Кумаки Бонки Осиёӣ ба бозсозии зерсохтҳои гумрукии Тоҷикистон
Image copyrightBBC World ServiceБонки Тавсеъаи Осиёӣ (БТО) барои тармиму навсозии гузаргоҳҳои марзӣ ва муҷаҳҳаз кардани ниҳодҳои гумрукии Тоҷикистон бо таҷҳизоти мудерни фаннӣ тарҳеро рӯйи даст гирифтааст.
Иҷрои ин тарҳ, ки ҳазинааш 11,2 милюн дулор арзёбӣ мешавад, аз соли гузашта оғоз шуда ва то моҳи июни соли 2018 идома хоҳад дошт.
Саҳми давлати Тоҷикистон дар ин тарҳ 1,7 милюн дулор буда ва аз тариқи муъоф кардани вуруди таҷҳизоти фаннӣ ба кишвар аз пардохти молиёту аворизи гумрукӣ иҷро мешавад.
Аъламхон Наъимӣ, муъовини вазири дороии Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 1 октябр дар иҷлоси порлумон гуфт, тарҳи БТО таҳти унвони “Ҳамкориҳои иқтисодии минтақаии Осиёи Марказӣ барои беҳтар сохтани хадамоти марзӣ” дар канори Тоҷикистон Қирғизистону Муғулистонро низ паҳти пӯшиш қарор хоҳад дод.
Ба гуфтаи оқои Наъимӣ, сода кардани расмиёти тиҷорат дар Осиёи Марказӣ, беҳбуди шароити фаннии гузаргоҳҳои марзӣ ва рафъи мавонеъи идорию сохторӣ барои ҳамлу нақли тронзитӣ аз аҳдофи аслии ин тарҳ маҳсуб мешавад.
Ӯ гуфт, ки дар назар аст, дар чорчӯби ин тарҳ терминолҳои гузаргоҳи “Гулистон”-и шаҳри Исфара, воқеъ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон, тармиму бозсозӣ шуда, бо васоили мухобиротию таҷҳизоти идорию назоратӣ муҷаҳҳаз шавад.
Ҳамчунин, дар ин гузаргоҳи марзӣ анбор, маскан барои кормандону афсарон, ду нуқтаи назоратию иҷозадиҳӣ, утоқҳои вижа барои назорати пизишкӣ, беҳдорӣ, домпизишкӣ, системи обрасонӣ ва таҷҳизоти мухобиротӣ эҳдос хоҳанд шуд.
Гуфта мешавад, ташкил ва таҷҳизи терминолҳо бо васоили мудерни фаннӣ метавонад имконоти тронзитии кишварро беҳтар сохта ва саҳми онро дар ироаи хадамоти минтақаию байналмилалии таробарӣ, эҷоди машоғили тоза ва дар маҷмӯъ дар рушди иқтисоди кишвар чашмрас кунад.
Дар чорчӯби тарҳи БТО барои тавсеъаи равзанаи ягонаи миллӣ, таъсиси системи воҳиди утумотики иттилоъотии идораи гумрук бо “Равзанаи ягона”, харидории таҷҳизоти мудерни фаннӣ ба миқдори 6,2 милюн дулор тахсис хоҳад шуд.
Масъулияти иҷрои ин тарҳро Идораи гумруки Тоҷикистон ба уҳда дошта ва дар сурати иҷрои он вақт барои таҳия ва интиқоли колоҳои воридотию содиротӣ дар нуқтаҳои марзӣ сарфаҷӯйӣ шуда, хидматрасонӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ анҷом хоҳад шуд.
Дар ниҳоят, ин амр ба афзоиши тронзити колоҳо, ҳамгироии Осиёи Марказӣ бо иқтисоди ҷаҳонӣ, танзими тиҷорати байналмилалӣ, таъмини шаффофият дар коргузорӣ мусоъидат хоҳад кард.
Зимнан, Бонки Тавсеъаи Осиёӣ дар Тоҷикистон 13 тарҳи сармоягузориро рӯи даст гирифтааст, ки ҳазинаи онҳо 905 милюн дулори омрикоӣ буда ва 75 дарсади ин маболиғро кумакҳои билоъиваз ташкил медиҳанд.
Дар иҷлоси Маҷлиси намоядагони Тоҷикистон дар паҳлӯи тарҳи “Ҳамкориҳои иқтисодии минтақаии Осиёи Марказӣ барои беҳтар сохтани хадамоти марзӣ”-и БТО мувофиқатномаи Тоҷикистону Афғонистон дар заминаи ҳавасмандгардонӣ (ташвиқ) ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ баррасӣ ва тасвиб шуд.
Ин санади ҳуқуқӣ 26 марти соли ҷорӣ дар ҷараёни дидори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Афғонистон имзо шуда буд. Дар ин санад амният ва интиқоли озоди маболиғи сармоягузорон тазмин шуда ва шароити ҳуқуқӣ барои ҷалб ва ҳифзи ин сармоя фароҳам гардидааст.
