Пойфишории Ҳизби кумунист барои ислоҳи Қонуни интихоботи порлумонӣ

  • 17 Март, 2014
ШабдоловImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Шабдолов гуфт, ки бояд гаравпулӣ барои ширкати номзад дар интихоботи порлумонӣ комилан лағв шавад

Намояндагони Ҳизби кумунисти Тоҷикистон тарҳи ислоҳи Қонуни “Интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон”-ро барои баррасӣ ба порлумони кишвар пешниҳод кардаанд.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти порлумони Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 17 март, Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ин тарҳро барои баррасӣ ба давлати Тоҷикистон ва кумитаҳои порлумон ирсол кардааст.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби кумунист ва намояндаи порлумони Тоҷикистон гуфт, ӯ ва Исмоъил Талбаков, намояндагони ин ҳизб дар порлумон, барои ислоҳи Қонуни “Интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон” се пешниҳод кардаанд.

Оқои Шабдолов гуфт, аввал, бояд гаравпулӣ барои ширкати номзад дар интихоботи порлумонӣ комилан лағв шавад. Зеро бештари рӯшанфикрон ва донишмандон, ки ҳуқуқи ночиз дарёфт мекунанд, наметавонанд ба далели мушкилоти молӣ дар интихоботи порлумонӣ ширкат кунанд.

Зимнан, дар тарҳи ислоҳи Қонуни “Маҷлиси Олии Тоҷикистон”, ки дар авохири моҳи гузашта аз сӯйи Маҳмадалӣ Ватанов, намояндаи Ҳизби ҳокими халқи демукрот пешниҳод шуда ва дар порлумон тасвиб шуд, мизони гаравпулӣ аз 200 то 100 маоши ҳадди ақал (аз 8 ҳазор то 4 ҳазор сомонӣ) коҳиш ёфтааст.

Намояндагони Ҳизби кумунист, ҳамчунин, пешниҳод кардаанд, ки 51 дарсади курсиҳои Маҷлиси намояндагон ба намояндагон аз феҳристи ҳизбӣ ва 49 дарсад ба намояндагони мустақил ихтисос ёбад.

Дар Қонуни феълии интихоботи порлумонӣ теъдоди номзадҳо дар феҳристи ҳизбӣ аз 22 нафар то 28 нафар афзоиш ёфта ва дар маҷмӯъ 45 дарсади курсиҳои порлумони Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Раҳбари Ҳизби кумунист гуфт, бояд намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар участка ё марказҳои раъйгирӣ дар интихобот ҳузур дошта бошанд, зеро дар ин марказҳо шумориши раъйҳо сурат гирифта ва прутукул таҳия мешавад.

Зимнан, Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ, намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар порлумони кишвар, низ дар авоили соли ҷорӣ тарҳи вижаи ислоҳи Қонуни интихоботи порлумониро бо пешниҳодоти мушобеҳ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карданд.

Бо таваҷҷӯҳ ба он ки беш аз 80 дарсади Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз намояндагони Ҳизби халқи демукрот ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, иборат буда, аҳзоби кумунист, наҳзати исломӣ, кишоварзӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ дунафарӣ намоянда доранд, коршиносон дар эҳтимоли пазируфта шудани тарҳҳои олтернативи аҳзоби кумунист ва наҳзати исломӣ барои ислоҳи Қонуни “Интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон” ибрози тардид мекунанд.

Матолиби муртабит