Ғаффоров: 'Ду ҷиноҳи ҳизби сусиёлист муттаҳид нахоҳанд шуд'

  • 5 Сентябр, 2014
Абдуҳалим ҒаффоровImage copyrightBBC World Service
Image caption Абдуҳалим Ғаффоров гуфт, ки ду ҷиноҳи Ҳизби сусиёлист муттаҳид нахоҳанд шуд

Раҳбари ҷиноҳи расмии Ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон иддиъоҳо дар бораи имкони муттаҳид шудани ду ҷиноҳи ин ҳизб дар остонаи интихоботи порлумониро рад кард.

Абдуҳалим Ғаффоров рӯзи ҷумъаи 5 сентябр ба Би-би-сӣ гуфт: "Воқеъан ҷиноҳи Мирҳусейн Назриев вуҷуд надорад. Зеро дар ин ба истилоҳ “ҷиноҳ” худи ӯ ва аъзои хонаводааш боқӣ мондаанд."

Оқои Ғаффоров гуфт, ки аз ҳоло омодагиҳо барои ширкати Ҳизби сусиёлист дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон, ки интизор меравад дар моҳи феврали соли оянда баргузор шавад, шурӯъ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз эъломи расмии замони баргузории ин интихобот кунферонси ҳизбӣ доир шуда, мавзӯъи ширкат дар интихобот ва феҳристи номзадҳои ҳизб матраҳ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, Мирҳусейн Назриев, раҳбари ҷиноҳи ғайрирасмии Ҳизби сусиёлист, ба Би-би-сӣ гуфт, ки мавзӯъи муттаҳид шудани ҳизб ибтикори ӯ набуда, балки аз ҷониби аъзои ба гуфтаи ӯ асили он пешниҳод шудааст.

Оқои Назриев гуфт, ки аъзои собиқадори Ҳизби сусиёлист Абдуҳалим Ғаффоровро ба "фалаҷ сохтани ин ҳизб" муттаҳам карда ва қасд доранд дар остонаи интихоботи порлумонӣ ӯро аз ин симат барканор кунанд.

Ӯ гуфт, ки дар назар аст як ҳизби воҳиди сусиёлистӣ, ки бо ҳизби феълии ба гуфтаи ӯ “кисагии ҳукуматӣ” комилан тафовут дорад, дар интихобот ширкат кунад. Дар сурати монеъ шудани давлат аз баргузории кунферонси қабл аз интихобот ин ҳизб ҳамоиши худро дар хориҷ аз кишвар баргузор хоҳад кард.

Ҳамчунин, Мирҳусейн Назриев гуфт, ки қасд дорад худаш ҳам ба унвони яке аз номзадҳои ҳизби воҳиди сусиёлист дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон ширкат кунад.

Ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон дар моҳи июни соли 1996 пас аз нахустин анҷумани тарафдоронаш дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, таъсис ёфт. Раҳбарии ин ҳизбро он замон Сафаралӣ Кенҷаев, ҳуқуқдони саршинос, раиси пешини Шӯрои Олӣ ё порлумон ва яке аз раҳбарони фақиди Ҷабҳаи халқ ба уҳда дошт.

Сафаралӣ Кенҷаев дар моҳи марти соли 1999, ҳашт моҳ пеш аз интихоботи дувуми риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки интизор мерафт дар он ширкат кунад, дар яке аз маҳаллоти шаҳри Душанбе аз сӯйи афроди номаълум ба қатл расид.

Пас аз марги Кенҷаев, дар соли 2000, Мирҳусейн Назриев, корманди Пажӯҳишгоҳи ахтарфизики Фарҳангистони улуми Тоҷикистон раҳбари ин ҳизб интихоб шуд.

Вале дар соли 2004 дар миёни аъзо ва тарафдорони ин ҳизб шикофе ба вуҷуд омад. Дар моҳи июли ҳамон сол Абдуҳалим Ғаффоров ва Қурбон Восиев бо баргузории як ҷаласаи ҳизбӣ оқои Назриевро аз симати раҳбарии ҳизби сусиёлист дар ғиёбаш барканор карданд.

Оқои Назриев ҷиноҳи худро дар ин ҳизб таъсис кард, ки дар вазорати додгустарӣ сабти ном нашудааст.

Феълан, ба гуфтаи масъулони ҳизбӣ, теъдоди аъзои Ҳизби сусиёлист беш аз 19 ҳазор арзёбӣ мешавад, ки бештарашон дар шаҳри Душанбе, навоҳии Рӯдакию Ҳисор ва вилоёти Суғду Хатлон сукунат доранд.

Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари расмии ин ҳизб, дар ду интихоботи риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2006 ва 2013 ба унвони номзад ширкат кард, аммо аз миёни рақибонаш камтарин ороро ба даст овард.

Матолиби муртабит