Ташхиси ҷасаде дар Узбакистон бо дархости пайвандони Шамсиддинови нопадидшуда

Бахши вазорати кишвари Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар дод, ки пизишкони Узбакистон машғули ташхиси ҷасади номаълуме ҳастанд, ки дар қаламрави Узбакистон пайдо шудааст.
Ташхиси шахсият ё "ДНК"-и пизишкон дар он кишвар бо дархости пайвандони Салим Шамсиддинов, раиси нопадидшудаи ҷаъмияти узбактаборҳои вилояти Хатлон анҷом мегирад.
Масъулини бахши вазорати кишвар гуфтанд Садриддин Шамсиддинов, бародари Салим Шамсиддинов, чанде қабл барои мушаххас кардани ҳуввияти ин ҷасад ба Узбакистон рафта буд.
Ба гуфтаи онҳо пизишкони қонунии Узбакистон барои анҷом додани ташхис аз ҷасади пайдошуда ва пайкари Садриддин Шамсиддинов, бародари Салим Шамсиддинов мавводҳои лозимаро гирифтаанд ва ин ташхисро анҷом медиҳанд.
Бино ба итиллоъи бахши вазорати умури дохила, интизор меравад, ки рӯзҳои наздик аз Узбакистон барояшон дар мариди ҳуввияти ҷасади пайдошуда хабар диҳанд.
Ҷамшед Нозимов, як масъули ин ниҳод аз қавли бародари Салим Шамсиддинов ба Би-би-сӣ гуфт, ки оқои Шамсиддинов ба ин бовар аст, ки ҷасади пайдошуда бародари нопадидшудааш будааст.
Оқои Нозимов мегӯяд: "Бо бародари вай баъди бозгашташ аз Узбакистон суҳбат кардам ва ӯ гуфт акси ҷасад ва либосҳое, ки ӯ дар тан доштааст ба Салим монанд будааст. Вале ҷониби Узбакистон бе ташхиси шахсият ё "ДНК" ин ҷасадро ба онҳо надодааст. Ин ҷасадро дар Узбакистон гурондаанд ва онҳо дар мазор дуъо карда ба Тоҷикистон омаданд ва интизори ташхис ҳастанд."
Аз сӯи дигар оқои Нозимов гуфт, ки ин ҷасад дар назди як қисми низомии Узбакистон пайдо шуда ва осори лату кӯб дар ин ҷасад мушоҳида нашудааст.
Вай афзуд: "Аз ҷониби Узбакистон гуфтаанд, ки ҷасад аз марзи Узбакситон бо Афғонистон пайдо шудааст, ки баъди ташхиси тиббӣ мушахасс шудааст, ки ин мард ҳудуди 15 рӯз хӯрок нахӯрда аз гуруснагӣ фавтидааст."
Дар мавриди пайдо шудани ҷасад аз Узбакистон, ки гуфта шуда буд ба Салим Шамсиддинов, раиси ҷаъмияти узбакҳои вилояти Хатлон шабоҳат дорад, 18 июли соли ҷорӣ гузориш шуда буд.
Аммо пайвандони Салим Шамсиддинов барои дидани ин ҷасад замоне ба Узбакистон рафтаанд, ки масъулон дар он сӯйи марз ин ҷасадро аз сардхона берун карда ба қабристон бурдаанд.
Хайриниссо Ярова, хоҳари оқои Шамсиддинов дар суҳбат ба Би-би-сӣ гуфт, ки сабаби дер рафтани онҳо ба Узбакистон набуди маблағ барои ҳазинаи сафар будааст.
Хонуми Ярова афзуд, агар ин ҷасад бародари ӯ бошад, онҳо маҷбуранд барои интиқоли ӯ аз он кишвар аз бахши вазорати кишвари Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дархости кумаки молӣ кунанд.
Салим Шамсиддинов субҳи зуди яке аз рӯзҳои моҳи марти соли ҷорӣ аз пеши хонааш нопадид шудааст. Масъулони бахши вазорати умури дохила дар ҷануби Тоҷикистон аз моҳи марти соли ҷорӣ машғули ҷустуҷӯйи оқои Шамсиддинов будаанд.
Дар гузашта Салим Шамсиддинов як бор мавриди лату кӯби афроде қарор гирифт ва баъди як ҳафта ошхонае, ки маҳалли кории ӯ буд дар натиҷаи оташсӯзӣ қисман хароб шуд. Он замон масъулони бахши вазорати кишвар дар вилояти Хатлон омилони лату кӯби Салим Шамсиддиновро пайдо накарда буданд. Ӯ дар яке аз мусоҳибаҳои худ аз нақзи ҳуқуқи узбактаборон дар Тоҷикистон интиқод карда буд.
