Қонуни нави додгоҳҳо дар Тоҷикистон: Ҳадя гирифтани қозӣ фасод аст

  • 4 Июн, 2014
ПорлумонImage copyrightBBC World Service
Image caption Дар иҷлоси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қонунҳо дар бораи додгоҳҳо ва Додгоҳи Қонуни асосӣ баррасӣ ва тасвиб шуд

Дар Қонуни ҷадиди Тоҷикистон дар бораи додгоҳҳо дарёфти ҳама гуна ҳадя ё туҳфа аз ҷониби додрасҳо ё қуззот навъе ришвахорӣ ё фасод муқаррар шудааст.

Нусратулло Абдуллозода, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки рӯзи чаҳоршанбеи 4 июн дар иҷлоси Маҷлиси намояндагон тарҳи Қонуни “Судҳо” (додгоҳҳо)-ро муъаррифӣ мекард, далели ин амрро навъе талош барои ҷилавгирӣ аз мавориди фасод дар фаъъолияти додгоҳҳо ва қуззот хонд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Абдуллозода, дар қонуни ҷадид танҳо афроде, ки забони давлатиро хуб медонанд ва шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд, метавонанд ба ҳайси қозӣ фаъъолият кунанд.

Тибқи ин санади ҳуқуқӣ, ашхосе, ки тобеъияти ду кишварро доранд, ҳаққи фаъъолият дар ин симатро нахоҳанд дошт. Феълан Тоҷикистон бо Русия дар мавриди душаҳрвандӣ мувофиқатнома дорад.

Ҳамчунин, дар иҷлоси имрӯзи порлумон Қонуни ҷадиди “Суди (додгоҳи) конститутсионӣ” баррасӣ ва тасвиб шуд.

Ба гуфтаи Маҳкам Маҳмудзода, раиси Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон, қонуни қаблӣ дар моҳи ноябри соли 1995 тасвиб шуда ва дар ин муддат 12 маротиба ислоҳ шудааст.

Дар пайи тасвиби Барномаи ислоҳоти додгоҳию ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон ва ба манзури мутобиқ сохтани асноди ҳуқуқии кишвар бо меъёрҳои байналмилалӣ зарурати таҳия ва тасвиби Қонуни ҷадиди “Суди конститутсионӣ (Додгоҳи Қонуни асосӣ)” пеш омадааст.

Оқои Маҳмудзода гуфт, ки ба манзури беҳбуд ва шаффофияти фаъъолияти додгоҳҳо ба қонуни ҷадид чанд моддаи тоза изофа шудааст. Аз ҷумла, ҷаласоти додгоҳҳои Қонуни асосӣ ба таври озод баргузор шуда ва ба сабти садо ва видеуии онҳо иҷоза дода шудааст.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Абдуллозода гуфт, ки бар асоси қонуни ҷадид қозиҳо ҳаққи дарёфти ҳадяро надоранд

Аз сӯйи дигар, куллияи асноди додгоҳи Қонуни асосӣ соле чаҳор бор дар нашрияи “Ахбори Додгоҳи Қонуни асосӣ” мунташир мешавад.

Ҳамчунин, ба дунболи интиқоди созмонҳои байналмилалӣ аз фаъъолияти қуззоти додгоҳи Қонуни асосӣ, ки худ ба ин додгоҳ шикоят бурда ва худ онро баррасӣ мекунанд, ин нуқси қонун ислоҳ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва намояндаи порлумони Тоҷикистон, аз муфодди марбут ба додани имтиёзоти молӣ ба қуззот пуштибонӣ карда ва гуфт, ки мумкин аст ин амр ба мустақил шудани Додгоҳи Қонуни асосӣ мусоъидат кунад.

Ҳамзамон, оқои Кабирӣ аз раиси Додгоҳи Қонуни асосӣ суол кард, ки оё дар баҳси сокинони кишвар бо масъулони ниҳодҳои давлатӣ боре ҳам ҳеч қазияе ба нафъи сокинон анҷом ёфтааст?

Ба гуфтаи Маҳкам Маҳмудзода, агар шикоят дар чорчӯби Қонуни асосӣ буда ва далоили кофӣ дошта бошад, ҳатман ба нафъи шокиён тамом хоҳад шуд. Ба унвони мисол, аз 11 мавриди ғайриқонунӣ арзёбӣ шудани қонуну муқаррарот ва мусаввабаҳои ниҳодҳои давлатӣ ёдовар шуд.

Оқои Маҳмудзода гуфт: "Дар панҷ соли ахир, ки ман раиси Суди конститутсионӣ додгоҳи қонуни асосӣ) ҳастам, ду шикоят аз ҲНИТ ворид шуда буд. Дар ин бора як бор қарор ва бори дигар таъйинот қабул кардем.”

Ӯ гуфт, ба Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон беш аз ду ҳазор шикояти сокинони кишвар аз фаъъолияти масъулон ва ниҳодҳои давлатӣ ворид шуда ва онҳо дар чорчӯби Қонуни асосӣ баррасӣ ва ҳал шудаанд.

Матолиби муртабит