Пайвандони Шамсиддинов барои шиносоии ҷасад ба Ӯзбакистон мераванд

  • 18 Июл, 2013
Анвар Таӯоймуродов
Image caption Анвар Тағоймуродов, раиси бахши вазорати кишвар дар Хатлон гуфт, ҷасади мавриди назар дар вилояти Сурхандарё, аз руди Амузанг пайдо шудааст

Бахши вазорати кишвари Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар дод, ки мақомоти Ӯзбакистон ҷасадеро пайдо кардаанд, ки ба Салим Шамсиддинов, раиси ҷамъияти узбактаборони вилояти Хатлон шабоҳат доштааст.

Пулиси Тоҷикистон бовар дорад, ки ин ҷасади Салим Шамсиддинов бошад.

Масъулони пулиси вилояти Хатлон дар ин бора дар нишасти хабарии рӯзи 17-уми июл дар шаҳри Қурғонтеппа хабар доданд.

Ҷамшед Нозимвом, як масъули ин ниҳод ба Би-би-сӣ гуфт, ки пайвандони Салим Шамсиддинов пӯшишеро, ки ҷасади пайдошуда ба бар доштааст, шиносоӣ карданд.

Анвар Тағоймуродов, раиси бахши вазорати кишвар дар вилоят ба суоли хабарнигори Би- би- сӣ гуфт, ҷасади мавриди назар дар вилояти Сурхандарё, аз руди Амузанг пайдо шудааст.

Аммо таъкид кард, ки ҳанӯз дақиқа нест, ки ин ҷасади Салим Шамсиддинов бошад, зеро худи ҷасад бояд аз сӯйи наздикони ӯ шиносоӣ шавад.

Хайриниссо Ярова, хоҳари Салим Шамсиддинов, ки аз моҳи марти соли ҷорӣ мафқудуласар шуда, дар суҳбати телефонӣ ба Би-би-сӣ зимни таъйиди ин хабар гуфт, ки бояд базудӣ ба Ӯзбакистон барои шиносоии шахсияти ин ҷасад сафар кунад.

Салим Шамсиддинов моҳи марти соли ҷорӣ субҳ аз пеши хонааш нопадид шуд.

Масъули бахши вазорати умури дохила дар ҷануби Тоҷикистон аз моҳи марти соли ҷорӣ машғули ҷустуҷӯйи оқои Шамсиддинов будаанд.

Дар гузашта Салим Шамсиддинов ду маротиба мавриди лату кӯб қарор гирифта буд.

Матолиби муртабит