Раиси порлумон ба ҳайси номзад ба интихобот меравад

  • 31 Декабр, 2014
ЗуҳуровImage copyrightBBC World Service
Image caption Номзадии Шукурҷон Зуҳуров ба интихоботи порлумонии соли оянда пешниҳод шуд

Шукурҷон Зуҳуров ба унвони номзад аз Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон дар интихоботи порлумонии соли оянда ширкат хоҳад кард.

Бино ба иттилоъи Муҳаммадато Султонов, сухангӯйи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, рӯзи чоршанбеи 31 декабр, дар кунфаронси муштараки созмонҳои аввалияи Ҳизби ҳокими халқи демукрот дар навоҳии Рашт, Нуробод, Тавилдара ва Тоҷикобод аз номзадии ӯ дар интихоботи порлумонӣ бо аксари кулли оро пуштибонӣ шудааст.

Оқои Султонов гуфт, Шукурҷон Зуҳуров бо ибрози сипос аз ин пуштибонӣ гуфтааст, ӯ барои шукуфоӣ ва рушди Тоҷикистон хидмат хоҳад кард.

Зимнан, дар интихоботи порлумонии соли 2010 низ оқои Зуҳуров ба ҳайси номзади Ҳизби халқи демукрот дар ҳавзаи интихоботии шумораи 12-и Рашт ширкат карда буд.

Дар ин ҳавзаи интихоботӣ Давлат Усмон, раиси пешини Ситоди Иттиҳоди мухолифони давлати Тоҷикистон ва вазири собиқи рушди иқтисод ва тиҷорати кишвар бо Шукурҷон Зуҳуров рақобат карда, аммо ноком шуда буд.

Пас аз пирӯзӣ дар интихоботи порлумонӣ Шукурҷон Зуҳуров бо аксари кулли оро раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интихоб гардид.

Он замон бештари коршиносон ин интихобро “тақсими қудрат бо риояти манофеъи намояндагони маҳаллҳо” унвон карда буданд.

Зеро Сайдулло Хайруллоев, зодаи минтақаи Рашт низ ду навбат, дар интихоботи солҳои 2000 ва 2005 аз ин минтақа ба порлумон роҳ ёфта ва баъдан раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интихоб шуда буд.

Шукурҷон Зуҳуров 60-сола фориғуттаҳсили Донишкадаи заминсозии Маскав буда ва дар симатҳои вазири кору иштиғол ва руасои навоҳии Нурободу Панҷ фаъъолият кардааст.

Оқои Шукуров дар музокироти сулҳи тоҷикон низ ширкати фаъъол дошта ва дар музокироти сулҳи тоҷикон дар шаҳрҳои Маскав ва Теҳрон раёсати ҳайъати давлати Тоҷикистонро ба ӯҳда доштааст.

Матолиби муртабит