Додгоҳ Раҳматилло Зойировро ҷарима кард

  • 15 Май, 2014
ЗойировImage copyrightBBC World Service
Image caption Додгоҳ Раҳматилло Зойировро ҷарима кард

Додгоҳ Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби мухолифи сусиёл-демукроти Тоҷикистонро (ҲСДТ) ба иттиҳоми “интишори хабари дурӯғин” ба маблағи 8 ҳазору 750 сомонӣ ҷарима кард.

Тибқи мусаваббаи додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки рӯзи чоршанбеи 14 май эълом шуд, оқои Зойиров муваззаф шудааст, ба наздикони маҳбус Маҳмадраҳим Саидов, 4 ҳазору 750 сомонӣ ва ба миқдори 4 ҳазор сомонии дигарро ба зиндони шумораи 1-и шаҳри Душанбе пардохт кунад.

Дар ибтидо шокиён “барои ворид кардани зарари равонӣ” аз оқои Зойиров хостори пардохти беш аз 200 ҳазор сомонӣ ғаромат шуда буданд.

Раҳматилло Зойиров ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар сурати дастрас шудани нусхаи мусаваббаи додгоҳ дар мавриди шикоят ба додгоҳи истинофӣ аз ҳукми ин додгоҳ тасмим хоҳад гирифт.

Ҳамзамон, оқои Зойиров аз ибрози назар дар мавриди ин қазия ва ҷанбаи сиёсӣ ё фишор доштани он худдорӣ кард.

Зимнан, раҳбари ҲСДТ дар моҳи феврали соли ҷорӣ дар шабакаи иҷтимоъии “facebook” аз фавти Маҳмадраҳим Саидов дар зиндони шумораи 1 хабар дода, аммо баъдан ин хабар аз ҷониби пайвандони оқои Раҳимов ва раёсати зиндон такзиб шуда буд.

Ба дунболи он пайвандони ин зиндонӣ ва масъулони зиндони шумораи 1-и шаҳри Душанбе аз оқои Зойиров "барои пахши хабари бардурӯғ ва ба таҳлука андохтани хешу табори маҳбус" ба додгоҳ шикоят бурданд.

Дар пайи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли гузашта фишору таъқиб болои Раҳматилло Зойиров афзоиш ёфтааст.

Дар канори пахши матолиби интиқодӣ дар бораи оқои Зойиров дар расонаҳои давлати Тоҷикистон мавориди ҳамлаи “гурӯҳи занҳо” ва “мардони тоҷир” ба дафтари Ҳизби сусиёл-демукрот иттифоқ афтодааст.

Аз ҷумла, дар 10 декабри соли гузашта гурӯҳи занҳо, ки худро сокинони хиёбони Маяковскии шаҳри Душанбе муъаррифӣ карданд, ба зӯр вориди дафтари Ҳизби сусиёл-демукрот шуда ва нишасти хабарии Раҳматилло Зойиров, раҳбари ин ҳизбро баҳам заданд.

Ҳамчунин, ин занҳо, ки теъдодашон беш аз 10 нафар буд, ба оқои Зойиров дарафтоданд ва ӯро бо алфози қабеҳ дашном карда, “хоини миллат” хонда буданд.

Аммо бо вуҷуди шикояти Раҳматилло Зойиров аз ин аъмоли ғайриқонунӣ ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон ин қазияро баррасӣ ва омилонро муҷозот накардааст.

Матолиби муртабит