Дидори намояндагони порлумон бо сокинони Тоҷикистон
Намояндагони порлумони Тоҷикистон ба манзури дидор бо раъйдиҳандагон ва ташреҳи нукоти паёми солонаи Президент Раҳмон ба манотиқи мухталифи кишвар сафар кардаанд.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ин дидор аз рӯзи 28 апрел шурӯъ шуда то 4 майи соли ҷорӣ идома хоҳад дошт.
Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 23 апрел дар паёми солонаи худ ба маҷолиси улё ва суфлои порлумони кишвар масоили марбут ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоъии ин кишварро баррасӣ карда буд.
Маъмулан пас аз ирсоли паёми солонаи Президент Раҳмон намояндагони порлумони Тоҷикистон ба хотири шарҳу тафсири нукоти он ба манотиқи мухталифи кишвар сафар мекунанд.
