Дороиҳои кормандони давлатии Тоҷикистон минбаъд бозрасӣ мешавад

  • 30 Май, 2014
ПорлумонImage copyrightBBC World Service
Image caption Дар иҷлоси порлумони Тоҷикистон Қонуни "Хидмати давлатӣ" ислоҳ шуд

Бо ислоҳи Қонуни “Хидмати давлатӣ” аз сӯйи порлумони Тоҷикистон минбаъд кормандони давлатӣ аз ҷониби ниҳоди вижаи ҳукумат мавриди санҷиш ё бозрасии вижа қарор хоҳанд гирифт.

Гурез Қосимов, раиси Ожонси хидмати давлатии Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъаи 30 май дар иҷлоси порлумон тарҳи ислоҳи ин қонунро қабл аз тасвиб шарҳ медод, “таҳкими интизоми хидматӣ ва мубориза бо фасодро” аз аҳдофи аслии ин иқдом унвон кард.

Ба гуфтаи вай, дар сурате ки кормандони давлатӣ дар эъломияҳои амволи худ дар бораи вазъияти молу мулк ва дороиҳояшон иттилоъоти дурӯғин ва ғайрисаҳеҳ диҳанд, дороиҳои онҳо бозрасӣ хоҳад шуд.

Ҳамчунин, тибқи муқаррароти ҷадид, фаъъолияти ҳамаи кормандони сохторҳои давлатӣ бар асоси қарордод сурат гирифта ва намунаи қарордоди истихдом аз ҷониби давлати Тоҷикистон таъйид хоҳад шуд.

Ба гуфтаи коршиносон, мавориди фасод дар бештари сохторҳои давлатии Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад ва иҷрои ҳама гуна корҳо тавассути пардохти ришва сурат мегирад.

Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон низ дар авоили соли ҷорӣ аз афзоиши 10-дарсадии мизони фасод дар сохторҳои давлатӣ хабар дода буд.

Аз ҷумла, бино ба иттилоъи ин ожонс, дар соли милодии ҷорӣ ду корманди Идораи гумруки Тоҷикистон ба ҳангоми "фурӯши" мансаби сарнозири дидбонгоҳи “Регар”-и шаҳри Турсунзода ба маблағи 15 ҳазор дулори омрикоӣ боздошт шудаанд.

Зимнан, ниҳодҳои марбут ба Созмони Милали Муттаҳид, Бонки Ҷаҳонӣ ва Шаффофияти Байналмилалӣ мукарраран дар гузоришҳои худ Тоҷикистонро ҷузви феҳристи кишварҳои фасодзада хондаанд.

Маҷаллаи молию иқтисодии омрикоии мавсум ба “Forbes” низ дар гузориши худ бо номи “Беҳтарин кишварҳо барои тиҷорат”, ки дар соли гузашта мунташир шуд, Тоҷикистонро аз ҷумлаи 13 кишвари фасодзадатарини ҷаҳон унвон карда буд.

Аммо масъулони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон арзёбии маҷаллаи “Forbes” дар бораи мизони болои фасод дар ин кишварро “ғайримунсифона ва сатҳӣ” арзёбӣ карданд.