ҲХДТ аз таҷрубаи “Нур Отан” баҳра меҷӯяд
Тақвияти ҳамкориҳои Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон (ҲХДТ) бо Ҳизби ҳокими “Нур Отан” дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баррасӣ шудааст.
Тибқи иттилоъи торнамои (сойти) расми ҳизби ҳоким дар Қазоқистон, ин мавзӯъ дар дидори Асрор Латипов, муъовини раҳбари ҲХДТ бо Боирҷон Байбек, муъовини раҳбари ҳизби “Нур Отан”, матраҳ шудааст. Зимнан, раҳбарони ин ду ҳизб раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қазоқистон мебошанд.
Асрор Латипов изҳор доштааст, ки барои Тоҷикистон омӯзиши таҷрубаи фаъъолияти 15-солаи ҳизби “Нур Отан” дар заминаи ваҳдати миллӣ ва ризояти ақвоми мухталиф муҳим аст.
Ҳамчунин, оқои Латипов гуфта, ки барои ҳизбаш таҷрубаи “Нур Отан” дар заминаи истифода аз фанновариҳои ҷадид дар робита бо ҷомеъа муҳим аст. Вай афзудааст, ки ҲХДТ қасд дорад фаъъолияти “қабулгоҳҳои ҷамъиятии” ҳизбӣ дар Тоҷикистонро ба гунаи ҳизби “Нур Отан” роҳандозӣ кунад.
Дар поёни ин дидор миёни ҲХДТ ва “Нур Отан” як санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
