ҲНИТ: “Мақомот барои баргузории ҷаласа мавонеъ эҷод карданд”

  • 27 Август, 2014
ҲНИТImage copyrightBBC World Service
Image caption Намояндагони ҲНИТ мегӯянд, ки аз соли 2013 то ҳол, фишорҳое бар аъзои ин ҳизб дар саросари кишвар сурат мегирад

Ҳизби наҳзати исломӣ, (ҲНИТ), умдатарин ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон аз эҷоди мавонеъ барои баргузории ҷаласаи моҳиёни ин ҳизб дар ноҳияи Ҷиргатол дар шарқи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар иттилоъияе, ки масъулони ин ҳизб, баъд аз зӯҳри рӯзи сешанбеи 26 август пахш кардаанд, омадааст, ки раиси бахши “Тоҷикматлубот” дар ноҳияи Ҷиргатол мадраки расмии иҷораи дафтари ин ҳизб дар он ноҳияро лағв кардааст.

Раҳматуллои Раҷаб, раҳбари бахши ҲНИТ дар водии Рашт ва навоҳии ҳумаи Душанбе гуфтааст, ки дар рӯзи таъйини ҷаласа, кормандони амниятии ноҳияи Ҷиргатол, Қурбоналӣ Саидмуродов, раиси бахши ҳизб дар ноҳияро ба дафтари кориашон даъват карда ва барои муддате нигаҳ доштаанд.

Намояндагони ин ҳизб ҳадс мезананд, ки яке аз сабабҳои даъвати оқои Саидмуродов ба бинои амниятии ноҳия, мавонеъ барои баргузории ҷаласаи ин ҳизб будааст.

Кормандони амниятӣ ҳамчунин раҳбари бахши ҲНИТ дар ноҳияи Нуроободро низ барои суҳбат ба бинои амниятӣ даъват кардаанд. Масъулони Кумитаи амнияти Тоҷикистон дар робита ба ин қазия изҳори беиттилоъӣ карданд.

Аз сӯйи дигар масъулони Ҳизби наҳзати ислмоӣ аз идомаи иқдомоти давлат барои он чи, ки онҳо онро “бадномкунии” ин ҳизб дар остонаи интихоботи порлумонӣ медонанд, хабар медиҳанд.

Ду рӯзи қабл ширкатҳои телевизюнии давлатӣ навореро аз даст задани як сокини ноҳияи Панҷакент ба “бадахлоқӣ” пахш карда ва ӯро ба унвони узви ҲНИТ муъаррифӣ карданд.

Аммо масъулони ҳизб бо пахши баёния равобити ин сокин ба ҳизбашонро такзиб мекунанд.

Намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯянд, ки аз соли 2013, қабл аз интихоботи риёсати ҷумҳурӣ, то ҳол, фишорҳое бар аъзои ин ҳизб дар саросари кишвар сурат мегирад.

Чанде қабл, раҳбари бахши ин ҳизб дар вилояти Бадахшон аз сӯйи додгоҳи ноҳияи Ванҷ барои панҷ сол маҳкум ба зиндон шуд. Дар гузашта низ фаъъолони ҲНИТ мукарраран аз иқдомоти ниҳодҳои давлатӣ барои "бадномсозӣ ва саркӯби" раҳбарони ҳизбӣ изҳори нигаронӣ карда буданд.

Ҳамчунин биноҳои дафотири ин ҳизб дар ноҳияи Панҷакент ва шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғди Тоҷикистон чанде қабл тахриб шуда буданд.

Матолиби муртабит