Таъсиси марокизи раъйгирӣ дар хориҷи кишвар

  • 30 Декабр, 2014

Кумисиюни Марказии Интихобот ва Ҳамапурсӣ (КМИҲ) эълом кардааст, ки барои интихоботи порлумонӣ дар ин кишвар дар кишварҳои хориҷӣ 35 маркази раъйгирӣ ифтитоҳ хоҳад кард.

КМИҲ дар ҷаласаи худ дар рӯзи сешанбеи 30 декабр дар ин замина мусаваббаеро тасвиб кардааст.

Тибқи ин санад, дар назар аст дар Русия 3 марказ ва дар Афғонистон 4 маркази раъйгирӣ дарҳои худро ба рӯйи интихобкунандагони тоҷик дар хориҷи кишвар боз кунанд.

Ҳамчунин, дар 10 кишвари урупоӣ, Чин, Аморати Муттаҳидаи Араб, Кувайт ва кишварҳои Осиёи Марказӣ марокизи райъгирӣ барои интихоботи порлумон ифтитоҳ хоҳанд шуд.

Зимнан, дар пайи ислоҳи Қонуни “Интихоботи Маҷлиси олии Тоҷикистон” дар тобистони соли ҷорӣ танҳо намоядагиҳои диплумотики ин кишвар дар мамолики хориҷӣ ҳаққи ташкили марокизи раъйдиҳӣ барои интихоботро доранд.

Тибқи ин санади ҳуқуқӣ дар интихоботи порлумонии соли ояндаи Тоҷикистон дар Русия танҳо се маркази раъйдиҳӣ дар шаҳрҳои Маскав, Уфа ва Екатеринбург ифтитоҳ хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли гузашта теъдоди марокизи раъйдиҳӣ дар Русия 24 адад буд.

Интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷолиси маҳалии Тоҷикистон рӯзи 1 марти соли оянда баргузор шуда ва интихобот ба Маҷлиси миллӣ рӯзи 27 марти соли 2015 таъйин шудааст.