Роҳи занон ба порлумон: Баробарии ҷинсиятӣ то куҷо имконпазир аст?

  • 10 Апрел, 2014
Гурӯҳи кории занонImage copyrightBBC World Service
Image caption Аъзои ин гурӯҳ мегӯянд, ки шумори номзадҳои зан ва мард барои интихоботи порлумонӣ бояд 50 ба 50 бошад

Гурӯҳе аз занон пешниҳод кардаанд, ки барои таъмини баробарии ҷинсиятӣ дар порлумони Тоҷикистон бояд 50 дарсади номзадҳо барои интихоботи оянда занон бошанд.

Ин матлаб дар нишасте, ки баъд аз зуҳри рӯзи чаҳоршанбеи 9 апрел бо ширкати як гурӯҳи кории муташаккил аз занон ва духтарони аъзои ҳашт ҳизби расмии сиёсии Тоҷикистон доир шуд, матраҳ шуд.

Дар ин ҳамоиш намояндагони аҳзоби сиёсӣ, масъулони Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ ва намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲУ) дар ин кишвар низ ҳузур доштанд.

Ин гурӯҳи корӣ бо кумаки САҲУ аз ду сол пеш дар Тоҷикистон фаъъолият дорад. Ба эътиқоди бархе аз занони фаъъол, ки дар ин нишаст ширкат доштанд, яке аз норасоиҳои ҷиддӣ дар арсаи сиёсати имрӯз камбуди занон дар сутуҳи раҳбарӣ ва маҷолиси порлумони Тоҷикистон аст.

Ҳузури камранги занон дар сутуҳи раҳбарӣ

Ба назар мерасад, ки занони фаъъол зимни дархости таъмини баробарии ҷинсиятӣ дар иҷтимоъ барои ҳалли ин мушкил нахуст бояд аз гиребони раҳбарони ҳизбҳои сиёсии худ бигиранд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Хонуми Казакова мегӯяд, ки ҷойгоҳи занро дар ҷомеъа наметавон ба таври сунъӣ боло бурд

Зурафо Раҳмонӣ, узви фаъъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ки ҳузури камранги занон дар сутуҳи раҳбариро дар нишастҳои гуногуни аъзои ҳизби худ борҳо дар миён гузошта ва аз сӯйи аъзои ин ҳизб дар заминаи боло бурдани мақоми зан мавриди ҳимоят қарор гирифтааст.

Хонуми Раҳмонӣ ҳадаф аз ин иқдоми занонро чунин шарҳ дод: "Мо мехоҳем, ки раҳбарони аҳзоби сиёсӣ дар феҳристи номзадҳои пешниҳодии худ аз фурмули зебра (роҳроҳ) истифода кунанд. Агар як номзади мард дар феҳрист омада бошад, дар канораш як номзад аз ҷумлаи занону духтарони фаъъол ва боҳуш низ барои ширкат дар интихобот пешниҳод шавад."

Вай афзуд, ки шумори номзадҳои зан ва мард барои пешниҳод ба интихоботи порлумонӣ бояд 50 ба 50 бошад. Ҳамчунин ба эътиқоди хонум Раҳмонӣ, дар феҳрист асомии он занон ва духтароне ҷо дода шаванд, ки тавонанд дар ҷараёни тавсиби қонунҳо назароти худро дар порлумон ироа бидиҳанд.

'Ба таври сунъӣ намешавад'

Вале ҳамаи занони фаъъол аз ҳизбҳои сиёсӣ бар ин ақида ҳастанд, ки раҳбарони аҳзоб ба ҳангоми пешниҳоди номзадҳои зан ба интихобот зеҳният ва истеъдоди сиёсии онҳоро дар назар бигиранд.

Умринисо Казакова, узви ҳизби ҳокими халқи демукрот, дар ҳамоиши занон матни комили пешниҳодҳои занони фаъъоли аҳзоби сиёсиро қироат кард.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Занон хостори ҳузури бештари худ дар симатҳои раҳбарӣ шуданд

Хонуми Казакова гуфт, ки давлат барои боло бурдани ҷойгоҳи зан дар сиёсат иқдомоти зиёде анҷом дода ва қонунҳои Тоҷикистон низ барои зан ва дифоъ аз ҳуқуқи вай шароите фароҳам сохтаанд. Вай афзуд, ки дар ҳар се шохаи ҳокимияти давлатӣ занон вазоифи мухталифи раҳбариро ба уҳда доранд.

Ӯ мегӯяд: "Аммо бояд дар назар дошт, ки аз тариқи сунъӣ (маснӯъӣ) боло бурдани мавқеъи зан дар ҷомеъа самарабахш нахоҳад буд."

