Ваколати намояндагии Маҳмадшариф Ҳақдодов қатъ шуд

  • 30 Июн, 2014

Ба далели таъйин шудан ба мақоми давлатӣ ваколати намояндагии Маҳмадшариф Ҳақдодов, раиси Кумисиюни экулуҷии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қабл аз муддат қатъ гардид.

Зимнан, оқои Ҳақдодов бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон муъовини дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой таъйин шудааст.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон аз хидматҳои Маҳмадшариф Ҳақдодов ба унвони намояндаи порлумон ва раиси Кумисиюни экулуҷии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қадрдонӣ карда ва ба ӯ ифтихорномаи Маҷлиси намояндагонро эъто кард.

Ба гуфтаи оқои Зуҳуров, оқои Ҳақдодов ба ҳайси раиси Кумисиюни экулуҷӣ масоили марбут ба асари номатлуби корхонаҳои санъатии Ӯзбакистон ба муҳити зисти навоҳии ҳаммарзи вилояти Суғди Тоҷикистон, корхонаи Талко ва соири масоили зистмуҳитиро дар ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ бо ҳамтоёни ӯзбаки худ матраҳ кардааст.

Ҳамакнун Зайниддин Сафаров, узви Кумитаи кишоварзӣ ва экулуҷии порлумон, ба симати раисии Кумисиюни экулуҷии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон баргузида шуд.