Дар Тоҷикистон ширкати хориҷиён дар тазоҳурот мамнӯъ шуд
Image copyrightBBC World ServiceПорлумони Тоҷикистон бо тасвиби муқаррароти ҷадид атбоъи хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандии муқими ин кишварро аз ҳаққи баргузорӣ ва ширкат дар тазоҳурот маҳрум кард.
Тибқи ислоҳот дар Қонуни “Маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо”, ки рӯзи чаҳоршанбеи 25 июн дар иҷлоси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тасвиб шуд, атбоъи хориҷӣ ё афроди бидуни шаҳрвандии муқими ин кишвар барои ширкат дар гирдиҳамоиҳо ё тазоҳуроти эътирозӣ муҷозот хоҳанд шуд.
Ҳамзамон, Саттор Холов, муъовини раиси Кумитеи тартиботи ҳуқуқӣ, дифоъ ва амнияти Маҷлиси намояндагон, таъкид кард, ки бар асоси қавонини Тоҷикистон атбоъи ин кишвар аз ҳаққи баргузории ҳамоишҳо, ҷаласот, тазоҳурот ва роҳпаймоиҳои эътирозӣӣ бархурдор буда ва дар ин қонун барои онҳо маҳдудияте эҷод нашудааст.
Гуфта мешавад, ахиран порлумони Тоҷикистон тарҳи ҷадиди Қонуни “Маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо”-ро таҳия карда ва барои баррасӣ ба вазорату идороти зидахли ин кишвар пешниҳод кардааст.
Оқои Холов далели ин иқдомро ба норӯшан будани иддае аз нукоти қонуни феълӣ марбут хонда ва гуфт, ки ин амр дар наҳваи баргузории ҷаласот, тазоҳурот ва роҳпаймоиҳои эътирозӣ мушкили зиёде пеш овардааст.
Ӯ гуфт, аз ҷумла дар ин санади ҳуқуқӣ омадааст, ки созмондиҳандагон дар мавриди баргузории ҳамоиш ё тазоҳурот ниҳодҳои давлатиро танҳо “огоҳ” мекунанд. Аммо рӯшан нест, ки ин огоҳӣ катбӣ аст ва созмондиҳангон чи масъулиятеро ба уҳда доранд.
Дар тарҳи қонуни ҷадид мушаххас шуда, ки созмондиҳангони тазоҳурот, ҳамоишҳо ва роҳпаймоиҳо бояд қаблан ба ниҳодҳои зирабти давлатӣ дар ин замина ба таври катбӣ дархост пешниҳод карда, замону макони тазоҳурот ва теъдоди ширкаткунандагонро эълом кунанд.
Ҳамчунин, созмондиҳандагон масъулияти баргузории тазоҳурот, роҳпаймоиҳо ё ҳамоишҳои эътирозиро ба уҳда дошта, онро бояд идора кунанд, то ин аъмол ба хушунат кашида нашавад.
Дар иҷлоси имрӯзи порлумони Тоҷикистон Қонуни кайфарии ин кишвар низ ислоҳ шуд ва тибқи ин ислоҳот маводди оташангез навъе силоҳ арзёбӣ мешавад. Ҳамакнун афроде, ки дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозӣ аз зуруфи шишаӣ бо бензин ё маводди дигари оташангез (мисли куктейли Молотов) истифода мекунанд, бар асоси қонуни кайфарӣ муҷозот хоҳанд шуд.
Дар ин санад дар сурати ворид шудани хисороти молӣ тавассути ин мавод ҷарима ва ба ҳангоми талафоти ҷонӣ музоҷоти ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.
Намояндагони порлумон ҳадаф аз ислоҳоти ахир дар қавонини Тоҷикистонро танзими баргузории ҳамоишҳо ё тазоҳуроти эътирозӣ ва ҷилавгирӣ аз хушунати эҳтимолӣ дар онҳо хондаанд.
Ба гуфтаи онҳо, тазоҳуроти эътирозӣ дар Тоҷикистон дар соли 1992 ба ҷанги дохилӣ анҷомида ва дар соли ҷорӣ тазоҳуроти тӯлонӣ дар Укройн бо истифода аз маводди оташангез ба хушунат ва беназмиҳо мунҷар шудааст.
Соҳибназарон мегӯянд, ки мақомоти Тоҷикистон аз эҳтимоли норизоятиҳои густарда ва баргузории тазоҳуроти эътирозии эҳтимолӣ аз сӯйи мардум башиддат нигаронанд ва тасвиби муқаррароти ҷадид навъе талош барои кунтрули сахтгиронатари мардум аст.
Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи ҳуқуқдон Шуҳрат Қудратов, маҳрумияти шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандӣ аз баргузории тазоҳуроти эътирозӣ ё ширкат дар он нақзи ҳуқуқи башар маҳсуб мешавад, зеро ҳаққи эътироз дар ҳар шароит ва дар ҳар кишваре аз ҳуқуқи бунёдии навъи башар маҳсуб мешавад.