Вай бо истифода аз ҳузури намояндагони Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон, намояндагони порлумон ва созмонҳои байналмилалӣ дар нишаст, қатъномаи нишасти гурӯҳи кории занонро ба онҳо таслим кард.

'Аз миён бурдани мардсолорӣ'

Дар ин қатънома ҳамчунин аз раҳбарони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон даъват мешавад, ки занон ва духтаронро ба мақомҳои раҳбарии ин ҳизбҳо мансуб кунанд.

Заррагул Мирҳасанова, як узви Ҳизби кумунист, мегӯяд, ки яке дигар аз пешниҳодҳои занон риъояти қонун дар бораи баробарии занон ва мардон ва аз миён бурдани ҷомеъаи мардсолорӣ дар кишвар аст.

Хонуми Мирҳасанова гуфт: "Дар порлумони феълии Тоҷикистон ба ҷуз аз ҳизби ҳокими халқи демукрот дигар аҳзоб намояндаи зан надоранд. Замоне расидааст, ки аз ҷумлаи аъзои аҳзоби дигари сиёсӣ низ ҳадди ақал ду ва ё се зан дар порлумон ба унвони намоянда ширкат дошта бошанд. Раҳбари ҳизби кумунист аз ин пешниҳоди мо ҷонибдорӣ хоҳад кард."

Image copyrightBBC World Service
Image caption Хонум Бобосодиқова гуфт, ки ширкати занон дар зиндагии сиёсӣ ва ниҳодҳои қонунгузории ин кишвар ҳатмӣ аст

Галҷаҳон Бобосодиқова, раиси созмони "Занони таҳсилдида", мегӯяд, ки таъсиси гурӯҳи корӣ аз ҷумли занони фаъъоли аъзои аҳзоби сиёӣ яке аз иқдомҳои созанда дар кишвар мебошад. Вай ба ин бовар аст, ки занон ва духтарон худашон бояд барои ҳалли мушкилоташон басиҷ шаванд.

Хонуми Бобосодиқова мегӯяд: "Кишвари мо яке аз аввалинҳо шуда, кунвонсиюни ҳуқуқи зан дар СММ-ро ба тавиб расонд. Дар ин кунвонсиюн тамоми ҳуқуқи занон мушаххас шуда ва он ҳуқуқи дар сиёсат фаъъолият карданро низ барои занон фароҳам мекунад. Аммо ба назари ман, занон дар Тоҷикистон банудрат аз ҳуқуқи мавҷуда дар қавонини Тоҷикистон ва ин кунвонсиюн истифода мекунанд."

Аммо хонуми Бобосодиқова мегӯяд, ки қабл аз он ки занон ва духтарон дар Тоҷикистон ба номзадӣ дар интихоботи порлумонӣ пешниҳод шаванд, онҳо бояд марҳалаи қаблии онро пушти сар кунанд. Яъне дар маҷолиси поёнӣ дар навоҳӣ ва вилоёт таҷрубаи намояндагиро дошта бошанд.

Ба эътиқоди хонуми Бобосодиқова, ки дар гузашта дар сутуҳи мухталифи сиёсӣ дар Тоҷикистон таҷрубаи корӣ дорад, ширкати занон дар зиндагии сиёсӣ ва ниҳодҳои қонунгузории ин кишвар ҳатмӣ аст.

'Худи занон бояд фаъъол бошанд'

Ҳоло ин суол матраҳ аст, ки оё раҳбарони аҳзоби сиёсӣ дар мавриди ин пешниҳодҳои занон чи вокуниш мекунанд ва оё дар суфуфи ин аҳзоб шумори кофии занон ва духтарон ҳастанд ё хайр?

Раҳматилло Зоиров, раҳбари ҳизби сусиёл-демокрот, мегӯяд, ки аз ин пешниҳоди занон ва духтарон ҳимоят мекунад. Масъулони ин ҳизб аз соли 1998 дар мусаввабаи вижаи хеш таъмини баробарии ҳуқуқии занон ва мардонро дар заминаҳои мухталиф дар авлавият қарор додаанд.

Оқои Зоиров афзуд: "Масъала ин аст, ки бояд худи занон ва духтарон дар сиёсат аз худ фаъъолиятҳои бештареро нишон диҳанд. Ва ё аз ҳуқуқи мавҷуда дар кишвар ба суди худ истифода кунанд."

Image copyrightBBC World Service
Image caption Хонуми Мирҳасанова мегӯяд аз миён бурдани мардсолорӣ аз хостаҳои занон аст

Раҳбари ҳизби сусиёл-демокрот мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 44 дарсад аз аъзои ин ҳизбро занон ва духтарон ташкил м едиҳанд ва 25 дарсади онҳо дар сиёсат фаъъоланд. Ҳамчунин, раҳбарии бахши ин ҳизб дар вилояти Суғд ва муъовини ӯ маҳз аз ҷумлаи занони фаъъоли ин ҳизб будаанд.

Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, танҳо ҳизби мазҳабӣ дар ин кишвар, низ мегӯянд, ки пешниҳоди занони фаъъолро хоҳанд пазируфт, аммо ҳангоми пешниҳоди номзадҳо ба интихобот “қувваи ақлонии занон”-ро ба назар хоҳанд гирифт. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи онҳо ҳудуди 50 дарсад аз аъзои ин ҳизбро занон ва духтарон ташкил медиҳанд.

Гуфта мешавад, ки шумори воқеъии занон ва духтарон дар бархе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон камтар аз 50 дарсад аст. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё бо пешниҳоди номзадии занҳо ба интихоботи порлумонии соли оянда, аксари мардум, бавижа мардон омодаанд барои онҳо раъй бидиҳанд?

Дар ҷомеъаи мардсолори Тоҷикистон, замоне ки занҳо ба симатҳои давлатӣ даст меёбанд, фаъъолияти онҳо бештар ба тарозу кашида мешавад. Ва дар сурати нокомии онҳо бештар мардон ҳастанд, ки занонро маломат мекунанд.

'Занони шоиста нодида гирифта мешаванд'

Бархе аз занони фаъъол бо ишора ба муҳоҷирати густардаи мардон ва ба дӯши занон уфтодани тамоми умури хонавода ва умури иҷтимоъӣ, аз ҷумла дар замони интихобот, муътақиданд, ки ҳадди ақал занон дар Тоҷикистон раъйи худро ба ҷонибдорӣ аз хоҳарони худ хоҳанд дод.

Ба гуфтаи онҳо, мушкилоти бонувон дар ҷомеъа ба 70 дарсади занон ва духтарон марбут мешавад. Хушунат дар хонавода, даст задани занон ба худкушӣ, дур мондани духтарон аз омӯзиш аз масоили умдаест, ки занон мехоҳанд бо ширкати фаъъолона дар тасвиби қавонин ё ислоҳи муқаррарот ба ҳалли онҳо кумак кунанд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Хонуми Бобоназарова танҳо номзади зан дар интихоботи риёсати ҷумҳурии соли 2013 буд, ки сабти ном нашуд

Давлати Тоҷикистон бо тасвиби қонун дар мавриди боло бурдани мақоми зан дар ҷомеъа таъаҳҳуди худро ба таъмини баробарии ҷинсиятӣ эълом кардааст. Масъулони давлатӣ ҳадаф аз ин қонунро ҷалби занон ва духтарон ба фаъъолиятҳои сиёсӣ унвон кардаанд. Ва дар чорчӯби ин қонун чанде аз занон дар Тоҷикистон ба курсиҳое дар кобинеи давлатӣ нишастаанд.

Аммо коршиносон мегӯянд, ки давлат натавонистааст таъаҳҳудоти худ дар мавриди ин қонунро иҷро кунад ва ҳамчунон дар кобинеи давлат шумори занони фаъъол ва сиёсатмадорони воқеъӣ кам аст.

Онҳо мегӯянд иддае аз заноне, ки дар марҳалаи кунунӣ раҳбарӣ ва ё муъовинат дар вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои давлатиро бар уҳда доранд, аз ҷумлаи пайвандон ва ё афроди наздик ба мақомоти баландпоя ва сутуҳи мухталифи давлатӣ ҳастанд.

Дар ҳамоиши занони фаъъол аз аҳзоби сиёсӣ низ бархе аз соҳибназарон ба ин нукта ишора карданд. Ба эътиқоди онҳо, шумори занони шоиста барои раҳбарии муассисоти давлатӣ дар Тоҷикистон зиёд аст, вале истеъдоди сиёсии ин занон аз сӯйи мақомоти баландпоя нодида гирифта мешавад.

Соли гузашта бори аввал дар Тоҷикистон як номзади зан ба унвони номзад ба интихоботи риёсати ҷумҳурӣ аз сӯйи ҳизби наҳзати исломӣ умдатарин ҳизби мухолиф, пешниҳод шуд. Аммо номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба далели нокомии тимаш дар ҷамъоварии имзо ба сабт нарасид.

Тарафдорони ӯ ниҳодҳои давлатиро ба эҷоди мавонеъ дар ҷамъоварии имзои тарафдоронаш муттаҳам карданд, ҳарчанд мақомҳои давлатӣ ин иддаъоро рад карданд.

Матолиби муртабит