Давлатзод: Буҳрони иқтисодӣ Тоҷикистонро таҳдид намекунад
Image copyrightBBC World ServiceЯк масъули Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфт, ки бо вуҷуди коҳиши ҷиддии мизони содирот ва соири мушкилоти иқтисодӣ ин кишвар дар маърази буҳрон қарор надорад.
Тибқи омори расмӣ, дар зарфи шаш моҳи солимилодии ҷорӣ ҳаҷми умумии табодули коло миёни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ 2,9 милёрд дулори омрикоиро ташкил додааст, ки ин рақам дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта ҳудуди 15 дарсад бештар аст.
Аз ин ҷумла, мизони содироти колоҳо аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ танҳо 521 милюн дулор ё баробари 18 дарсад аз табодули коло будааст.
Ба эътиқоди иқтисоддонҳо, коҳиши ҷиддии содирот дар баробари воридот, ки дар соли ҷорӣ чаҳор баробарро ташкил додааст, мумкин аст дар вазъи иқтисоди Тоҷикистон асароти манфӣ гузошта ва дар ниҳоят, ин кишвар дучори буҳрони ҷиддии иқтисодӣ шавад.
Ҳамчунин, дар пайи ташдиди таҳримҳои Омрико ва Иттиҳодияи Урупо алайҳи Русия мумкин аст сармоягузорӣ дар бахши сохтмони ин кишвар ҷиддан коҳиш ёфта ва ҳазорҳо тан аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки умдатан дар ин бахш фаъъолият мекунанд, машоғили худро аз даст диҳанд.
Аммо Умед Давлатзод, муъовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 30 июл дар нишасте хабарӣ гуфт, ки коҳиши ҷиддии мизони содирот ба ҳеч ваҷҳ аз авомили аслии буҳронзо маҳсуб намешавад.
Ба гуфтаи оқои Давлатзод, дар соли ҷорӣ дар бахшҳои саноеъ, кишоварзӣ ва хадамот тавсеъаи муназзам ба мушоҳида расида ва ҳаҷми бидеҳиҳои хориҷӣ низ аз 25 дарсад дар соли гузашта ба 21,9 дарсади тавлиди нохолиси дохилӣ дар соли ҷорӣ пойин рафтааст.
Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи ӯ, аз тариқи ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва тавлиди колоҳои мавриди ниёз имкон дорад сатҳи содирот дар ин кишвар беҳтар шавад.
Дар ҳамин ҳол, масъулони Вазорати рушди иҷтисод ва тиҷорат вобастагии содироти Тоҷикистон ба нархи маводди хоми олуминиюм ва панба дар бозори ҷаҳониро аз илали аслии коҳиши ҷиддии мизони содироти ин кишвар арзёбӣ карданд.
Ба гуфтаи Неъматҷон Бӯриев, муъовини аввали вазири рушди иқтисод ва тиҷорат, дар соли ҷорӣ қимати олуминиюм дар бозори ҷаҳонӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта 10 дарсад коҳиш ёфтааст.
Оқои Бӯриев гуфт, ки коҳиши мизони тақозо ба олуминиюм дар бозори ҷаҳонӣ дар тавлиди ин навъи филиз дар корхонаи "Талко" асар гузошта ва дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ин корхона ба миқдори 63 ҳазору 900 тун олуминиюм тавлид шудааст, ки ин рақам дар муқоиса бо нишондоди соли гузашта 54 дарсад камтар аст.
Ӯ гуфт, ки давлати Тоҷикистон барои ислоҳи тавозуни содироту воридот барномаи вижаеро тасвиб карда ва дар он ба коркарди маҳсули олуминиюм ва панба дар дохили кишвар авлавият қоил шудааст. Яъне, дар оянда ин кишвар дар садад аст, ба ивази маводди хом колоҳое бо маводди олуминиюм ва панба содир кунад.
Вале ба эътиқоди коршиносон, барои иҷрои ин тарҳ фурсат ва маболиғи ҳангуфте лозим аст, то корхонаҳои коркарди ин маводди хом бунёд ва колоҳои дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир тавлид шавад.
Дар ҳамин ҳол, манобеъи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфтанд, ки бештари нерӯгоҳҳои обӣ, корхонаҳои нассоҷӣ ва корхонаи "Талко" ба навсозии таҷҳизоташон ниёз доранд ва вуруди таҷҳизоти мудерн ба Тоҷикистон метавонад ба афзоиши мизони воридот мунҷар шавад.
