Пешниҳоди кумунистҳо барои насби дубораи муҷассамаи Ленин дар Душанбе
Image copyrightBBC World ServiceРаҳбари Ҳизби кумунисти Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки муҷассамаи Владимир Ленин, пешвои инқилоби Уктубрро дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе насб кунанд.
Шодӣ Шабдолов, рӯзи сешанбеи 22 апрел дар маросими таҷлил аз 140-умин солгарди таваллуди Влодимир Ленин дар ҳузури аъзои ин ҳизб ин пешниҳодро ироа кард.
Оқои Шабдолов бо таъкид ба нақши Ленин дар ташакулли ҳизби кумунист гуфт, ки ба хотири рушди назарраси Тоҷикистон дар 70 соли вуҷуди Иттиҳоди Шӯравӣ меарзад, ки як муҷассамае аз вай дар хиёбони пойтахти ин кишвар гузошта шавад.
Оқои Шабдолов гуфт: "Мо ба мақомоти зидахли давлатӣ пешниҳод кардем, ки ба мо иҷоза диҳанд то муҷассамаи Ленинро дар назди бинои дафтари ҳизб ва ё порки кӯдакон насб кунем. Аммо то ҳол ба мо посухи мусбӣ дар мавриди ин пешниҳод наомадааст."
Ҳарчанд ӯ гуфт, ки масъулони бахши меъмории шаҳри Душанбе бо баҳонаи ҳифзи чеҳраи меъмории шаҳр ба онҳо иҷозаи насби ин муҷассамаро надодаанд.
Оқои Шабдолов мегӯяд, ки аксаран афроди аз ҷиҳати молӣ ғанӣ мухолифи насби дубораи муҷассамаи Ленин дар Душанбе ҳастанд.
Ҳизби кумунисти Тоҷикистон вориси Ҳизби кумунисти Иттиҳоди Шӯравии пешин аст. Ба гуфтаи раҳбари ин ҳизб расман ин ҳизб беш аз 45 ҳазор нафар аъзо дорад, ки 40 дарсади онро ҷавонон ташкил медиҳад.
Ҳамчунин оқои Шабдолов мегӯянд, ки кумунистҳо аз ҳизбҳои "пуртарафдор" дар Тоҷикистон буда ва садҳо ҳазор нафар аз сокинони ин кишвар аз ин ҳизб ҷонибдорӣ мекунанд.
Ба гуфтаи вай ахиран садҳо нафар аз ҷонибдорони ин ҳизб унвонии мақомоти кунунии Тоҷикистон нома навишта ва дархости насби дубораи муҷассамаи Ленин дар шаҳри Душанберо кардаанд.
Оқои Шабдолов мегӯяд, ки барои насби муҷассамаи нахустини Ленин дар Тоҷикистон масрафи маболиғе аз сӯйи давлат дар назар набудааст. Зеро ин муҷассамаи мисин то ҳол дар ҳолати қаблӣ нигаҳдорӣ шудааст.
Ин муҷассами Влодимир Ленин дар соли1925, баъд аз як соли таъсиси Тоҷикистон ба унвони кишвари худмухтори бахше аз Узбакистон, барои бори нахуст дар қаламрави Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе насб шуд.
Муҷассамаи Ленин дар солҳои 1970-ум дар порки марказии мавсум ба боғи Ленин, воқеъ дар маркази шаҳри Душанбе қарор дошт ва ҳудуди ҳашт соли қабл аз ин боғ ба бойгонии вазорати фарҳанги Тоҷикистон интиқол дода шуд.
Ҳарчанд масъулони ҳизби кумунист мегӯянд, ки чун ворисони ҳизби кумунист тамоми дороиҳои ин ҳизб, аз ҷумла муҷассамаҳо ва нимпайкараҳои раҳбарони Шӯравии пешин ба онҳо таъаллуқ дорад.
Аммо масъулони вазорати фарҳанг ин осорро моли фарҳангӣ медонанд ва аз ин рӯ мегӯянд, ки ин мероси тандисӣ ба ин вазорат таъаллуқ доштааст.
Ҳизби кумунисти Тоҷикистон расман дар баҳори соли 1992 дар Вазорати адлия сабти ном шудааст. Ба дунболи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 ин ҳизб низ монанди ҳамтоёнаш дар дигар ҷумҳуриҳои Шӯравии пешин маҷбур ба таҷдиди созмонӣ шуд, вале яке аз иқдомоти аслии масъулони ин ҳизб нигаҳдории осори кумунистҳо, аз ҷумла осори фарҳангии онҳо дар қаламрави ин кишвар будааст.
Муҷассами бузургтари Влодимир Ленин, ки дар майдони маркази шаҳри Душанбе қарор дошт, дар соли 1991 дар як тазоҳуроти бузурге тахриб шуд ва дар ҳоли ҳозир дар яке аз коргоҳҳои Иттиҳодияи наққошони Тоҷикистон маҳфуз аст.
Дар даврони Шӯравӣ тақрибан дар тамоми шаҳрҳои мароказӣ ва марокизи навоҳии мухталифи Тоҷикистон муҷассамаҳои Владимир Ленин гузошта шуда буд.
Ҳамчунин дар он даврон дар тамоми искиносҳо ва сикаҳо аксе аз Ленин чоп мешуд ва тамоми нишонаҳо барои тамҷид ва қадрдонӣ аз афрод чеҳраи Ленинро дошт.
Ин дар ҳолест, ки тибқи гузоришиҳои ғайрирасмӣ то ҳол дар бархе аз шаҳрҳо ва навоҳии Тоҷикистон беш аз 60 муҷассамаи доҳии прулаториёи ҷаҳон вуҷуд доранд.
Аммо дар бисёре аз шаҳрҳои марказии вилоёт ва навоҳии Тоҷикистон дар ду даҳаи ахир муҷасмаҳои Исмоъили Сомонӣ ва ё бархе аз шуъарои адабиёти форсу тоҷик ҷойгузини муҷассамаҳои Ленин шуданд.
