Ҳакимов аз фишорҳо бар ҲСДТ дар остонаи интихобот мегӯяд
Image copyrightBBC World ServiceЯк масъули Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ) аз афзоиши мавориди фишор бар фаъъолони ва аъзои ин ҳизб ва наздикони онҳо дар остонаи интихоботи порлумонӣ дар ин кишвар шикоят мекунад.
Шокирҷон Ҳакимов, муъовини раҳбари ин ҳизб, ба Би-би-сӣ гуфт, ки пас аз эъломи тасмими ӯ ба ширкат дар интихоботи порлумонии соли оянда дар ҳавзаи интихоботии шаҳри Конибодоми вилояти Суғд чанд тан аз пайвандон ва тарафдоронаш барои “суҳбати дӯстона” ба ниҳоди амниятии маҳаллӣ даъват шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, кормандони ниҳоди амниятии шаҳри Конибодом аз хешу ақрабо ва аъзои пешини ситоди интихоботии ӯ дар интихоботи порлумонии соли 2010 хостаанд, ки "аз робитаҳои минбаъда бо ва тарафдорӣ аз" Шокирҷон Ҳакимов худдорӣ кунанд. Вай афзуд, ки мақомоти маҳаллӣ дар Конибодом бо наздикони ӯ "дағалона муносибат" кардаанд.
Ба эътиқоди оқои Ҳакимов, яке аз ангезаҳои ин фишорҳо метавонад ин бошад, ки дар интихоботи порлумонии авоили соли оянда интизор меравад раиси шаҳри Конибодом ҳам ба унвони номзад ширкат кунад.
Ин иқдомот дар ҳолест, ки ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ба масъулони ниҳодҳои зирабти ин кишвар борҳо дастур додааст, ки шароит барои баргузории интихоботи демукротик ва озоду шаффофи порлумониро фароҳам кунанд.
Вай гуфт: "Чунин ба назар мерасад, ки дар Тоҷикистони муъосир, бар хилофи раиси ҷумҳур маркази олтернотивӣ ё дигаре низ вуҷуд дорад, ки кӯшиши халалдор намудани орзӯю ормони раиси ҷумҳури кишварро доранд. Масалан дар шаҳри Конибодом, мақомоти амниятӣ ва ҳукумати шаҳр корҳои мушаххасеро дар робита ба маҳдуд кардани ҳуқуқи интихобкунандагон оғоз намудаанд."
Оқои Ҳакимов бар зарурати "назорати мустақими раиси ҷумҳур" бар он даста аз ҳавзаҳои интихоботие, ки дар онҳо "шахсиятҳои алоҳида бо ташаббуси худ ба интихобот нияти ворид шуданро доранд," таъкид кард.
Вай муътақид аст, ки боло рафтани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди ин кишвар ба баргузории интихоботи озоду демукротик бастагӣ дорад ва фароҳам нашудани шаффофият дар интихобот бар зиёни Тоҷикистон тамом хоҳад шуд.
Оқои Ҳакимов афзуд: "Ман гумон мекунам, онҳое ки зарурати интихоботи озодро то ҳол дарк накардаанд, бояд як лаҳза ҳам дар сохторҳои мухталифи давлатӣ, чи ниҳодҳои амниятию интизомӣ ва чи сохторҳои дигар, ки аз раиси ҷумҳур ва иродаи сатҳҳои мухталифи ҳокимияти давлатӣ вобастагӣ доранд, кор накунанд, зеро онҳо таҳаввулоти ҷиддиро дар сиёсати дохилӣ ва ислоҳоти воқеъиро дар сиёсати хориҷӣ низ эҳсос ва дарк намекунанд ва барои кор дар шароити нав, ки бархӯрдҳои зиёде ҳаст, омода нестанд."
Муъовини раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот мегӯяд, ки бархе аз масъулони ниҳодҳои давлатӣ аз мулоқоту дидорҳои Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҲСДТ, ки рӯзҳои ахир дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон бо аъзо ва тарафдорони ин ҳизб анҷом дода, низ монеъ шудаанд.
Аммо ба далели он ки ҳанӯз замони баргузории интихоботи порлумонии Тоҷикистон эълом нашуда ва тадорукот барои сабти номзадҳо дар ҳавзаҳои интихоботӣ оғоз нашудааст, кормандони Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон дар мавриди ин гуна рӯйдодҳо ибрози беиттилоъӣ карданд.
Зимнан, дар интихоботи порлумонии соли 2010 оқои Ҳакимов дар ҳавзаи интихоботии шумораи 19-и шаҳри Конибодом ба унвони номзад сабти ном шуда буд, аммо дар ин ҳавза Насрулло Маҳмудов, додситони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва рақиби оқои Ҳакимов, пирӯз эълом шуд.
Ин танҳо ҳавзаи интихоботӣ буд, ки дар пайи шикояти оқои Ҳакимов ва нозирони байналмилалӣ дар бораи мавориди тахаллуф дар он ҷо раъйгирӣ ва интихоботи дубора баргузор шуд.
Дар ҳамин ҳол, масъулони ҳизби мухолифи Сусиёл-демукроти Тоҷикистон гуфтанд, ки номи Раҳматилло Зойиров, раҳбари ин ҳизб, дар интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонӣ дар садри феҳристи ҳизбӣ нахоҳад буд.
Ҳамчунин, оқои Зойиров эълом кардааст, ки дар сурати нокомии ин ҳизб дар интихобот ва ворид нашудани намояндагони он ба порлумон ӯ аз симати раҳбари ҲСДТ канорагирӣ хоҳад кард.
Шокирҷон Ҳакимов, муъовини раҳбари ҲСДТ, мегӯяд, ки қарор аст авосити моҳи оянда анҷумани қабл аз интихоботи ин ҳизб баргузор ва ҳудуди 15 нафар аз тариқи феҳристи ҳизбӣ ба ин интихобот номзад шаванд.
