Порлумон қонуни ҷадиди “Нафту гоз”-ро омода мекунад
Image copyrightBBC World ServiceТибқи мусаваббаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон барои омода ва пешниҳоди тарҳи Қонуни “Нафту гоз” ба иҷлоси порлумон гурӯҳи корӣ таъсис шудааст.
Исмоъил Талбаков, намояндаи порлумон ва муаллифи тарҳи ин санад, рӯзи душанбеи 3 ноябр ба Би-би-сӣ гуфт, ба гурӯҳи корӣ намояндагони порлумон ва масъулони вазоратҳои энержию захоири об, саноъею текнулуҷӣ ва корхонаи "Нафту гоз"-и Тоҷикистон шомил ҳастанд.
Оқои Талбаков зарурати тасвиби Қонуни ҷадиди "Нафту гоз"-ро ба эҷоди заминаи ҳуқуқӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ барои истихроҷи маъодини нафту гоз дар Тоҷикистон марбут хонд.
Ӯ гуфт, бар асоси натоиҷи корҳои иктишофии маъодини нафту гоз дар Тоҷикистон дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ва замони истиқлолияти ин кишвар дар Тоҷикистон захоири бузурги нафту гоз мавҷуд буда, аммо барои истихррҷи онҳо маболиғи ҳангуфте лозим аст.
Гуфта мешавад, ки дар сурати баҳрабардорӣ аз онҳо ниёзҳои ин кишвар ба маҳсулоти нафту гоз комилан бароварда шуда ва Тоҷикистон аз вобастагии Русия, Қазоқистон ва Ӯзбакистон барои вуруди маҳсулоти нафту гоз раҳо хоҳад шуд.
Феълан беш аз 90 дарсади маҳсулоти нафту гози мавриди ниёзи Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ ба ин мамлакат ворид мешавад.
Дар назар аст, дар зарфи ду моҳи оянда тарҳи Қонуни "Нафту гоз" аз ҷониби аъзои гурӯҳи корӣ такмил шуда ва барои баррасӣ ба иҷлоси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳод шавад.
Бино ба иттилоъи Муҳаммадато Султонов, сухангӯйи порлумон, ҳамчунин, дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳҳои қавонини "Интихобот ба маҷолиси маҳаллӣ", "Нерӯҳои Вазорати умури дохила", "Нерӯҳои марзбони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон", "Дар бораи мақоми низомиён" ва асноди дигар баррасӣ шудааст.
