Раҳмон аз 'шароити баробар' гуфт, вале ҲСДТ-ро фаромуш кард?

  • 6 Декабр, 2014
ШоҳиёнImage copyrightBBC World Service
Image caption Бар асоси Қонуни асосии Тоҷикистон, раис, муъовинаш ва аъзои Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсиро раисҷумҳур ба порлумон пешниҳод ва Маҷлиси Намояндагон таъйид мекунад

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзои пешниҳодии Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии ин кишвар мулоқот карда ва хостори баргузории интихоботи шаффоф ва мутобиқ бо меъёрҳои демукросӣ шудааст.

Торнамои риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи шанбеи 6 декабр хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон афродеро, ки ба ҳайси раис, муъовини раис ва аъзои Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии ин кишвар "пешниҳод мешаванд", имрӯз ба ҳузур пазируфтааст.

Асомии ин афрод эълом нашуда, вале торнамои раисҷумҳур менависад: "Тавре аён гардид, ба ҳайъати Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони ҳамаи ҳизбҳои сиёсии расман дар ҷумҳурӣ бақайдгирифташуда пешниҳод гардидаанд ва чаҳор нафари онҳо занон мебошанд."

Аксҳое, ки дар ин торнамо мунташир шуда, нишон медиҳад Шермуҳаммади Шоҳиён, ки аз моҳи феврали 2011 ба ин сӯ риёсати Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсиро ба уҳда дорад, ва чанде дигар аз шахсиятҳои камтар шинохташуда, аз ҷумла чаҳор зан, дар ин мулоқот ҳузур доранд.

Торнамои раисҷумҳур менависад: "Зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки интихобот бояд бо риъояти талаботи қонунгузории Тоҷикистон ва меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ба таври шаффофу демокротик ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки татбиқи талаботи қонун ва меъёрҳои демукротики интихоботӣ бояд барои ҳамаи номзадҳо бо шароити баробар ва яксон таъмин карда шавад."

Оқои Раҳмон ибрози итминон карда, ки интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллӣ, ки 1 марти 2015 баргузор мешавад, "дар фазои орому осуда ва бо риъояти меъёрҳои ҷаҳони мутамаддин ҷараён гирифта, ба таҳкими ваҳдати миллии Тоҷикистон ва рушди босуботу бонизоми ояндаи кишвар" мусоъидат менамояд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Мунтақидон мегӯянд, ки худи оқои Раҳмон шароити баробар миёни аҳзоби сиёсии расмиро дар пешниҳоди аъзои Кумисиюни марказии интихобот риъоят накардааст

Тақозои раиси ҷумҳур барои эҷоди шароити баробар барои номзадҳо дар ҳолест, ки соҳибназарон мегӯянд ҳайъати пешниҳодии ӯ барои Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ намояндагони ҳамаи аҳзоби расмиро дар бар намегирад. Ба гуфтаи онҳо, дастикам яке аз ин аҳзоб "эҳтимолан фаромӯш шудааст."

Хабаргузории "Озодагон" ба нақл аз Абдуманон Дадобоев, раиси дастгоҳи Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ, навишта, ки Ҷалолиддини Маҳмуд аз ҳизби наҳзати исломӣ, Омина Ёрматова аз ҳизби сусиёлист ва Вера Романова аз ҳизби кумунист аз ҷумлаи аъзои пешниҳодии ин кумисиюн ҳастанд.

Аммо ба нивиштаи ин хабаргузорӣ, аз ҳизби сусиёл-демукрот ҳеч намояндае ба унвони узви ин кумисиюн пешниҳод нашудааст. Манобеъи ҳизби сусиёл-демукрот ҳам ин хабарро таъйид карданд ва гуфтанд, ки аз дафтари риёсати ҷумҳурӣ касе бо онҳо дар бораи пешниҳоди намояндаи ҳизб тамос нагирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки торнамои риёсати ҷумҳурӣ басароҳат навишта, ки ба узвияти ин кумисиюн "намояндагони ҳамаи ҳизбҳои сиёсии расман дар ҷумҳурӣ бақайдгирифташуда" пешниҳод шудаанд. Масъулони дафтари риёсати ҷумҳурӣ зимни суҳбат бо Би-би-сӣ дар посух ба ин суол, ки оё аъзои пешниҳодӣ шомили намояндаи ҳизби сусиёл-демукрот ҳам мешавад, гуфтанд, ки дар ин бора иттилоъ надоранд.

