Даъвати ҲСДТ барои идомаи фаъъолияти эътилофи демукросӣ

  • 23 Декабр, 2013
Ҳакимов
Image caption Оқои Ҳакимов гуфт, ки мумкин аст кунферонси Эътилоф барои демукросӣ ва ҷомеъаи маданӣ доир шуда, дар он Низомномаи он баррасӣ ва тасвиб шавад

Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ) аз аҳзобу созмонҳо ва чеҳраҳои саршиноси сиёсӣ даъват кардааст, то барои фаъъолияти муҷаддади Эътилоф барои демукросӣ ва ҷомеъаи маданӣ талош кунанд.

Шокирҷон Ҳакимов, муъовини раҳбари ҲСДТ, рӯзи душанбеи 23 декабр ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳадаф аз ин иқдом “мутаҳҳид сохтани нерӯҳои демукротик барои омодагӣ ба чорабиниҳои сиёсӣ, ба мисли интихоботи порлумонӣ, дар Тоҷикистон аст.”

Зимнан, Эътилоф барои демукросӣ ва ҷомеъаи маданӣ рӯзи 25 майи соли ҷорӣ аз ҷумлаи намояндагони аҳзоби наҳзати исломию сусиёл-демукрот, гурӯҳи мубтакирони ҳизби ҷадиди “Тоҷикистони нав” ва чеҳраҳои сиёсию рӯзноманигорони саршинос таъсис шуда буд.

Он замон дар баёнияи Эътилоф барои демукросӣ ва ҷомеъаи маданӣ ҳадаф аз таъсиси ин ниҳод дифоъ аз арзишҳои демукротик дар Тоҷикистон арзёбӣ шуда ва “азъи демукросӣ ва ҷомеъаи маданӣ дар Тоҷикистон "таҳти хатар" арзёбӣ шуда буд.

Дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон дар чорчӯби ин эътилоф Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон (ИНИТ) таъсис шуд ва ин ниҳод Ойниҳол Бобоназароваро ба унвони номзади воҳиди мухолифон ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ интихоб кард.

Ба гуфтаи оқои Ҳакимов, мумкин аст кунферонси ин эътилоф базудӣ доир шуда ва дар он низомномаи он баррасӣ ва тасвиб шавад.

Ӯ дар мавриди нигарониҳо дар бораи имкони сабти ном нашудани Эътилоф барои демукросӣ ва ҷомеъаи маданӣ дар Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, ки ин ниҳод бидуни “сабти номи расмӣ ва таъсиси шахси ҳуқуқӣ” фаъъолият хоҳад кард.

Маҳмадалии Ҳаит,муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳизби умдаи мухолифи давлат, гуфт, ки дар бораи даъвати ҲСДТ ба фаъъол сохтани эътилоф иттилоъ надорад ва ҳизби ӯ танҳо пас аз дарёфти санад дар мавриди пайвастан ба он тасмим хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи оқои Ҳаит, дар ҷараёни фаъъолияти Эътилоф барои демукросӣ ва ҷомеъаи маданӣ миёни аъзои он баъзе ихтилофи назарҳо буруз карда буд ва барои идомаи фаъъолияти онҳо ин навоқис бояд ислоҳ шавад. Аммо ӯ аз шарҳи ҷузъёияти ин ихтилофи назарҳо худдорӣ кард.

Аз сӯйи дигар, Шӯрои сиёсии ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар интихоботи миёндаврӣ ба Маҷлиси намояндагони порлумони ин кишвар бо номзади худ ширкат хоҳад кард.

Интизор меравад Бузургмеҳр Ёров, раиси созмони ғайридавлатии “Сипар” ва аз ҳуқуқдонҳои саршиноси Тоҷикистон, барои касби курсии порлумон вориди корзори интихоботӣ шавад.

Дар пайи ба мақоми муъовини нахуствазири Тоҷикистон таъйин шудани Марҳабо Ҷабборова курсии ӯ дар Маҷлиси Намояндагон холӣ шуда, Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ 15 феврали соли ояндаро рӯзи интихоботи миёндаврӣ барои ин курсии порлумон эълом кардааст.

То ҳол аҳзоби халқи демукрот ва кумунист расман эълом кардаанд, ки дар корзори интихоботӣ барои касби ин курсии порлумон ширкат хоҳанд кард.

Матолиби муртабит