Пешниҳоди номзадҳои аҳзоби сиёсӣ ба интихобот
Image copyrightBBC World ServiceҲизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) 6 нафарро ба унвони номзади феҳристи ҳизбӣ дар интихоботи порлумонии ин кишвар пешниҳод кардааст.
Дар ин феҳрист, ки дар Анҷумани ҲИИТ дар рӯзи шанбеи 13 декабр тасвиб шуд, дар канори Олим Бобоев, раиси ҳизб 4 марду 1 зан шомил шудаанд.
Маҳмадшариф Нозимов, муъовини раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ гуфт, ки мумкин аст чанд намояндаи дигари ин ҳизб аз тариқи ҳавзаҳои якмандатӣ дар интихоботи порлумонӣ ширкат кунанд.
Зимнан, дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар соли 2010 се номзади ин ҳизб аз тариқи феҳристи ҳизбӣ ва 5 нафари дигар тавассути ҳавзаҳои якмандатӣ ширкат карда ва ду курсиро дар порлумон ба даст оварда буданд.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ дар соли 2005 таъсис шуда ва Олим Бобоев, раиси ҳизб дар интихоботҳои солҳои 2006 ва 2013-и раёсати ҷумҳурӣ ширкат карда ва ноком шуда буд.
Ҳамчунин, Ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон бо баргузории анҷуман феҳристи 6 нафарии ҳизбиро барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ тасвиб кардааст.
Пас аз мухолифатҳои дохилӣ ҲСТ ба ду шохаи таҳти раҳбарии Мирҳусайн Назриев ва Абдуҳалим Ғаффоров тақсим шуда ва Вазорати адлияи Тоҷикистон ҷиноҳи оқои Ғаффоровро ба унвони ҳизби расмӣ сабти ном карда буд.
Маъмулан аҳзоби ислоҳоти иқтисодӣ, агарарӣ, сусиёлист ва демукрот дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон чандон фаъол набуда ва танҳо дар остонаи интихоботҳои порлумонию раёсати ҷумҳурӣ "аз хоб бедор мешаванд."
Ҳизби ҳокими халқи демукрот низ дар анҷумани худ раису муъовинонро интихоб ва 28 нафарро ба феҳристи ҳизбӣ барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ ворид кардааст.
Дар назар аст, дар ҳафтаи ҷорӣ аҳзоби наҳзати исломӣ, сусиёл-демукрот, агарарӣ ё кишоварзӣ ва демукрот анҷуманҳои қаблазинтихоботии худро баргузор кунанд.
Анҷумани мушобеҳи Ҳизби кумунисти Тоҷикистон рӯзи 27 декабри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.
Таърихи баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷолиси маҳалии Тоҷикистон 1 марти соли ояндаи таъйин шудааст.