Зимнан, дар интихоботҳои порлумонӣ ва риёсати ҷумҳурии гузашта низ ҳеч намояндае аз ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон дар ҳайъати ин кумисиюн ҳузур надоштааст. Аз ҷумла дар замони баргузории интихоботи риёсати ҷумҳурии гузашта, ки моҳи ноябри 2013 баргузор шуд.

Ҳизби сусиёл-демукрот ба раҳбарии Раҳматилло Зоиров аз ҷумлаи ҳашт ҳизби сёсии расман сабтшуда дар Тоҷикистон аст. Оқои Зоиров дар авоили солҳои 2000 аз мушовирони Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар пайи ихтилофи назар бо ӯ дар масоили сиёсӣ аз мақоми худ канорагирӣ кард.

Шокирҷон Ҳакимов, муъовини раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот, мегӯяд, ки дафтари риёсати ҷумҳурӣ ҳамчунон барои пешниҳоди намояндаи ин ҳизб ба узвияти Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ ба манзури таъмини баробарии шароит миёни аҳзоби сиёсӣ фурсат дорад.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Ҳакимов мегӯяд, ки дафтари риёсати ҷумҳурӣ барои пешниҳоди намояндаи ҳизби сусиёл-демукрот ба узвияти Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ ҳамчунон фурсат дорад

Вай дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт: "Тибқи Қонуни асосӣ, раису муъовини раис ва ҳайъати Кумисиюни марказии интихоботро барои тасдиқ ба Маҷлиси Намояндагон раиси ҷумҳур пешниҳод мекунад. Аммо ин дафъа низ аз дафтари риёсати ҷумҳурӣ ба раҳбарияти ҳизби сусиёл-демукрот дар бораи пешниҳоди намояндаи мо касе муроҷиъа накардааст. Аммо мо омода ҳастем, ки агар чунин муроҷиъа шавад, ба таври расмӣ намояндаи худро ба ҳайъати кумисиюн тавсия кунем, зеро то баррасии ин масъала дар порлумон вақт ҳаст."

Оқои Ҳакимов мегӯяд, ки баъд аз таъйиди раису муъовин ва аъзои Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ, раиси он метавонад ба ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ муроҷиъа кунад ва бо тавсияи онҳо намояндагонашонро ба узвияти кумисиюнҳои ҳавзаии интихобот ҷалб кунад.

Вай афзуд: "Ҳамин тартибро зимни ташкили марокизи раъйгирӣ низ риъоят кардан ба манфиъати кор буда, намояндагии баробари ҳизбҳоро дар ҳамаи сутӯҳ таъмин мекунад, ки ин шарти муҳимми шаффофияти интихобот мебошад. Барои ин иродаи сиёсии раисҷумҳур ва раиси Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ ва раисони кумисиюнҳои ҳавзаҳои интихоботӣ зарурист."

Бар асоси моддаи 69-и Қонуни асосии Тоҷикистон ва моддаи 11-и Қонуни конститутсионӣ дар бораи интихоботи порлумонии ин кишвар асомии раис, муъовини раис ва 13 тан аз аъзои Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсиро раиси ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Намояндагон пешниҳод мекунад. Маҷлиси Намояндагон дар тӯли се рӯз пас аз эъломи рӯзи интихобот ин асомиро таъйид мекунад.

Соҳибназарон мегӯянд, дар шароити Тоҷикистон, ки раисҷумҳур аз ихтиёроти густардае бархурдор аст ва аксари кулли аъзои порлумон аъзои ҳизби ӯ мебошанд, Маҷлиси Намояндагон салоҳияти афроди пешниҳодшуда аз сӯйи раисҷумҳурро бидуни кӯчактарин эроде маъмулан мепазирад.