ҲНИТ узвияти як рӯҳонии мазнун дар бадахлоқӣ дар ин ҳизбро рад кард
Image copyrightBBC World ServiceҲизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), умдатарин ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон, иддиъои узвияти як рӯҳонии муттаҳам ба бадахлоқӣ дар ин ҳизбро рад кардааст.
Масъулони ин ҳизб бо пахши баёнияе ҳамчунин гуфтаанд, ки ҳадаф аз пахши видеуҳои “туҳматангез” алайҳи ҲНИТ дар расонаҳои давлатӣ коҳиши нуфузи он дар ҷомеъа дар остонаи интихоботи порлумонӣ аст.
Дар ин баёния, ки рӯзи чаҳоршанбеи 20 август мунташир шуд, омадааст, ки имом-хатиби масҷиди яке аз рустоҳои ноҳияи Фархор, ки ба доштани равобити ҷинсии номашрӯъ муттаҳам шуда, узви ин ҳизб нест.
Баёнияи ҲНИТ меафзояд, ки тибқи қонуни мавҷуда дар Тоҷикистон имом-хатибони масоҷид наметавонанд аъзои ягон ҳизби сиёсӣ бошанд.
Масъулони ҲНИТ ҳамчунин бо ёдоварӣ аз матлабе, ки ахиран алайҳи раҳабари ин ҳизб дар рӯзномаи давлатии “Ҷумҳурият” мунташир шуд, ин амали мақомоти давлатиро “ғайриахлоқӣ, таҳрифи ҳақиқатҳо ва дорои ангезаи сиесӣ” арзёбӣ кардаанд.
Баёнияи ҲНИТ пас аз намоиши гузорише телевизиюнӣ дар шабакаҳои давлатии Тоҷикистон, ки шоми дирӯз пахш шуд, мунташир мешавад. Дар ин навор саҳнаҳои иртиботи ҷинсии ба гуфтаи муҷрии телевизиюн "номашрӯъи" як марди рӯҳонӣ бо як зан нишон дода шудааст.
ҲНИТ аз пахши чунин наворҳо дар телевизиюнҳои давлатӣ, ки дар он саҳнаҳои фаҳш нишон дода мешаванд, низ шадидан интиқод кардааст. Ба гуфтаи масъулони ҳизб, намоиши чунин барномаҳо мухолиф бо арзишҳои миллӣ ва мазҳабӣ дар Тоҷикистон аст.
Дар баёнияи ин ҳизб омадааст: "Намоиши қитъаҳое аз навор, ки хусусияти пурнугрофӣ ва шаҳватбарангезӣ дорад ва он ҳам дар шабакаи расмии ҳукумати Тоҷикистон, ки аз ҳисоби андози аҳолӣ (молиёти мардум) амал менамояд, бавижа барои кӯдакон ва ҷавонон зарари равонӣ дошта, мухолиф бо арзишхои миллӣ ва динӣ мебошад."
Ин видеу ҳудуди ду ҳафта қабл дар шабакаи иҷтимоъии “Файсбук” зери унвони “Нури наҳзат” ва аз номи "масъулони амниятии" ин ҳизб пахш шуда буд.
Ҳамчунин, ба гуфтаи масъулони ҲНИТ, чанде қабл сидиҳое бо намоиши саҳнаҳое бо ин имом-хатиб дар миёни сокинони минтақаи Кӯлоб дар вилояти Хатлон низ тавзеъ шудаанд.
Аз сӯйи дигар, намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯянд, ки аз соли 2013, қабл аз интихоботи риёсати ҷумҳурӣ, то ҳол, фишорҳое бар аъзои ин ҳизб дар саросари кишвар сурат мегирад.
Чанде қабл, раҳбари бахши ин ҳизб дар вилояти Бадахшон аз сӯйи додгоҳи ноҳияи Ванҷ барои панҷ сол маҳкум ба зиндон шуд. Дар гузашта низ фаъъолони ҲНИТ мукарраран аз иқдомоти ниҳодҳои давлатӣ барои "бадномсозӣ ва саркӯби" раҳбарони ҳизбӣ изҳори нигаронӣ карда буданд.
