Куштигирони ҷудуи Тоҷикистон ба ҳизби халқи демукрот пайвастанд
Рӯзи панҷшанбеи 17 октябр Нуруллоҳ Лоиқов, раиси Федеросиюни ҷудуи Тоҷикистон, дар як ҷаласаи Ҳизби халқи демукрот (ҲХДТ) ба тими мунтахаби куштигирони риштаи ҷудуи ин кишвар гувоҳиномаҳои узвияти ин ҳизбро супурдааст.
Дар ин бора сойти расмии ҲХДТ хабаре пахш кардааст. Гуфта мешавад, ки даҳ нафар аз варзишкорони шинохта, аз ҷумла Расул Боқиев, дорандаи медоли брунзи бозиҳои Улампики Пекан, Комроншоҳи Устопириён, дорандаи медоли тиллои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, аъзои ин ҳизб шудаанд.
Ҳамчунин, куштигирони шинохта, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Саидаҳтам Раҳимов ва Шамс Киромов ба узвияти ҳизби ҳокими халқии демукрот пайвастаанд.
Дар гузашта бозикунони тимҳои футболи "Равшан"-и Кӯлоб ва "Хайр"-и Ваҳдат дастаҷамъона ба узвияти ҳизби халқи демукрот номнавис шуданд, ки ин амр дар остони интихоботи раёсати ҷумҳурӣ навъе таблиғи ҳизби ҳоким ба василаи варзишкорон хонда шудааст.
Ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон соли 1994 таъсис шуда ва раҳбари он Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии кунунии кишвар аст. Ин ҳизб беш аз 200 ҳазор узв дорад.
