Ҳизби сусиёлист анҷумани қаблазинтихоботӣ баргузор мекунад

  • 2 Октябр, 2014
ҒаффоровImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Ғаффоров гуфт, ҳизбаш дар интихоботи порлумонии соли оянда ширкат хоҳад кард

Анҷумани қаблазинтихоботии Ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон 17-уми декабри соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари Ҳизби сусиёлист рӯзи панҷшанбеи 2-уми октябр ин хабарро ба Би-би-сӣ таъйид кард ва гуфт, ки вакилони анҷуман феҳрасти номзадҳои интихоботиро таҳия ва таъйид хоҳанд кард.

Интизор меравад, ки интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар авохири зимистон, яъне дар моҳи феврали соли оянда баргузор шавад.

Оқои Ғаффоров мегӯяд, ки феълан Ҳизби сусиёлист 21 ҳазор нафар аъзо дорад ва аз ҳар як саднафарӣ як вакил ба анҷуман даъват хоҳад шуд. Ҳизби сусиёлист қасд дорад ҳудуди 15 номзадро тавассути феҳрасти аҳзоб ва се ё чаҳор нафарро тавассути интихоботи ҳавзаӣ номзад кунад.

Ҳамчунин анҷуман бояд барномаи интихоботии Ҳизби сусиёлистиро таъйид кунад, то номзадҳо бо истифода аз он тавонанд вориди корзори интихоботӣ шаванд.

Абдуҳалим Ғаффоров мутмаъин аст, ки Ҳизби сусиёлистӣ метавонад дар порлумон ҷиноҳи худро таъсис бидиҳад. Барои таъсиси чунин ҷиноҳ зарур аст, ки ҳадди ақал панҷ нафар номзади ин ҳизб дар интихобот пирӯз шаванд.

Оқои Ғаффоров хабар дод, ки барои ширкат дар кори ин анҷуман намояндагони ҷиноҳи ғайрирасмии Ҳизби сусиёлист ба раҳбарии Мирҳусейн Назризода низ даъват хоҳанд шуд.

Қаблан оқои Назризода дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ изҳор дошта буд, ки ҷонибдоронаш хостори баргузории анҷумани изтирории Ҳизби сусиёлист ҳастанд. То дар ин анҷуман мавзӯъи муттаҳидсозии ин ду ҷиноҳи ҳизбӣ баррасӣ шавад.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Назризода мехоҳад барои муттаҳидсозии Ҳизби сусиёлист анҷумани изтирорӣ даъват шавад

Вай изҳор дошта буд, ки феълан теъдоде аз аъзои ҷиноҳи расмии Ҳизби сусиёлист низ аз мавқеъи ҷиноҳи вай пуштибонӣ мекунанд ва даъво доранд, ки фурсате барои муттаҳидшавӣ фаро расидааст.

Дар гузашта ҷонибдорони Абдуҳалим Ғаффоров метавонистанд дар интихоботи порлумонӣ танҳо дар ҳавзаҳои ҷудогонаи интихоботӣ ширкат кунанд. Ҳизби сусиёлист маъмулан ин афродро вориди феҳрасти ҳизбӣ намекард.

Ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон соли 1996 аз сӯйи Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи порлумони Тоҷикистон таъсис шуда буд. Соли 1999 оқои Кенҷаев аз сӯйи афроди номаълум кушта шуд.

Соли 2004 дар суфуфи ин ҳизб ҷудоӣ андохта шуд ва давлати Тоҷикистон барои таъсиси ҷиноҳе дар он талош кард. Дар ниҳоят вазорати додгустарии Тоҷикистон Ҳизби сусиёлист ба раҳбарии Абдуҳалим Ғаффоровро ба расмият шинохт ва ҷиноҳи Мирҳусейн Назризода аз раҳбарии он барканор шуд.

То ҳол бархе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон назири Ҳизби ҳокими халқи демукрот, Ҳизби наҳзат ва Ҳизби сусиёл-демукрот аз баргузории анҷуманҳои қабл аз интихоботии худ хабар додаанд.

Матолиби муртабит