Дувумин юриши занони 'тарафдори' Раҳмон ба дафтари ҲСДТ

  • 1 Феврал, 2014
ЗойировImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Зойиров аз мунтақидони бебоки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон буда ва машрӯъияти ҳукумати ӯро зери суол бурдааст

Раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ) аз "тазоҳуроти" муҷаддади гурӯҳе аз занони тарафдори раиси ҷумҳурии ин кишвар дар муқобили дафтари ин ҳизб хабар дод.

Раҳматилло Зойиров мегӯяд, ки қарор буд рӯзи шанбеи аввали феврал дар дафтари ҳизби сусиёл-демукрот ҷаласаи шӯрои сиёсии ин ҳизби мухолифи давлат баргузор шавад, вале ба далели вазъи саломатии худи ӯ ин ҷаласа ба таъвиқ гузошта шудааст.

Бо ин ҳол гурӯҳе иборат аз 10-12 нафар аз занон дар назди дафтари ҳизб ҷамъ шуда ва шиъорҳое алайҳи оқои Зойиров ва ба тафрадорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, сар додаанд.

Оқои Зойиров дар баёнияе, ки рӯзи шанбеи 1 феврал интишор дод, мегӯяд: "Қарор буд соъати 10-и рӯзи шанбеи 01 феврал дар дафтари кории ҳизб ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲСДТ баргузор шавад, ки як чорабинии дохилиҳизбӣ буда дар он "Кунсепсиюни таҷдиди фаъъолияти ҲСДТ барои солҳои 2014-2016" ва масъалаҳои роҳбурдӣ ва вазифаҳои ҲСДТ барои соли 2014 баррасӣ шавад."

Аммо шоми 31 январ ба далели бад шудани вазъи саломатии оқои Зойиров ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲСДТ ба таъвиқ гузошта шуда ва худи ӯ барои табобат ба берун аз шаҳри Душанбе сафар карда буд.

Оқои Зойиров меафзояд: "Сарфи назар аз ин, рӯзи 1.02.2014, соъати 09.40 аз ҳамсояҳо ба ман хабар расид, ки як гурӯҳи занон омада, дару тирезаи дафтарро зада, дар назди қароргоҳ тазоҳурот доранд. Азбаски, ман аз шаҳри Душанбе берун будам, ба чанд нафар аъзои ҳизб ва ҳамсояхо ба воситаи телефун мулоқот карда, хоҳиш кардам, ки воқеъияти корро таъҷилан муъайян кунанд."

Image copyrightBBC World Service
Image caption Барои дувумин бор дар ду моҳи ахир гурӯҳе аз занони тарафдори Эмомалӣ Раҳмон ба дафтари ҳизби мухолифи сусиёл-демукрот юриш бурдаанд

Дар натиҷа, мушаххас шудааст, ки гурӯҳе аз занон, иборат аз 10-12 нафар, воқеъан дар назди дафтари ҳизби сусиёл-демукрот ҷамъ шуда буданд ва шиъор медоданд, ки барои чи Раҳматилло Зойиров алайҳи раисҷумҳурии Тоҷикистон мавзеъ гирифта ва аз ӯ чи мехоҳад?

Сипас, оқои Зойиров ба сардори риёсати таҳқиқи ҷиноии шаҳри Душанбе Б. Шарифхонов дар ин бора хабар додааст. Оқои Шарифхонов ҳамон касест, ки ба шикояти қаблии раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот дар бораи юриши гурӯҳе аз занон ба дафтари ин ҳизб дар рӯзи 10 декабр расидагӣ мекунад.

Он замон теъдоде аз занон, ки худро тарафдори Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур, муъаррифӣ карда буданд, ба дафтари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон юриш бурда ва нишасти хабарии оқои Зойиров пас аз бозгашташ аз Укройнро баҳам зада буданд.

Ҳарчанд оқои Зойиров се рӯз пас аз он воқеъа ба додситонии кул, кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва вазорати кишвари Тоҷикистон шикоят бурда буд, вале ба гуфтаи ӯ, ки то кунун ҳеч посухи манфӣ ё мусбате аз ин се ниҳод дарёфт накардааст.

Дар баёнияи раҳбари ҲСДТ омада, ки ин бор дар ҳоле ки дафтари ҳизб баста буд, занони муътариз то омадани маъмурони пулис дар маҳал истода ва иддаъо доштанд, ки ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҳизб пушти дарҳои баста идома дорад ва масъулон "аз тарсу ҳарос дари қароргоҳро ба мо намекушоянд."

Оқои Зойиров гуфтааст: "Вақте ба онҳо мегӯянд, ки дар қароргоҳ ягон ҷаласа нест, онҳо бовар накарда, талаб мекунанд, ки вориди дафтар шаванд. Дар ин ҳолат, намояндаи ҳизб хоҳиш мекунад, ки "ман дари қароргоҳро мекушоям, як нафаратон даромада бинед ва боварӣ ҳосил кунед, ки ягон ҷаласа баргузор намегардад. Ҳамин тавр, як нафар даромада, мебинад ва эълон мекунад, ки дар қароргоҳ ҳеч нафаре нест."

Пас аз ин, чанде аз занон маҳаллро тарк кардаанд, вале 4-5 нафар дар назди дафтари ҲСДТ боқӣ монда ва гуфтаанд, ки "мо то ахир меистем." Дар ин миён, маъмурони пулис омада ва занҳоро ба идораи маскан (жеу) бурдаанд, то ҳувияти онҳоро мушаххас кунанд.

Аммо пас аз як занги телефунӣ ва гуфтугӯ бо фарде номаълум, раиси бахши таҳқиқоти ҷиноии шаҳри Душанбе бидуни пурсиш ва гирифтани баёнот занонро ҷавоб додааст, ки ин амр машкук ба назар мерасад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки занони муътариз ба Раҳматилло Зойиров дар ҳарду рӯйдод худро тарафдори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, муъаррифӣ карда ва ҳамчунин то кунун беҷазо мондаанд, бисёриҳо муътақиданд, ки ин иқдомот бо сенориюи маъмурони амниятӣ сурат мегирад.

Манобеъи огоҳ мегӯянд, ки маъмурони амниятии Тоҷикистон телефунҳои шахсиятҳои сиёсию иҷтимоъӣ, чеҳраҳо ва раҳбарони мухолифонро ҳамвора шунуд мекунанд, вагарна ин гурӯҳ аз занон дар бораи замони баргузории ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲСДТ аз куҷо хабар ёфтанд?

Раҳматилло Зойиров ҳуқуқдон ва раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот аст ва аз мухолифони умдаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Вай дар авоили солҳои 2000 муддате мушовири раисҷумҳур низ буд, вале пас аз ихтилофи назар бо оқои Раҳмон дар мавриди тамаркузи қудрат, аз симати худ истеъфо дод.

Дар остонаи интихоботи риёсати ҷумҳурии соли 2006, оқои Зойиров бо интишори мақолае дар як сойти хабарӣ машрӯъияти ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро зери суол бурд. Дар остонаи интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар пойизи гузашта низ оқои Зойиров пешниҳоди номзадии раисҷумҳурро ғайриқонунӣ эълом кард.

Нашрияҳои давлатии Тоҷикистон тайи солҳои ахир бо интишори мақолоте шадидуллаҳн оқои Зойировро ҳадафи ҳамалоти расонаӣ қарор дода ва ҳатто ӯро "омили Узбакистон" унвон кардаанд. Вале оқои Зойиров ин иддаъоҳоро рад карда ва мегӯяд, ки давлат дар гуна "бозиҳои касиф" даст дорад.

Матолиби муртабит