Ҳизби кумунист феҳристе аз 14 нафарро ба интихобот номзад кард
Image copyrightBBC World ServiceАъзои Ҳизби кумунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар анҷумани 31-уми хеш бо аксарияти оро тасмим гирифтанд, ки дар интихоботи порлумонии моҳи марти соли 2015 ширкат хоҳанд кард.
Дар ин анҷуман, ки рӯзи шанбеи 27 декабр доир шуд, барои ширкат дар интихоботи порлумонии соли оянда дар феҳристи ҳизби кумунист 14 нафар ба унвони номзад интихоб шуданд, ки шаш тан аз онҳо зан ҳастанд.
Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизб, ва Исмоъил Талбаков, муъовини ӯ, дар ин феҳрист дар ҷойгоҳи аввал ва дувум қарор доранд ва дар идома Мирзонаҷот Наботов, Мубин Маҳмудов ва Заррагул Мирҳасанова ба изофаи нӯҳ нафари дигар аз ҷумлаи номзадҳои пешниҳодии ин ҳизб ба интихоботи порлумонӣ ҳастанд.
Оқои Шабдолов дар ин анҷуман гуфт, ки имкони ширкати чанд намояндаи дигари ин ҳизб аз тариқи ҳавзаҳои якмандатӣ дар интихоботи порлумонӣ вуҷуд дорад.
Ихтилофи назар бар сари пешниҳоди номзадҳо
Ҷаббор Аҳмадов, раҳбари бахши маҳаллии ин ҳизб дар вилояти Суғд, зимни суханронӣ дар ин анҷуман гуфт, ки асомии номзадҳо барои ширкат дар интихобот бояд қабл аз анҷуман барои баррасӣ ба аъзои ҳизб дар минтақаҳо фиристода мешуд.
Оқои Аҳмадов афзуд: "Иззату эҳтироми ман нисбат ба раҳбари ҳизб дигар нашудааст. Вале имрӯз мо бояд аз рӯи ойинномаи ҳизбӣ, адолат ва гароиши демукротик бояд аввал асли номнависӣ ва ҷобаҷогузорӣ ба феҳристи ҳавзаҳои интихоботиро муъайян кунем. Мо барои чи саросема мешавем ва якбора номзадҳоро пешниҳод мекунем."
Вай пешниҳод кард, ки дар феҳрист ба дунболи номи раҳбари ҳизб бояд асомии намояндагон аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон изофа шавад.
Ва ӯ Қурбонҷон Мирзоева, яке аз аъзои собиқадори ҳизб дар вилояти Суғдро ба унвони номзади арзанда барои ҷойгоҳи дувум дар феҳристи номзадҳо пешниҳод кард. Аммо ин пешниҳоди ӯро вакилони анҷуман, ки беш аз 80 нафар буданд, напазируфтаанд. Аз ин рӯ, оқои Аҳмадов ба нишони эътироз толорро тарк кард.
Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҲКТ, дар нишаст гуфт, ки бо таваҷҷуҳ ба ин ки шумори зиёди раъйдиҳандагон дар Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳастанд ва Исмоъил Талбаков, намояндаи ин минтақа аз аъзои фаъъоли ин ҳизб аст, ӯ дар феҳрист дар мақоми дувум қарор хоҳад дошт.
Барномаи ҳизб
Исмоъил Талбаков, муъовини раҳбари ин ҳизб, дар анҷуман пешнависи барномаи қабл аз интихоботи ҳизби кумунистро ба ҳозирон муъаррифӣ кард. Вай гуфт, ки ин тарҳ дар миёни аъзои ҳизб дар сартосари Тоҷикистон баррасӣ шуда ва сипас барои муъаррифӣ пешниҳод шудааст.
Ин барнома бар асоси Қонуни асосии Тоҷикистон ва пас аз омӯзиши таҷрибаи даврони Шӯравӣ ва кишварҳои ҷаҳони сусиёлист ва бо дарназардошти пешниҳодҳое, ки дар нишасти қабл аз анҷумани Шӯрои сиёсии ҳизб ироа додаанд, таҳия шудааст.
