Додгоҳи олии иқтисодӣ шикояти саҳомдорони "Тоҷиказот"-ро меомӯзад
Image copyrightBBC World ServiceРаиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, ки шикояти ширкати “Хайрин Ҳолдинг Лимитид” аз ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон дар бораи ширкати "Тоҷиказот"-ро меомӯзад.
Наим Мансурзода гуфт, ки пас аз эътибори қонунӣ ёфтани ҳукми додгоҳи ин вилоят шикояти истинофии масъулони ин ширкат дар додгоҳи олии иқтисодӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Аммо ба гуфтаи оқои Мансурзода, ӯ то ҳол муҳтавои аслии ин парвандаро дақиқан намедониста ва аз ин рӯ аз шарҳи ҷузъиёти бештари он аз он худдорӣ кард.
Вай, ки дар нишасти матбӯъотии ин ниҳод рӯзи чаҳоршанбеи 16 июл ба суоли хабарнигорон посух медод, гуфт: "Агар ман дар ин бора қабл аз баррасии он дар додгоҳ шарҳе диҳам, он як навъ фишор бар судяҳо (қуззот) мешавад."
Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон дар авохири моҳи гузашта дархости Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистонро дар мавриди ғайриқонунӣ эълом кардани хусусисозии корхонаи “Тоҷиказот” ба суди ин ожонс ҳал карда буд.
Қозии ин парванда гуфт, ки ин қазия тибқи моддаҳои 165, 169 ва 174-и Қонуни расидагӣ ба ҷароими иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд ва корхонаи “Тоҷиказот” дубора ба моликияти Кумитеи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ин кишвар даромадааст.
Қаблан 75 дар сад аз саҳоми ширкати "Тоҷиказот" ба ширкати “Хайрин Ҳолдинг Лимитид”, ки Дмитрий Фиртош, тоҷири укройнӣ, молики он аст, ва панҷ дар сади саҳоми ин корхона ба Хайрулло Зайдов, писари Зайд Саидов, тоҷири зиндонӣ, таъаллуқ доштааст.
Дар моҳи апрели соли ҷорӣ Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе дархости масъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар мавриди ғайриқонунӣ эълом кардани хусусисозии корхонаи мавсум ба “Гулистон” дар ин шаҳрро низ ба суди масъулони ин ожонс ҳал карда буд.
Гуфта мешавад 95 дарсад аз саҳомии ин корхона низ ба Дмитрий Фиртош, сармоядори укройнӣ, ва панҷ дарсад аз он ба яке аз Хайрулло фарзандони Зайд Саидов, тоҷири зиндонӣ, мутаъаллиқ буд.
Қазияи ин корхона, ки аз соли 2001 расман аз сӯйи ширкати “Хайрин Ҳолдинг Лимитид” хусусисозӣ шуда буд, баъд аз боздошт ва зиндонӣ шудани Зайд Саидов, тоҷири саршинос ва вазири собиқи саноеъи Тоҷикистон, матраҳ шуд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон Зайд Саидовро дар моҳи декабри соли 2013 дар иртикоби чаҳор ҷурм, аз ҷумла таҷовуз ба номуси як зан, муҷрим шинохт ва барои 26 сол равонаи зиндон кард.
Аз сӯйи дигар, Наим Мансурзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, ба ин суол, ки чиро дар тӯли 13 соли фаъъолияти ин корхона баъд аз хусусисозии он мавзӯъи ғайриқонунӣ будани хусусисозии он аз сӯйи ҳеч ниҳоде матраҳ нашуд, низ посух надод.
Аммо ӯ гуфт, ки қуззоти додгоҳҳо дар Тоҷикистон дар эъломи ҳукм озод буда ва ҳеҷ ҷонибе барои тасмимгирии онҳо бар онон фишор ворид намекунад.
Ин дар ҳолест, ки масъулони созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ва вукалои мудофеъ аз адами истиқлоли додгоҳҳои Тоҷикистон ва судури аҳкоми ғайримунсифона аз сӯйи бисёре аз қуззот ҳамвора ибрози нигаронӣ мекунанд.
