Қонуни интихоботи маҷолиси маҳаллии Тоҷикистон ислоҳ шуд
Image copyrightBBC World ServiceМаҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи ислоҳи Қонуни “Интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ”-ро баррасӣ ва бо аксари кулли оро тасвиб кард.
Бибидавлат Афзалшоева, узви Кумитеи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллии Маҷлиси намояндагон, ки рӯзи ҷумъаи 7 ноябр дар иҷлоси порлумон тарҳи ин қонунро муъаррифӣ мекард, гуфт, ки ин қонун ба манзури такмил ва бартараф кардани таноқузоти он ба қавонони дигар аз ҷониби риёсати ҷумҳурӣ таҳия ва барои баррасӣ ба порлумон ирсол шудааст.
Ба гуфтаи хонуми Афзалшоева, ба ҳангоми таҳияи ин санади ҳуқуқӣ тавсияҳои Дафтари ниҳодҳои демукротик ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲУ) барои баргузории интихоботи озоду шаффоф дар Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ, узви порлумон ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолифи давлат, гуфт, ки дар ислоҳи ин қонун танҳо аз он тавсияҳои ин созмон, ки дар раванди интихобот асари чандоне надоранд, истифода шудааст.
Аз ҷумла, ба гуфтаи оқои Кабирӣ, дар ин санади ҳуқуқӣ тавсияи САҲУ дар бораи шеваи раъйдиҳӣ дар интихобот иҷро шуда ва ҳамакнун раъйдиҳандагон ба ивази хат задан дар муқобили исми номзад ё ҳизби тарафдорашон аломати ҷамъ мегузоранд.
Дар тарҳи пешниҳодӣ ҳафт мавриди тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихобот ба маҷолиси маҳаллӣ, аз ҷумла, таъсиси кумисиюнҳои вилоятӣ, шаҳрию ноҳияӣ ва шеваи раъйдиҳӣ анҷом шуда, теъдоди афроде, ки ҳаққи ширкат дар интихобот доранд, мушаххас шудааст.
Тибқи ислоҳияи ҷадид, "аъзои ҳукумати Тоҷикистон, судяҳо (додрасҳо), прокурорҳо (додситонҳо), роҳбарони ниҳодҳои иҷроии марказии ҳокимияти давлатӣ ва муъовинони онҳо ва роҳбарони сохторҳои давлатии маҳаллӣ ҳаққи ширкат ба унвони номзад дар интихобот ба маҷолиси маҳаллиро надоранд."
Бар асоси ин санад, мақомоти маҳаллӣ танҳо дар сурати истеъфо кардан аз симатҳои худ метавонанд ба ҳайси номзад дар интихобот худро сабти ном кунанд.
Аммо ин феҳрист шомили руасои шаҳрҳо, навоҳию вилоёт ва муъовинони онҳо, ки бо пешниҳоди раиси ҷумҳурӣ аз ҷониби маҷолиси маҳаллӣ ба ин симатҳо интихоб мешаванд, нахоҳанд шуд.
Ба гуфтаи Галина Рабиева, намояндаи Ҳизби ҳокими халқи демукрот дар порлумон, тибқи Қонуни “Мақомоти маҳаллӣ” раҳбарони дастгоҳ ё раисони бахшҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ “мақомоти маҳаллӣ” маҳсуб шуда ва раису муъовинони ҳукуматҳои маҳаллӣ дар ин ҷо истисно ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, раҳбарони бархе аз аҳзоби мухолифи давлат тасвиби Қонуни интихоботи маҷолиси маҳаллиро дар роҳи баргузории интихоботи озоду шаффоф як гом ба ақаб арзёбӣ карданд.
Масалан, ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, дар қонуни қаблӣ ҳар ҳизб сарфи назар аз вуҷуд доштан ё надоштани созмони аввалия дар ноҳия ҳаққи пешниҳоди намояндаи худ ба узвияти кумисиюнҳои ҳавзаиро дошт.
Оқои Кабирӣ гуфт, ҲНИТ, ки дар ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон бахши маҳаллии худро надорад, метавонист аз ноҳияи ҳамсояи Ишкошим намояндаи худро ба ҳавзаи интихоботии Мурғоб бифиристад.
Дар санади феълӣ ин ихтиёр лағв шуда, ба истиснои аҳзоби халқи демукрот, ҲНИТ ва кумунист аҳзоби дигар дар бештари ҳавзаҳои шаҳру навоҳӣ имкони пешниҳоди намояндаи худро надоранд ва ин амр аз ширкати фаъъоли ин аҳзоб дар интихоботи маҷолиси маҳаллӣ монеъ хоҳад шуд.
