Вазорати дифоъи Тоҷикистон: Чархболҳои мо ҳеч парвозе анҷом надодаанд

  • 28 Ноябр, 2013
Чархболи Вазорати дифоъи Тоҷикистон
Image caption Мақомоти интизомии Узбакистон Тоҷикистонро банақзи ҳарими ҳавоии кишварашон муттаҳам кардаанд

Вазорати дифоъи Тоҷикистон хабарҳои мабнӣ бар вуруди як чархболи низомии ин ниҳод ба ҳарими ҳавоии Узбакистонро рад кард.

Тавре ки Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯфи вазорати дифоъи Тоҷикистон гуфт, рӯзи гузашта ҳеҷ як аз ҳавопаймоҳо ва чархболҳои нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар парвозҳои омӯзишӣ анҷом надодаанд.

Оқои Маҳмадалиев рӯзи панҷшанбеи 28 ноябр ба Би-би-сӣ гуфт: "Дар қаламрави воҳидҳои артиши Тоҷикистон дар сартосари кишвар дар канори фанновариҳои мухталифи низомӣ чархболҳо ва ҳавопаймоҳои низомӣ низ қарор доранд. Ин ҳавопаймоҳо ва чархболҳо тибқи нақша ҳар ҳафта парвозҳои омӯзишӣ анҷом медиҳанд."

"Аммо рӯзи 27 ноябри соли равон, ки гӯё як чархболи вазорати дифоъ дар Узбакистон мушоҳида шудааст, ҳеҷ як аз чархболҳои мо ҳатто парвозҳои омӯзишӣ ҳам анҷом надодаанд.”

Оқои Маҳмадалиев иддаъои мақомоти Узбакистон дар ин бораро бепоя хонд. Зимнан, вазорати хориҷаи Тоҷикистон низ мегӯяд, ки ҷониби Узбакистон дар ин бора ба Тоҷикистон ҳеҷ ёддошти эътирозӣ ирсол накардааст.

Бархе аз расонаҳои хабарии Узбакистон дар истинод ба масъулони ниҳодҳои интизомии он кишвар аз нақзи ҳарими ҳавоии ин кишвар тавассути як чархболи низомии Тоҷикистон гузориш додаанд.

Аз ҷумла хабаргузории "12uz" аз қавли як манбаъи интизомӣ навиштааст: "Рӯзи чаҳоршанбеи 27 ноябр як чархболи марбут ба нерӯҳои ҳавоии Тоҷикистон ба ҳарими ҳавоии Узбакистон дар минтақаи Қизил Мазори вилояти Ҷиззах ворид шуд ва ба ҷониби вилояти Сирдарё парвоз кард."

Дар идомаи ин хабар омадааст, ки ин чархболи Тоҷикистонро шоҳидони айнӣ дар фазои ноҳияи Бекободи вилояти Тошканд низ мушоҳида кардаанд.

Бархе аз коршиносони сиёсӣ мегӯянд, бо таваҷҷуҳ ба ин ки тайи солҳои ахир муносиботи Узбакистон бо Тоҷикистон сард аст, мақомоти ҳарду кишвар дар сутуҳи мухталиф якдигарро ба аъмоле душманона нисбат ба ҳам муттаҳам мекунанд.

Аз ҷумла дар солҳои гузашта ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Узбакистон аз чанд мавриди муҷозоти атбоъи тоҷику узбак ба иттиҳоми ҷосусӣ гузоришҳое пахш шуда буд.

Дар пойизи соли гузашта додгоҳе дар Узбакистон се зан аз ҷумлаи сокинони ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарёро ба иттиҳоми ҷосусӣ б нафъи Тоҷикистон барои муҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.

Мавориди боздошт ва зиндонӣ шудани чанде аз сокинони Тоҷикистон дар шимоли ин кишвар ба иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Узбакистон низ дар гузашта вуҷуд доштааст.

Аз сӯйи дигар, бисёре аз сокинони манотиқи ҳаммарз бо Узбакистон дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз номзадҳои интихобот хоста буданд, ки барои беҳбуд бахшидан ба муносиботи байни ду кишвари ҳамсоя талош кунанд.

Аммо бархе аз коршиносон мегӯянд, ки муносиботи тираи Тоҷикистону Узбакистон базудӣ беҳбуд нахоҳад ёфт, зеро сардии муносиботи онҳо бештар ношӣ аз равобити сарди раҳбарони ду кишвар, яъне Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов, аст.

Матолиби муртабит