ҲНИТ истротежии худро барои ширкат дар интихобот эълом кард

  • 30 Сентябр, 2014

Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи душанбе дар мавриди ширкат дар интихоботи порлумонии ин кишвар дар соли 2015 тасмимҳо гирифта ва истротежии худро барои ширкат дар ин интихобот эълом кард.

Сухангӯи ин ҳизби мухофили умдаи давлати Тоҷикистон гуфт, дар ҷаласаи ин раёсат мавзӯъи ташкили эҳтимолии эътилофи сиёсӣ баррасӣ шуд, аммо раёсат ба ин тасмим расидааст, ки батанҳоӣ вориди интихоботи порлумонӣ гардад.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов дар ин бора афзуд: “Ҳамзамон (ҳизб) дарро барои ҳамкорӣ бо ҳама ҳизбу ҳаракатҳо ва шахсони алоҳида боз мемонад. Меъерҳои асоси барои ҳамкорӣ - қонуният, манофеъи милливу давлатӣ, арзишҳои муштараки миллӣ ва демукротӣ ва шаффофияти интихобот мебошад.”

Раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қарор кард, ки Анҷумани пешазинтихоботии худро рӯзи 16-уми декабри соли ҷорӣ баргузор кунад. Қарор аст интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2015 сурат бигирад.