Дидори раиси порлумони Тоҷикистон бо Аҳмадзай ва Абдуллоҳ
Image copyrightBBC World ServiceРаиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳурии тозаинтихоби Афғонистон, масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва “дӯстии миёни ду кишвар”-ро баррасӣ кардааст.
Бино ба иттилоъи Муҳаммадато Султонов, сухангӯйи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, оқои Зуҳуров рӯзи душанбеи 29 сентябр дар дидор бо оқои Аҳмадзай дар Кобул ба тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иҷрои мувофиқатномаҳо миёни Тоҷикистону Афғонистон дар ин замина таъкид кардааст.
Ӯ гуфтааст: "Бунёди хаттҳои роҳи оҳану интиқоли нерӯи барқ, сохтмони корхонаҳои муштараки тавлиди семент, таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва як барномаҳои дигари иқтисодӣ бояд ҳарчи зудтар мавриди иҷро қарор гиранд."
Ҷониби Тоҷикистон алоқамандии худро ба иҷрои тарҳҳои тиҷорати минтақаии нерӯи барқ бо Афғонистон ва пайдо кардани манобеъи сармоягузории ин тарҳҳо иброз дошта ва гуфтааст, ки ин тадбир ба беҳбуди сатҳи зиндагии милюнҳо тан аз сокинони минтақа мусоиъдат хоҳад кард.
Ҳамчунин, Шукурҷон Зуҳуров хостори густариши ҳамкориҳои байнипорлумонии Тоҷикистону Афғонистон шуда ва гуфтааст, дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Луи Ҷирга (порлумон)-и Афғонистон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ фаъъол буда ва ин ниҳод бояд барои тавсеъаи ҳамкориҳо ҷиддан талош кунад.
Оқои Аҳмадзай ба навбаи худ аз пуштибонии Тоҷикистон аз мавзеъи Афғонистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва мусоъидати ин кишвар ба таъмини амнияту сабот ва талошҳо барои бозсозии Афғонистон баъд аз ҷанг ибрози сипос кардааст.
Раиси ҷумҳурии мунтахаби Афғонистон ҳамкориҳо дар бахшҳои тронзиту таробарӣ, кишоварзӣ, обу энержӣ, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои муштараки обӣ ва эҷоди системи воҳиди энержиро аз самтҳои муҳим барои густариши аҳмкориҳои ҳарду кишвар унвон кардааст.
Ӯ дар фарҷоми дидораш бо оқои Зуҳуров, аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, даъват кардааст, ки дар фурсати муносиб аз Афғонистон боздид кунад.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ҳамчунин дар шаҳри Кобул бо Абдуллоҳи Абдуллоҳ, номзади рақиби оқои Аҳмадзай, ки ба унвони раиси иҷроии Афғонистон муъаррифӣ шуда, дидор кардааст.
Оқои Абдуллоҳ Тоҷикистонро як кишвари бо Афғонистон дӯст унвон карда ва гуфтааст: "Тоҷикистон ягона кишвар аст, ки ҳамеша дар лаҳзаҳои вазнину душвор дар паҳлӯи мардуми Афғонистон буд. Мо инро пос медорем ва ҳеч гоҳ фаромӯш намекунем."
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар раъси ҳайъати давлати ин кишвар дар маросими адои савганди раиси ҷумҳурии Афғонистон дар шаҳри Кобул ширкат дошт.
Рӯзи душанбеи 29 сентябр, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳурии тозаинтихоби Афғонистон дар маросими бошукӯҳе бо ширкати меҳмонони воломақоми хориҷӣ савганд ёд кард.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ирсоли ду барқияи ҷудогона Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва Абдуллоҳи Абдуллоҳро, ки яке раиси ҷумҳурӣ ва дигар раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон муъаррифӣ шуданд, шодбош гуфта буд.
Оқои Раҳмон дар ин барқияҳо аз дастёбии тарафҳо ба таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ истиқбол карда ва гуфтааст: "Орзумандам ин давлати ваҳдати миллӣ бо талошу тадбир ва садоқату ҳадафмандии муштараки Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва Абдуллоҳи Абдуллоҳ кишвари Афғонистонро дар шоҳроҳи сабот, созандагӣ, пешрафт, иттиҳод ва ваҳдати шикастнопазири мардум муттаҳидона ва масъулона пеш барад."
Дар даври дувуми интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон дар баҳори соли ҷорӣ Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай бо ҳам рақобат карда ва ҳар кадоме худро пирӯзи интихобот эълом карда буданд.
Интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон ба далели иддиъоҳои мабнӣ бар тақаллубҳои густарда ҷанҷолӣ шуд ва эъломи натоиҷи он моҳҳо ба дарозо кашид.
Аммо саранҷом натоиҷи интихобот пас аз тавофуқи сиёсии ду номзад рӯзи якшанбеи 21 сентябр эълом шуд. Субҳи ҳамон рӯз низ мувофиқатномаи ташкили давлати ваҳдати миллӣ байни ду номзад имзо шуд.
Кумисиюни мустақилли интихоботи Афғонистон бидуни эъломи омору арқоме Ашраф Ғанӣ Аҳмадзайро раиси ҷумҳурӣ ва Абдуллоҳи Абдуллоҳро раиси иҷроии давлати ҷадиди Афғонистон эълом кард.
Бар асоси тавофуқи сиёсии байни ду номзад дар бораи ташкили "давлати ваҳдати миллӣ" қудрат байни ду номзад ба сурати мусовӣ тақсим шуд.
