Ширинов: 'Буҳрони Укройн дар коҳиши баҳои сомонӣ асар гузошт'
Image copyrightBBC World ServiceРаиси Бонки миллии Тоҷикистон коҳиши баҳои сомонӣ, пули милии ин кишвар, дар баробари арзҳои хориҷиро ба буҳрони Укройн ва таҳримҳои Урупою Омрико алайҳи Русия марбут хонд.
Абдуҷаббор Ширинов, ки рӯзи ҷумъаи 24 октябр дар ҷараёни баррасии иҷрои Қонуни будҷеи соли ҷорӣ дар порлумон суҳбат мекард, гуфт, ки ба далели шарики иқтисодӣ будани Русия вазъи феълии ин кишвар дар иқтисоди кишварҳои узви Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд бо шумули Тоҷикистон асароти манфӣ гузоштааст.
Аз ин лиҳоз, дар соли ҷорӣ баҳои сомонӣ дар баробари дулор ва юру ба андозаи 4,8 дарсад пойин рафтааст.
Ин дар ҳолест, ки дар соли ҷорӣ танга, пули миллии Қазоқистон, дар баробари арзҳои хориҷӣ 20 дарсад аз арзиши худро аз даст додааст.
Таҳримҳои байналмилалӣ ва коҳиши ҷиддии баҳои нафт, аз маҳсулоти аслии содиротии Русия, ба коҳиши 20-дарсадии рубли русӣ мунҷар шудааст.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон гуфтанд, ки ин ниҳод барои собит нигоҳ доштани арзиши сомонӣ як миқдор арзи хориҷиро ба бозор арза кардааст.
Аз ҷумла, Бонки миллӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба маблағи ҳафт милюн дулорро ба фурӯш бароварда, ки ин иқдом ба болоравии баҳои сомонӣ дар баробари дулор, юру ва рубл дар бозори дохилӣ мунҷар шудааст.
Аммо иқтисоддонҳои мустақил ин тадбири Бонки миллиро барои собит нигоҳ доштани арзиши сомонӣ чандон муассир намедонанд. Ба гуфтаи онҳо, захоири арзии Тоҷикистон чандон зиёд набуда (600 милюн дулор) ва аз тариқи фурӯши ин захоир аз коҳиши баҳои сомонӣ ҷилавгирӣ кардан душвор хоҳад буд.
Ҷамолиддин Нуралиев, муъовини аввали вазири дороии Тоҷикистон, вазъи феълии иқтисоди Русия ва коҳиши мизони интиқоли пулҳои муҳоҷирон аз ин кишвар ба ватанро чандон нигаронкунанда намедонад.
Оқои Нуралиев дар ин ҳамоиш гуфт, ки феълан як гурӯҳи кории давлати Тоҷикистон “омилҳои таъсиррасон дар рушди иқтисоди Тоҷикистонро меомӯзад” ва бар асоси ин пажӯҳиш авомили таъсиргузор дар иқтисоди Тоҷикистон мушаххас ва роҳҳои муқобала бо он баррасӣ хоҳад шуд.
Зимнан, дар ҷараёни баррасии иҷрои Қонуни будҷеи соли ҷорӣ дар порлумони Тоҷикистон ба тавсеъаи 6,7 дарсадии иқтисоди ин кишвар ва афзоиши чаҳор милёрд сомонии бахши даромади будҷеи соли ҷорӣ дар муқоиса бо будҷеи соли гузашта таъкид шуд.
Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Маҳмадов, муъовини раиси Идораи гумруки Тоҷикистон, аз тафовути бесобиқаи содироту воридот дар гардиши колои ин кишвар хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар нуҳ моҳи соли милодии ҷорӣ мизони воридот 3,5 милёрд дулор (772 милюн дулор афзоиш) ва содирот танҳо 915 милюн дулорро (коҳиш 36 милюн дулор) ташкил додааст.
