Шукурҷон Зуҳуров: “Баъзе қувваҳо мехоҳанд кишварро дубора ноором кунанд”
Image copyrightBBC World ServiceРаиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, дар шароити феълӣ бархе аз нерӯҳо талош доранд, “Тоҷикистонро ба вартаи нооромиҳо тела диҳанд.”
Шукурҷон Зуҳуров, ки рӯзи душанбеи 30 июн, дар иҷлоси порлумон аз фаъъолияти Маҷлиси намояндагон аз моҳи октябри соли гузашта то моҳи ҷорӣ гузориш медод, ба “вуҷуди нерӯҳои нооромкунандаи вазъияти Тоҷикистон” таъкид карда, аммо аз ташреҳи ин гуна нерӯҳои худдорӣ кард.
Аз сӯҳбати оқои Зуҳуров рӯшан нашуд, ки ин нерӯҳо дохилианд ё хориҷӣ ва аз кадом роҳҳо талош доранд, сулҳу субот дар ин кишварро халалдор кунанд.
Ҳамзамон, ӯ мардуми кишварро ба ҳушёрӣ даъват кард ва гуфт: “Ба ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва нерӯҳои солими кишвар, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ лозим аст, ки беш аз ҳарвақта ба хотири нигоҳ доштан ва боз ҳам таҳким бахшидани сулҳу ваҳдати миллӣ, якпорчагии марзу буми ватани воҳид ба бедории миллию ҳушёрии сиёсӣ самимона саъю талош намоянд.”
Ин барои аввалин бор нест, ки мақомоти Тоҷикистон аз таҳдидҳои эҳтимолӣ ба амният, суботи сиёсию оромии кишвар ҳушдор додаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми табрикии худ ба муносибати “Рӯзи ваҳдати миллӣ” дар рӯзи панҷшанбеи 27 июн аз аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳои ин кишвар хост, то “дар арзёбии масоили сиёсию иҷтимоъии ҷомеъа ба хотири ҳимоят аз истиқлоли давлатӣ, манфиъатҳои миллӣ, ҳифзи амният ва саботи сиёсию оромии ҷомеъа хеле эҳтиёткору бомулоҳиза" бошанд.
Аммо дар ин паём ба фаъъолиятҳои аҳзоби сиёсию созмонҳои ғайридавлатӣ, ки манофеъи миллӣ ва саботи сиёсию оромии ҷомеъаро хадшадор мекунад, ишорае нашудааст.
Ду ҳафтае қабл, Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ дар кунфоронсе дар бораи "Муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои муъосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ" бархе аз созмонҳои амниятии хориҷиро бо истифода аз гурӯҳҳои ҷинойӣ дар барҳам задани оромиш ва суботи ин кишвар муттаҳам кард.
Оқои Ятимов аз ҳеч кишваре мушаххасан ном набурда, вале гуфт, ки қудратҳои хориҷӣ "зери пӯшиши созмонҳои ғайридавлатӣ" фаъъолиятҳое анҷом медиҳанд, ки "ба амнияти кишвари мо латма мезанад."
Ин дар ҳолест, ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон аз боздошти пажӯҳишгаре дар вилояти Бадахшон ба занн ё гумони ҷосусӣ барои кишвари хориҷӣ хабар дода буд.
Александр Содиқов рӯзи душанбеи 16 июн пас аз анҷоми мусоҳибае бо Алим Шерзамонов, як фаъъоли сиёсии мухолифи давлат дар Бадахшон, боздошт шуд ва то кунун сарнавишташ маълум нест. Як рӯз пас аз боздошти ӯ Кумитаи давлатии амнияти миллӣ эълом кард, ки ӯ ба занни ҷосусӣ барои кишваре дигар аз сӯйи маъмурони амниятии Тоҷикистон боздошта шуда, ҳарчанд аз ин кишвар ном бурда намешавад.
Боздошти оқои Содиқов, пажӯҳишгари масоили сиёсӣ, ки унвонҷӯи Донишгоҳи Турунтуи Конодо буда ва барои Донишгоҳи Эксетери Бритониё ва ду донишгоҳи дигар як пружеи илмиро анҷом медод, ба интиқодоти густардаи байналмилалӣ доман задааст. Гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар бо интишори баёнияҳое хостори озодии фаврии ӯ шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар паёми табрикии худ ба муносибати "Рӯзи ваҳдати миллӣ" аз вуҷуди "душманони ваҳдат" дар ҷомеъаи Тоҷикистон ҳушдор додааст.
Вай гуфтааст, ки ин афрод "ба ҳар васила талош менамоянд, ки ваҳдатро барҳам бизананд ва ё ҳадди ақал, онро дар чашми мардум камарзиш нишон бидиҳанд."
Оқои Кабирӣ гуфтааст: "Имрӯз ин доираҳо муваффақ гаштаанд, ки аз нав дар ҷомеъа фазои мухолифат ва нобовариро эҷод намоянд. Қадам ба қадам ҷойи муколамаро тӯҳмату таҳқир ва ҷойи созишро фишору таҳдид гирифта истодааст."
Ба гуфтаи ӯ, танҳо талошҳои мақомоти кишвар, сабру таҳаммул ва азхудгузаштагии мардум ва нерӯҳои сиёсии масъулиятшинос боъиси ҳифзи сабот гаштааст.
