Мушкилоти аҳзоб дар омодагӣ ба интихоботи порлумонӣ
Image copyrightBBC World ServiceҲизби наҳзати Исломии Тоҷикистон дубора аз эҷоди мавонеъ дар фаъъолияти ин ҳизб дар навоҳии мухталифи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба гузориши сухангӯи ин ҳизб мақомоти маҳаллии навоҳии Рашт ва Ҷомӣ барои баргузории ҷаласоти бахшҳои ҳизби наҳзати исломӣ дар ин навоҳӣ, ки қарор буд дар онҳо пешбарии номзадҳо барои ширкат дар интихоботи порлумонии моҳи марти соли ҷорӣ пешбарӣ мешуд, толор фароҳам кунанд.
Ба гуфтаи Маҳмудҷони Файзраҳмон, сухангӯи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, раҳбарияти ин ҳизб навоҳии Ҷомӣ ва Рашт ҳудуди як ҳафта пеш аз мақомоти маҳаллӣ дархости фароҳам кардани толор барои баргузории ҷаласоти худ дар рӯзи 7-уми январ карда буданд.
Аммо мақомоти маҳаллӣ дар посух ба ин дархост гуфтаанд, ки то ҳол ҳеҷ толори холӣ барои анҷоми чунин дархост фароҳам набудааст.
Аммо ба гуфтаи оқои Файзраҳмон "баъди талошҳои номуваффақ баҳри баргузории конфронс дар яке аз толорҳои ноҳия, бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷомӣ маҷбур шуд, конфронси хешро дар хонаи Ноибов Муҳаммаддовуд, яке аз фаъолони ҳизб баргузор кунад."
Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад Кумиссюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон қаблан ба масъулони ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ барқияи телефунӣ ирсол карда ва дархост кардааст, то барои баргузории ҷаласоти марбут ба пешбарии номзадҳои интихоботи порлумонӣ ба аҳзоби мухталиф мусоидат кунанд.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки чунин рафтори мақомоти маҳаллӣ дар нисбати ҳизби онҳо дар интихоботҳои қаблӣ низ рух медод, ибрози нигаронӣ кардааст, ки дархостҳои Кумиссюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон барои бархе аз мақомоти маҳаллӣ дар шаҳру навоҳии кишвар нодида гирифта мешаванд.
Дар ҳамин ҳол куммунистон эълом крадаанд, ки аз миёни 17 нафаре, ки ҳизби куммунисти Тоҷикистон барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ аз ҳавзаҳои умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод кардааст, танҳо 7 нафар дар интихобот ширкат хоҳанд кард.
Шодӣ Шабдолов, раҳбари кумунистони Тоҷикистон рӯзи 7-уми январ ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки номзадшудагони дигар ба далели надоштани имкони пардохти воми интихоботӣ аз номзадии худ даст кашидаанд.
Ҳамакнун аз ҳизби кумунисти Тоҷикистон номзадҳои зерин дар феҳристи ҳизбии номзадҳо боқӣ мондаанд: Шодӣ Шабдолов, Исмоил Талбаков, Мубинҷон Маҳмудов, Мирзонаҷот Наботов, Зарагул Мирасанова, А. Хабиров ва Маҳмадалӣ Одинаев.
