӣ мебошад.”

ҲСДТ пешниҳод кардааст, ки масъулони ниҳодҳои давлатӣ на ба унвони намояндаи ҳукумати ин кишвар, балки ҳамчун намозгузор дар масҷид ҳузур пайдо карда ва аз таблиғоти сиёсӣ худдорӣ кунанд.

Матолиби муртабит