Бонки Ҷаҳонӣ: Афзоиши рушди иқтисодии ҷаҳон, идомаи заъфи иқтисодии Эрон
Image copyrightAFPБонки Ҷаҳонӣ аз беҳбуди чашмандози иқтисоди ҷаҳон дар соли ҷадиди мелодӣ хабар дода, аммо нисбат ба шароити Эрон ва Афғонистон ибрози хушбинӣ накардааст.
Дар гузориши "Чашмандозӣ иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли 2014"-и Бонки Ҷаҳонӣ омадааст, ки беҳбуди иқтисоди кишварҳои пешрафтаи сарватманд ҳамроҳ бо идомаи рушди сареъи иқтисоди Чин қодир аст саранҷом ба рукуди ҷаҳонӣ поён диҳад. Ин рукуд аз панҷ сол пеш оғоз шуда буд.
Ин гузориш пешбинӣ кардааст, ки нархи рушди иқтисоди ҷаҳонӣ аз ду ва чаҳор даҳуми дарсад (2,4%) дар соли 2013 ба се ва ду даҳуми дарсад (3,2%) дар соли ҷорӣ афзоиш ёбад. Ҳамин нархи рушд барои соли 2015 низ пешбинӣ шуда ва интизор меравад, соли пас аз он каме афзоиш пайдо кунад.
Дар кишварҳои дар ҳоли тавсеъаи ҷаҳон интизор меравад нархи рушди иқтисодӣ аз чаҳор ва ҳашт даҳуми дарсад (4,8%) дар соли 2013 ба панҷ ва се даҳуми дарсад (5,3%) дар соли ҷадид бирасад, ки андаке камтар аз пешбинии қаблӣ аст, аммо дар ду соли оянда ин нарх андаке афзоиш хоҳад дошт.
Дар айни ҳол нархи рушди иқтисодии ин кишварҳо ҳануз ҳудуди ду ва ду даҳуми дарсад (2,2%) аз нархи рушди онҳо дар давраи равнақи иқтисодии солҳои 2007 то 2013 поинтар аст, ҳарчанд ҳудуди шаст дарсад беш аз нархи иқтисодии онҳо дар даҳаҳои 1980 ва 1990 аст.
Бо вуҷуди чашмандози хушбинонаи иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли ҷадид ва ду соли пас аз он коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ нисбат ба бурузи мавонеъе бар сари тадовуми раванди рушди иқтисодӣ дар солҳои баъдӣ ибрози нигаронӣ кардаанд.
Ба гуфтаи онон бозгашти рушд ба иқтисоди пешрафтаи ҷаҳон ин эҳтимолро афзоиш медиҳад, ки ин кишварҳо ба манзури ҷилавгирӣ аз бурузи таваррум нархи баҳраро афзоиш диҳанд, ки натиҷаи он тазъифи тақозо барои колоҳои сохти дохил ва аҷноси воридотӣ аз кишварҳои дигар , аз ҷумла кишварҳои дар ҳоли тавсеъа ва ҳамчунин коҳиши сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ хоҳад буд, ки бар рушди иқтисодии ҷаҳон таъсире манфӣ хоҳад гузошт.
Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчунин гуфтааст, ки баҳои воқеъии маводи хом ва ақломи кишоварзии содиротии кишварҳои дар ҳоли тавсеъа пас аз як давраи афзоиши сареъ аз ду соли пеш рӯ ба коҳиш гузошта ва арзиши воқеъии маводи ғазоӣ ва сӯхт ба тартиб 9 ва 13 дарсад ва баҳои фулуззот ва кониҳо то 30 дарсад таназзул кардааст ва эҳтимоли идомаи ин раванд вуҷуд дорад.
Иқтисоди минтақаӣ, Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон
Гузориши Бонки Ҷаҳонӣ ба вазъияти иқтисодии манотиқи мухталифи ҷаҳон низ пардохтааст.
Пешбинии Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди Ховари Миёна ва шимоли Офриқо ҳокӣ аз он аст, ки иқтисоди ин минтақа ҳамчунон гирифтори рукуд хоҳад буд. Идомаи бесаботии сиёсӣ дар Миср, бунбасти сиёсӣ дар Тунис ва идомаи ҷанги дохилӣ дар Сурия ва осори он бар Лубнон ва Урдун аз ҷумлаи авомили бурузи чунин вазъияте аст.
Бо вуҷуди имкони афзоиши тақозои байналмилалӣ барои нафт баъзе аз кишварҳои содиркунандаи нафт дар Ховари Миёна ба далели шароити амниятӣ ва душвориҳои зерсохтӣ қодир ба афзоиши содирот ва касби даромади нафтии бештар нахоҳанд буд ва дар натиҷа чашмандози мусоъиде аз лиҳози рушди иқтисодӣ надоранд. Дар Эрон таҳрими хориҷиро, ки боъиси коҳиши содироти нафтӣ шуда низ бояд ба ин мушкилот афзуд.
