Интиқоди Шӯрои ҲНИТ аз афзоиши фишору таъқиб дар ҷараёни муборизоти интихоботӣ
Image copyrightBBC World ServiceШӯрои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз афзоиши фишору таъқиб ба аъзои ин ҳизб дар ҷараёни муборизоти интихоботӣ шадидан интиқод кардаст.
Дар ҷаласаи ин шӯро, ки рӯзи душанбеи 26 январ доир шуд, мавориди эҷоди маҳдудиятҳое аз сӯйи мақомоти давлатӣ ба бархе аз намояндагони ин ҳизб баррасӣ шудааст.
Дар иттилоъияе, ки масъулони ин ҳизб пахш кардаанд, омадааст: “Дар ин нишаст таъкид шуд, ки бештари ин фишорҳо шеваи фитнаангезӣ доранд ва танҳо ба хотири афзоиши рӯҳияи эътирозӣ ва барангехтани эҳсосот роҳандозӣ мешаванд.”
Дар иттилоъия омадааст, ки "пахши барномаҳо ва чопи мусоҳиботе бо афроди ғаразнок ва истифода аз онҳо алайҳи аъзои ҳизб дар остонаи интихоботи порлумонӣ баёнгари он аст, ки иддае аз мақомот дар ин кишвар сиёсати дугонаро пеша карданд."
Ширкаткунандагони ин нишаст ҳамчунин суханрониҳои иддае аз мақомот дар ин кишварро, аз ҷумла Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Тоҷикистон алайҳи ҳизбро мухолиф ба қонунгузории кишвар ва ахлоқу одоби исломӣ ва шаъну шарафи як пешвои мазҳабӣ хонданд.
Дар ин нишаст аз оқои Абдулқодирзода даъват шудааст, ки “аз эҷоди суйтафоҳум, бадгуӣ ва ҳарфҳои бедалел дар қиболи ҳизбу созмонҳои қонунӣ ва мусалмонон худдорӣ кунад ва ҷойгоҳ ва шаъну шарафи пешвои мазҳабии кишварро хадчадор насозад.”
Дар ҳамоиши Шӯрои ҲНИТ тасмим гирифта шуд, ки аз фаъъолиятҳои ғайриқонунии мақомот алайҳи ҳизб ва эҷоди мавонеъ дар ҷараёни муборизоти интихоботи порлумонӣ ба масъулони Кумисиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон шикоёт ироа шаванд. Аъзои ин шӯро тасмим гирифтанд, ки аз шикоят ба додгоҳ дар маврид қонуншиканиҳо ва фишору таъқиб ба аъзои ҲНИТ барои муддате худдорӣ кунанд.
Ин дар ҳолест, ки аъзои Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд имрӯз бо пахши иттилоъияе хостори хотима додан ба таъқибу фишори онҳо аз сӯйи кормандони интизомӣ дар ин ноҳия шудаанд.
Намояндагони ҳизб дар ин ноҳия бо ироаи номаи саргушодае унвонии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, Додситони кулл ва раиси порлумони ин кишвар аз афзоиши таъқиб ва фишор ба аъзои ин ҳизб дар давраи муборизоти интихоботӣ хабар додаанд.
Дар ин изҳорот аз Эмомалӣ Раҳмон ва додситони кулл дархост мешавад, ки “ба хотири хотима бахшидан ба қонуншиканиҳо алайҳи аъзои ҳизби онҳо чораҳои мушаххас биандешанд.”
Аъзои ин ҳизб мегӯянд, ҳарчанд дар гузашта низ бисёре аз онҳо таҳти фишори мақомоти маҳаллӣ ва ё кормандони интизомӣ қарор мегирифтанд, аммо акнун, дар Тоҷикистон муборизоти интихоботӣ оғоз ёфта ва ин маворид ба маротиб афзоиш ёфтааст.
Дар изҳороти аъзои ҲНИТ дар шимоли кишвар унвонии Президент Раҳмон гуфта шуда, ки иддае аз аъзои ин ҳизб аз сӯйи кормандони интизомии ноҳияи Ашт боздошт ва лату куб шудаанд.
Дар нома мехонем: “Кор то ҷое расидааст, ки бо баҳонахои сохта ва беасос баъзе аз фаъъолони бахши ҲНИТ-ро ба идораи амнияти ноҳия даъват намуда онҷо латукуб (шиканҷа) мекунанд ва ҳатто парвандаҳои беасос тартиб дода ба муддати чанд шабонаруз ҳабс мекунанд.”
Бархе аз аъзои ин ҳизб аз сӯйи кормандони пулис ва амният ба дафотири бахшҳои ин ниҳодҳо дар ноҳияи Ашт даъват шуда ва бо онҳо бархурди хашин мешавад ва дар бештари маворид кормандони интизомӣ ба онҳо "машварати" баромадан аз узвияти ҲНИТ-ро медодаанд.
Ин изҳорот аз номи беш аз як ҳазору 500 нафар аъзои ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт ироа шуда ва дар он аз таъқибу фишори пайвандони аъзои ҳизб низ ибрози нигаронӣ шудааст.
Аз ҷумла гуфта мешавад, ки бархе аз волидон, хоҳару бародарони аъзои ҲНИТ, ки ба ҳизб мансуб нестанд тавассути телефон таҳдид шуда ва ҳушдор мегиранд, ки узвияти яке аз пайвандонаш дар ин ҳизб барои онҳо хатар эҷод мекардааст.
Аъзои ҲНИТ дар ноҳияи Ашт аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки чунин "бархӯрдҳои носолим, беинсофона ва аксаран ғайриқонунии мақомоти давлатӣ" бо сокинон ба амнияту суботи ҷомеаи кишвар хатар доштааст.
Аз сӯйи дигар аъзои ин ҳизб мегӯянд, ки дар аксари шумораҳои ҳафтаномаи расмии давлатӣ зери унвони “Шӯҳрати Ашт” матолиби "муғризона ва тафриқомез"-е алайҳи ҲНИТ пахш мешаванд.
Дар ҳамин ҳол кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар мавриди даст задани кормандони ин ниҳод ба таъқибу фишори аъзои ҲНИТ дар вилояти Суғд изҳори беиттилоъоӣ кардаанд.
