Сафари ҳайъати Тоҷикистон ба Кобул
Image copyrightBBC World ServiceҲайъати давлати Тоҷикистон ба раҳбарии Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумони ин кишвар, ба манзури ширкат дар маросими адои савганди раиси ҷумҳурии Афғонистон ба шаҳри Кобул рафт.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ба ин ҳайъат Хайрулло Асозода, вазири нақлиёт ва Низомиддин Зоҳидӣ, муъовини вазири хориҷаи ин кишвар шомил ҳастанд.
Дар назар аст, рӯзи душанбеи 29 сентябр, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳурии тозаинтихоби Афғонистон дар як маросими бошукӯҳе бо ширкати меҳмонони воломақоми хориҷӣ савганд ёд кунад.
Оқои Аҳмадзай дар ин мақом ҷойнишини Ҳомид Карзай хоҳад шуд, ки аз замони суқути режими Толибон дар Афғонистон дар соли 2001 зимоми қудратро дар ин кишвар дар даст дошт.
Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ирсоли ду барқияи ҷудогона Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва Абдулло Абдулло, раиси ҷумҳурӣ ва раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистонро шодбош гуфта буд.
Оқои Раҳмон дар ин барқияҳо аз дастёбии тарафҳо ба таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ истиқбол карда ва гуфтааст: “Орзумандам ин давлати ваҳдати миллӣ бо талошу тадбир ва садоқату ҳадафмандии муштараки Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва Абдулло Абдулло кишвари Афғонистонро дар шоҳроҳи субот, созандагӣ, пешрафт, иттиҳод ва ваҳдати шикастнопазири мардум муттаҳидона ва масъулона пеш барад.”
Дар даври дуюми интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар баҳори соли ҷорӣ Абдулло Абдулло ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай бо ҳам рақобат карда ва ҳар кадоме худро дар ин интихобот пирӯз эълом карда буд.
Интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ба далели иддаъоҳои тақаллубҳои густарда, ҷанҷолӣ шуд ва моҳҳо ба дарозо кашид.
Аммо саранҷом натоиҷи интихобот пас аз тавофуқи сиёсии ду номзад рӯзи якшанбеи 21 сентябр эълом шуд. Субҳи ҳамон рӯз низ мувофиқатномаи ташкили давлати ваҳдати миллӣ байни ду номзад имзо шуд.
Кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон Ашрафғанӣ Аҳмадзайро раиси ҷумҳурӣ ва Абдуллоҳи Абдуллоҳро раиси иҷроии давлати ҷадиди Афғонистон эълом кард.
Бар асоси тавофуқи сиёсии байни ду номзад барои ҳалли буҳрони интихобот яке аз номзадони раиси ҷумҳурӣ ва номзади дигари раиси иҷроӣ шуд ва натоиҷи интихобот бидуни омору рақам эълом шуд. Ҳамчунон ба асоси мувофиқатномаи "давлати ваҳдати миллӣ" қудрат байни ҳар ду номзад ба сурати мусовӣ тақсим шуд.
