Фарди мазнун дар қатли рӯҳонии узбак дар Истонбул боздошт шуд
Image copyrightBBC World ServiceПулиси шаҳри Истонбули Туркия як табаъаи Русияро ба иттиҳоми даст доштан дар қатли Абдулло Бухорӣ, як рӯҳонии маъруфи узбак, боздошт кардааст.
Ду рӯз қабл Абдулло Бухории 38-сола дар минтақаи Зайтунбурнии шаҳри Истонбул бар асари як сӯиқасд ҷон бохта буд.
Оқои Бухорӣ аз мухолифони режими Ислом Каримов дар Узбакистон буда, ахиран дар шаҳри Истонбул барои мусалмонони Осиёи Миёна як маркази таълимии исломӣ созмон дода буд.
Дар мавриди таъқиби Абдулло Бухорӣ дар Узбакистон ва пайгарди қонунӣ алайҳи ӯ иттилоъи мушаххасе дар даст нест, аммо пайвандони ин рӯҳонии узбак дар ин сӯиқасд ангушти иттиҳомро ба сӯйи кормандони Идораи амнияти миллии Узбакистон ишора рафтаанд.
Камолиддин Йӯлдош, як сокини Истонбул, ки бо Абдулло Бухорӣ ошноӣ дошта ва аз шогирдони маркази таълими динии ӯ маҳсуб мешуд, ба Би-би-сӣ гуфт, ки вақтҳои ахир афроди номаълум тавассути телефун ё имейл оқои Бухориро таҳдид карда буданд.
Аммо оқои Йӯлдош дар мавриди ин афрод ва иллати таҳдидҳои онҳо ибрози беиттилоъӣ карда ва гуфт, ки Абдулло Бухорӣ ин таҳдидҳоро нодида мегирифт.
Матбӯъоти Туркия ҳадс зада, ки мумкин аст дар ҳодисаи сӯиқасд ба ҷони Абдулло Бухорӣ ҷосусони Узбакистону Русия даст дошта бошанд.
Гуфта мешавад, оқои Бухорӣ дар мавъизаҳояш дар масоҷид ва тавассути интернет мусалмонон, бахусус сокинони Узбакистонро ошкоро ба ҷиҳод алайҳи режими Башор Асад дар Сурия даъват мекард.
Зимнан, Абдулло Бухорӣ бо як зани турк издивоҷ карда ва шаҳрвандии Туркияро дарёфт карда буд.
