Мухолифон интихоботи Ӯзбакистонро “Интихоботи арӯсакҳо” хондаанд
Image copyrightAPАҳзобу ҷунбишҳои мухолифи давлати Ӯзбакистон интихоботи порлумонӣ дар ин кишварро “ интихоботи арӯсакҳо ё дастнишондаҳо” арзёбӣ кардаанд.
Аз ҷумла, Ҷунбиши мухолифи давлати “Халқ Ҳаракати” (Ҷунбиши Мардумӣ) зимни як баёния ин интихоботро ғайриозод ва ғайридемукротик хонда ва мардуми Ӯзбакистонро ба бойкот ё таҳрими он даъват кардааст.
Дар баёнияи ин ҷунбиш омадааст: “Дар зарфи 25 солу 6 моҳ мардуми ӯзбак дар вазъияти фавқулодда ба сар бурда ва дар ин муддат захоири моддию маънавии мардум дар остонаи фано қарор дорад. Дар ҷомеъа ҷаҳолат ва навмедӣ ҳукмрон буда ва дар чунин шароит баргузор кардани интихоботи озод ва демукротик ғайримумкин аст.”
Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо низ интихоботи порлумонӣ дар Ӯзбакистонро “ғайриозод ва бидуни рақиб” хонда ва теъдоди маҳдуди нозиронро ба Тошканд фиристодааст.
Интихобот ба Олӣ Маҷлис ё порлумони Ӯзбакистон рӯзи якшанбеи 21 декабр баргузор шуда ва бино ба иттилоъи Кумисиюни Марказии Интихоботи ин кишвар ҳудуди 90 дарсади воҷидони шароити раъй дар он ширкат кардаанд.
Дар интихоботи порлумонии Ӯзбакистон чор ҳизби сиёсии тарафдори давлати Либерол-демукрот, “Эҳёи миллӣ”, халқи демукрот ва “Адолат” ширкат кардаанд.
Аҳзоби мухолиф умдатан дар хориҷи кишвар фаъъолият карда ва аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум мондаанд.
Тибқи қавонини Ӯзбакистон дар муддати 6 моҳи пас аз интихоботи порлумонӣ бояд дар ин кишвар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ анҷом шавад.
Ислом Каримови 77-сола, раиси ҷумҳурии феълии Ӯзбакистон эълом доштааст, дар садад аст дар ин интихобот ширкат кунад.
