Таъйини раиси ҷадиди бахши ҲКТ дар вилояти Суғд
Image copyrightBBC World ServiceРаиси Ҳизби кумунисти Тоҷикистон мегӯяд, ки Муъбинҷон Маҳмудов, кафили бахши ин ҳизб дар вилояти Суғд интихоб шудааст.
Раиси ин ҳизб мегӯяд, ки раҳбари қаблии ин бахшро, ки Ҷаббор Аҳмадов бар ӯҳда дошт, дар анҷумани ҲКТ дар ҳафтаи гузашта барканор шуд.
Шодӣ Шабдолов, рӯзи сешанбеи 30 декабр ба Би-би-сӣ гуфт: “Ҷаббор Аҳмадов бо истифода аз бемории раиси ин бахш дар вилоят, аъзоёни ин ҳизбро фиреб дод ва худсарона раёсати ин ҳизбро бар уҳда гирифт. Аз ин рӯ мо вайро аз узвият дар ҳизб барканор кардем ва ҳоло Муъбинҷонро иҷроикунандаи раиси бахши ин ҳизб дар вилоят таъйин кардем.”
Оқои Шабдолов мегӯяд, ки дар соли 2016 дар анҷумани навбатии Ҳизби кумунисти Тоҷикистон аз тариқи раъйдиҳӣ раиси ҷадиди бахши ин ҳизб дар вилояти Суғд интихоб хоҳад шуд.
Вале вай афзуд, ки то он замон оқои Маҳмудов, ки раиси кумунистҳои шаҳри Хуҷанд буд, раёсати ин ҳизб дар вилоятро бар уҳда хоҳад дошт.
Зимнан дар моҳи сентябри соли ҷорӣ Исмоъил Талбкаков дар суҳбат бо расонаҳо аз худсарона ишғол кардани раҳбарияти ҳизби кумунистҳо дар вилояти Суғд аз сӯйи оқои Ахмедов хабар дода буд.
Оқои Талбаков гуфта буд, ки иддае аз кумунистони ин вилоят бидуни матраҳ кардани ин масъала бо раҳбарияти ҳизб дар марказ ӯро раиси бахш интихоб кардаанд.
Аммо вай афзуд, ки ин амали шуморе аз кумунистно ғайриқонунӣ будааст, зеро таъйини раиси бахш дар маҳаллот салоҳияти мақомоти ҳизб дар марказ будааст.
Ҷаббор Аҳмадов, раҳбари бахши маҳаллии ин ҳизб дар вилояти Суғд, рӯзи 27 декабр дар Анҷумани 31-уми ҳизб, ҳангоми интихобюи номзадҳо барои ширкат дар интихоботи якуми марти соли 2015 ба шеваи интихоби номзадҳом ухолифат кард.
Оқои Ахмедов дар суханронии худ гуфт, ки асомии номзадҳо барои ширкат дар интихобот бояд қабл аз анҷуман барои баррасӣ ба аъзои ҳизб дар минтақаҳо фиристода мешуд.
Вай пешниҳод кард, ки дар феҳрист ба дунболи номи раҳбари ҳизб бояд асомии намояндагон аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон изофа шавад.
Ва ӯ Қурбонҷон Мирзоева, яке аз аъзои собиқадори ҳизб дар вилояти Суғдро ба унвони номзади арзанда барои ҷойгоҳи дувум дар феҳристи номзадҳо пешниҳод кард. Аммо ин пешниҳоди ӯро вакилони анҷуман, ки беш аз 80 нафар буданд, напазируфтаанд. Аз ин рӯ, оқои Аҳмадов ба нишони эътироз толорро тарк кард.
Дар авохири анҷуман вакилони он Ҷаббор Ахмедов, раиси бахши ин ҳизб дар вилояти Суғдро бо аксарияти оро аз узвияти Ҳизби кумунисти Тоҷикистон барканор карданд.
