Интихоботи порлумонии Тоҷикистон аввали март баргузор мешавад

  • 5 Декабр, 2014
ИнтихоботImage copyrightBBC World Service
Image caption Таърихи баргузории интихобот мушаххас шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бо судури фармоне замони баргузории интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллии ин кишварро таъйин кардааст.

Бара соси ин фармон, ки рӯзи ҷумъаи 5 декабр мунташир шуд, интихоботи Маҷлиси Намояндагон ва маҷолиси маҳаллии Тоҷикистон рӯзи 1 марти соли оянда баргузор хоҳад шуд. Ҳамчунин, замони баргузории интихобот ба Маҷлиси Миллӣ ё маҷлиси улёи порлумони Тоҷикистон рӯзи 27 марти соли 2015 таъйин шудааст.

Интихоботҳои қаблӣ ба Маҷлиси Намояндагон ва маҷолиси маҳаллии Тоҷикистон маъмулан дар охири моҳи феврал баргузор мешуданд.

Таърихи баргузории интихоботи порлумонӣ замоне эълом шуд, ки ҳамаи ҳашт ҳизби расмии Тоҷикистон омодагии худро ба ширкат дар интихобот иброз дошта ва тадорукотро дар ин замина оғоз кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони бархе аз аҳзоби мухолифи давлати Тоҷикистон аз афзоиши мавориди фишор бар фаъъолон ва аъзои ин ҳизб дар пешорӯйи интихоботи порлумонӣ дар ин кишвар шикоят кардаанд.

Аз ҷумла, Шокирҷон Ҳакимов, муъовини раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон (ҲСДТ), ахиран ба Би-би-сӣ гуфт, ки пас аз эъломи тасмими ӯ дар бораи ширкаташ дар интихоботи порлумонии соли оянда дар ҳавзаи интихоботии шаҳри Конибодоми вилояти Суғд чанд тан аз пайвандон ва тарафдоронаш барои “суҳбат” ба ниҳодҳои амниятии ин шаҳр даъват шудаанд.

Ба гуфтаи оқои Ҳакимов, кормандони амниятии шаҳри Конибодом аз хешу ақрабо ва аъзои пешини ситоди интихоботии ӯ дар интихоботи порлумонии соли 2010 хостаанд, то “аз робита ва тарафдории Шокирҷон Ҳакимов” худдорӣ кунанд.

Ӯ гуфт, ки бархе аз масъулони ниҳодҳои давлатӣ дар роҳи дидору мулоқотҳои Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҲСДТ, ки рӯзҳои ахир дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон бо аъзо ва тарафдорони ин ҳизб анҷом додааст, мавонеъи маснӯъӣ эҷод кардаанд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) низ аз фишорҳои ниҳодҳои давлатӣ ва чопи матолиби ба гуфтаи онҳо "зиддинаҳзатӣ" хабар додааст. Аз ҷумла, ахиран гурӯҳе аз кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муъосир ва оянданигарии илмии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон зимни як баёния ҲНИТ-ро барои ҷомеъаи ин кишвар "хатарофарин" хондаанд.

Муҳиддини Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, ибрози назари кормандони Фарҳангистони улуми ин кишварро "муғойир бо Қонуни асосӣ ва дур аз мафкураи илмӣ” арзёбӣ кард.

Ҳамзамон, оқои Кабирӣ гуфт, ки бо вуҷуди муроҷиъати ҲНИТ ба шаҳрдории Душанбе ва раиси ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҷудо кардани бино барои баргузории анҷумани ин ҳизб ҳал нашуда ва ҳамакнун Ҳизби наҳзати исломӣ дар садад аст, ҳамоиши қаблазинтихоботии худро дар ситоди ҳизб баргузор кунад.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ба масъулони ниҳодҳои зирабти ин кишвар дастур додааст, то шароитро барои интихоботи озоду шаффофи порлумонӣ фароҳам кунанд.