Ҳадафи аслии барномаи ҳизби кумунист "тақвият додан ва бунёди ҷомеъаи сусиёлистӣ ва адолати иҷтимоъӣ, ки мунҷар ба рафъи буҳронҳои ҷамъиятӣ ва иқтисодӣ хоҳад шуд" эълом шуд.
Фароҳам кардани шароити беҳтари зиндагии иҷтимоъӣ барои аксари сокинон бар пояи асли "баробарӣ, озодӣ, меҳанпарастӣ ва системи иқтисодии муштараки ҷомеъа" аз аҳдофи дигари ин ҳизб аст.
Оқои Талбаков афзуд: "Шиъори аслии мо дар барнома, “аз ҳар кас мувофиқи қобилият ва ба ҳар кас мувофиқи меҳнаташ” аст. Мо масъалагузорӣ хоҳем кард, ки ҳамасола, ки ҳудуди як милёрд дулор молиёти иҷтимоъии муҳоҷирони тоҷик, ки дар кишҳварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, мемонад, ба сандуқи нафақа (маъоши бознишастагӣ)-и Тоҷикистон бозгардонда шавад, то дар оянда мизони маъоши бознишастагии хубе дар ин кишвар фароҳам шавад."
Коҳиши шумори мақомоти нозир ва барҳам додани мақомоти миёнарав низ дар барномаи ҳизб ҷо доштааст, зеро ба гуфтаи масъулони ҳизби кумунист, таҳқиқот мушаххас карда, ки ба ҳар як тавлидкунандаи маҳсулот дар Тоҷикистон то ҳафт нафар аз миёнаравҳо рост меояд.
Дар авохири анҷуман вакилони он Ҷаббор Ахмедов, раиси бахши ин ҳизб дар вилояти Суғдро бо аксарияти оро аз узвияти Ҳизби кумунисти Тоҷикистон барканор карданд.
Торихчаи ҳизб
Ҳизби кумунисти Тоҷикистон вориси бахши ҳизби кумунисти Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар Тоҷикистон буда ва ба дунболи фурӯпошии Шӯравӣ дар соли 1991 ин ҳизб ҳам монанди ҳамтоёнаш дар дигар ҷумҳуриҳои Шӯравии пешин маҷбур ба таҷдиди созмонӣ шуд.
Дар Тоҷикистон ин ҳизб расман дар баҳори соли 1992 дар Вазорати адлия сабти ном шудааст. Даъвои Ҳизби кумунисти Тоҷикистон ба монанди ҳизбҳои кумунист дар соири ҷамоҳири собиқи шӯравӣ бар сари дороиҳои собиқаш ба ҷое нарасид. Дороиҳои ин ҳизб ба унвони дороиҳои кишвар тавассути давлатҳои ҷадид мусодира шуд.
Мақомоти ин ҳизб шумори аъзои он дар сартосари Тоҷикистонро беш аз 45 ҳазор унвон мекунанд, ки беш аз 17 ҳазор нафар аз он дар вилояти Суғд будаанд. Ба назар мерасад ин шумора аз ҳар минтақаи дигари Тоҷикистон бештар бошад ва зоҳиран ҳамин амр фаъъолони суғдиро ба доштани намояндагии бештар таҳрик карда, ҳарчанд пешниҳоди онҳо пазируфта нашуд.
Коршиносони сиёсӣ мегӯянд, ки ҳизби кумунисти Тоҷикистон аз лиҳози пойгоҳи иҷтимоъияш баъд аз ҳизби ҳокими халқи демукрот ва ҳизби наҳзати исломӣ севумин ҳизб дар Тоҷикистон аст.
Бештари аъзои ин ҳизб аз ҷумлаи кумунистони даврони Шӯравӣ буда ва дар миёни онҳо теъдоди ҷавонон камтар ба назар мерасад.
Аммо Шодӣ Шабдолов имрӯз дар анҷуман гуфт, ки дар миёни номзадҳо танҳо вай бознишаста буда ва бақия ҳанӯз нисбатан ҷавон будаанд. Бо ин вуҷуд, дар миёни вакилони ҳамоиш шумори кумунистони ҷавон камтар ба назар мерасиданд.
Дар порлумони феълӣ ду нафар аз аъзои ҳизби кумунист узвият доранд.