Дар маҷмуъ иқтисоди кишварҳои содиркунандаи нафт дар минтақаи Ховари Миёна дар соли 2013 як даҳуми дарсад (0,1%) рушди манфӣ дошт ва интизор меравад дар соли 2014 низ ҳамчунон гирифтори заъф бошад.
Дар мавриди кулли минтақаи Ховари Миёна ва шимоли Офриқо пешбинии Бонки Ҷаҳонӣ ин аст, ки нархи рушди иқтисоди ин минтақа дар соли 2014 аз ҳудуди ду ва ҳашт даҳуми дарсад (2,8%) фаротар нахоҳад рафт ва агарчи эҳтимоли афзоиши ин нарх ба се ва се даҳуми дарсад (3,3%) дар соли 2015 ва се ва шаш даҳуми дарсад (3,6%) дар соли пас аз он вуҷуд дорад , аммо ҳатто ин нархҳо низ ба маротиб поинтар аз зарфияти билқувваи рушди иқтисодии минтақа аст.
Ба ин тартиб кишварҳои Ховари Миёна ва шимоли Офриқо, аз ҷумла Эрон таҳти таъсири мушкилоти сиёсӣ аз рушди иқтисодии муносиб бархурдор нахоҳанд шуд.
Дар мавриди Ҷануби Осиё нархи рушди иқтисодии ин минтақа дар соли 2013 аз чаҳор ва шаш даҳуми дарсад (4,6%) болотар нарафт, ки нархи қобили таваҷҷуҳе нест ва Бонки Ҷаҳонӣ онро ба бурузи фишори таваррумӣ ва касрии тарози пардохтҳои хориҷӣ ва касрии буҷети дохилӣ нисбат додааст.
Дар айни ҳол интизор меравад ки нархи рушди ин минтақа дар соли 2014 ба панҷ ва ҳафт даҳуми дарсад (5,7%) ва дар соли баъд ба шаш ва ҳафт даҳуми дарсади (6,7%) афзоиш ёбад, ки умдатан ҳосили афзоиши тақозои кишварҳои пешрафта барои колоҳои содиротии ин минтақа ва сармоягузорӣ дар ин кишварҳо хоҳад буд.
Дар айни ҳол ибҳом дар мавриди натиҷаи интихоботи Афғонистон ва шароити ин кишвар пас аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ ва ҳамчунин мушаххас набудани натиҷаи интихоботи Ҳинд ва Банглодеш метавонад мавонеъеро дар роҳи сармоягузории хориҷӣ эҷод карда ва бар рушди иқтисодии минтақа таъсири манфӣ бигзорад.
Дар муқобил иқтисоди бахшҳое аз Офруқо аз рушди ҳудуди шаш дарсад (6,0%) дар соли 2013 бархурдор буд ва интизор меравад нархи рушди иқтисодӣ барои кулли ин қорра дар соли 2014 ва ду соли пас аз он ба болои панҷ ва се даҳуми дарсад (5,3%) бирасад ба ин шарт ки баҳои маводи хоми содиротии ин минтақа коҳиши қобили таваҷҷуҳ надошта бошад.
Дар мавриди кишварҳои дар ҳоли тавсеъаи Урупо ва Осиёи Марказӣ пешбинӣ шудааст, ки нархи рушди иқтисодии онҳо аз се ва панҷ даҳуми дарсад (3,5%) дар соли 2013 ба се ва ҳафт даҳуми дарсад (3,7%) дар соли 2014 бирасад ва дар мавриди кишварҳои Омрикои Лотин ва ҳавзаи Короиб ҳам Бонки Ҷаҳонӣ аз афзоиши нархи рушд ба ду ва нуҳ даҳуми дарсад (2,9%) дар соли 2014 ва ду ва нуҳ даҳуми дарсад (2,9%) дар соли 2015 сухан гуфтааст.
Дар мавриди кишварҳои Осиёи Марказӣ гузориши Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, ки нархи рушди иқтисодии кишварҳои содиркунандаи гозу нафти минтақа боло хоҳад буд, аммо кишварҳои мисли Тоҷикистон ва Қирғизистон, агарчи нафту гоз содир намекунанд аз ҳисоби интиқоли пули муҳоҷирон нархи рушди иқтисодии мусбатро ҳифз хоҳанд кард.
Гузориши Бонки Ҷаҳонӣ нархи рушди иқтисодии Тоҷикистонро дар соли 2014 шаш дарсад пешбинӣ кардааст.
